Тадбири модару исёни келин
Холаи Хадича чун дид, ки келинаш рўз аз рўз нисбати ў беэҳтиромтар мешавад, аз писараш хоҳиш кард, то барояш хонаи алоҳидае харад. Ин тасмими модар писарро ҳайрон кард, вале зани бечора боз фарзандашро фиребида, гуфт:
- Бачам, пир шудам ё бемор, ки ғавғои кўдакон ба гўшам намефорад. Беҳтараш дар ҳамин наздикии ҳавлият бароям ягон хонаи якҳуҷрагӣ ёб, кай хоҳам, омада шуморо хабар гирифта меравам.
Писараш аввал пофишорӣ кард, ки мардум чӣ мегўянду ё ҳамсарам шуморо хафа кардааст? Вале кампир лаб ба шикоят накушод, баръакс “забони ғару дузд дароз” гуфтагӣ барин, келин исён бардошт, ки модари шумо ба тоқагӣ одат кардагию аз набераҳояш мегурезад.
Ҳамин дам писар чизеро фаҳмидагӣ барин, сўи занаш нигоҳи тезе андохта, дод зад:
- Модари ман барои ту бачабону хизматгор не!
Ҳамин тавр, холаи Хадича аз бинои нуҳошёнаи дар шафати ҳавлии писараш воқеъбуда соҳиби чорҳуҷрагии муҷаҳҳазе шуд. Акнун хола фақат ҳангоми дар хона будани писараш ба ҳавлии ў мерафт, вале набераҳои ширинашро зуд-зуд ба меҳмонӣ меовард. Писараш низ зуд-зуд ба хонаи модар меомад, бо ў маслиҳату машварат меорост, вале оҳиста-оҳиста қадами писар аз хонаи модар канда шуд, онҳо дар як қадам раҳ моҳҳо якдигарро намедиданду бо суҳбати кўтоҳи телефонӣ иктифо мекарданд…
Нони қоқ надорем!
Акнун модар аз карда пушаймон аст, намедонад ба меҳри писараш чашми бади кӣ расида бошад. Холаи Хадича мегўяд, ки ба муллову фолбин ихлос надорад, аз ин рў, мехоҳад мушкили оилавии ў расонаӣ шавад, чунки ин зани умрҳо ба таълиму тарбия машғул ба неруи сухан боварӣ дорад.
- Ба сари ман ҳатто фикри ба рўзноманигорон муроҷиат кардан набуд, вале аз як рафтори ғайриинсонии келинам зиёд хашмин шудам. Чанд бор мошини писарамро пушти дарвозааш дида, озорро аз дилам ронда, пушти дараш омадам, занги дарвозаи нақшинашро зер кардам, аз он тараф овози келинам баланд шуд, ки ба хизматгораш фармон медод, ки “дарвозаро накушо, аз ҳамин нони қоқ талабҳо ба ҷон омадем. Нони қоқ нест!”. Ҳол он ки дар девори назди дарвозааш дастгоҳи сабткунӣ васл карда шудаасту маро дидаю дониста чунин таҳқир кард,- бо ашки шашқатор мегўяд холаи Хадича.
Ҳалли мушкил
Аз рўйи гуфти модар, имрўз низ бо писараш кам дидор мебинад. Бисёр мехостам номи келину писарашро нависам, вале ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нашуд. Аммо гумони ғолиб он аст, ки дарди холаи Хадича хеле кўҳна шудааст, зеро ў аз рўзҳои аввали афтодани «ниқоб»-и келин бояд пеши роҳи ўро мегирифту рафтори ношоистаи келинро ба писараш нақл мекард.
Шояд маводи омоданамудаи мо як таконе шавад ба келини холаи Хадичаю писараш ва амсоли эшон, ҳарчанд мегўянд, ки дард кўҳна шуд, давояш низ мушкил мегардад...
ДИЛОШӮБ