Салом ба кулли хонандагони сомонаи Oila.tj! Ман як духтари 20-сола, аз шаҳри Душанбе. Баъди хатми мактаб хостам дар ягон донишгоҳи олии кишвар дохил шуда, маълумоти олӣ гирам. Ба ин бародаронам зид буданд.
Аз муқобилияти бародарон хеле рӯҳафтода шуда, рӯзе дар хона гирякунон менишастам. Дар шабакаи “Инстаграм” як ҷавон навишту ман ҳам аз зиқӣ ба ӯ ҷавоб додам. Ҳамин гуна, ӯ маро дилбардорӣ карду ба ӯ оҳиста-оҳиста меҳр бастам. Ӯ рӯзе маро ба вохӯрӣ даъват кард. Чун ман ҳам инро интизор будам, зуд пешниҳодашро қабул кардам. Вақте бо ӯ вохӯрдем, ман дар аввалин дидор ӯро оғӯш карда, худро амн ҳис кардам. Гумон кардам ин оғӯш пушту паноҳам мешавад, аммо...
Ду сол бо ҳам муносибат доштем ва ҳатто ӯ ҳангоми дар хона танҳо буданам ба назди ман меомад. Мо муносибати хеле наздик доштем. Рӯзе падару модарам моро дар хона диданду маро сахт заданд. Ҷавон бошад, ваъда дод, ки ба занӣ мегирад. Бо падару модарам ҷанг карда, гуфтам, ки ман 18-сола шудаам ва ҳақи интихоби ҳамсар дорам. Падарам аз ин гапҳои ман сахт ранҷиду гуфт, ки кош ту ба дунё намеомадиву мо ин гапҳоро намешунидем!
Баъди ин ҳодиса хоҳиш мекардам, ки ҷавон падару модарашро ба хонаи мо ба хосторӣ равон кунад. Аммо ӯ бо ҳар баҳона рад мекард. Оҳиста-оҳиста ӯ аз ман дур шуду дигар ба зангҳову СМС-ҳоям ҷавоб намедодагӣ шуд. Баъдан, рӯзе фаҳмидам, ки ӯ дигар духтарро ба занӣ гирифтааст. Аз ин корҳои кардаи худ сахт пушаймон гаштам. Ҳарчанд аз падарам бахшиш пурсидам, вале дили ӯ сахт аз ман ранҷидааст.
Ба духтарон тавсия медиҳам, ки аз пушти ҳар ҷавон ба падару модар гапгардонӣ накунанду онҳоро наранҷонанд.
Т. Л.