10-сол боз оиладорам. Хусуру хушдоманам одамони баобрӯ ҳастанд, хурду калон онҳоро ҳурмату эҳтиром мекунанд.
Шавҳарам низ чандон бачаи бад набуд. Мо ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем. Солҳои аввали зиндагиамон шавҳарам маро рӯйи даст бардошта мегашт. Ҳамсояҳо, хешу табор ва тамоми шиносҳоямон ба ишқу муҳаббати мо ҳасад мебурданд, вале рафта-рафта муносибати шавҳарам бо ман сард шудан гирифт. Сабаби дилхунук шудани ҳамсарам бор наовардани нахли умрамон аст. Дар тӯли ин солҳо ба куҷоҳое, ки нарафтем, аммо бо ин ҳама такудав Худованд ба мо фарзанд надод. Табибон айбро дар шавҳарам мебинанд, вале ӯ гуноҳи худашро ба зимма нагирифта, санги маломатро доим ба сари ман мезанад, ки ба ӯ писар назоидам.
Муносибатҳоямон хоса ду соли охир бениҳоят тезу тунд гаштаанд. Эҳсос мекунам, ки шавҳарам ба ман нафрат дорад ва маро ҳатто дидан намехоҳад. Ҳар гоҳ аз дари хона дароям, қошу қавоқ андохта, ягон гапи нешдор мезанад, то дили ман озор ёбад. Магар дар фарзанддор нашуданамон ман гунаҳкорам, ки шавҳарам маро ин қадар азоб медиҳад, охир Худо як порча гӯштро аз мо дареғ дорад, чӣ кор кунам? Ба хотири соҳиби фарзанд шудан мани солим доруи бисёре хӯрда, тамоми аъзои баданамро иллатӣ кардам. Сарамро ба сад дар задам, то ки шавҳарамро соҳиби писар ва дар байни дӯстонатон сарбаланд гардонам, аммо Худо нахост, чӣ кор кунам? Кадом зан намехоҳад, ки аз забони тифлакаш калимаи ширини “очаҷон”-ро шунавад? Ҳар як зан орзуи модар шуданро дорад, вале Худованд ба яке фарзанд медиҳаду ба дигаре не. Аз дасти банда коре намеояд, агар Худо дар пешонаам фарзандро нанавишта бошад.
Маликаи дидагирён, сокини ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе