Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист, бигӯ?
Он кас, ки гунаҳ накард, чун зист, бигӯ?
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас, фарқ миёни ману ту чист, бигӯ?
«Вақте Одами гунаҳкор мемирад, ба қаъри ҷаҳаннам афтида, ба азоби алим гирифтор мешавад. Муаккалони дӯзах бо гурзҳои гарони оташин ба сараш зада, сад бор ӯро мекушанд ва аз нав зинда карда, боз азият медиҳанд. Одами гунаҳкорро дар он дунё аз пояш сарозер овехта, дар оташи гулхани сӯзони ҷаҳаннам мисли гӯсфанд бирён мекунанд…»
Имрӯз аксари мубаллиғони дини ислом тақрибан бо ҳамин шева дар бораи зиндагии баъди марг сухан ронда, мехоҳанд ба ҳамин васила мардумро ба худошиносию худопарастӣ даъват намоянд. Пас аз шунидани ин суханони даҳшатнок дар дили кас эҳсоси бузурги тарсу ҳарос лона мегузорад. Тарс аз вохӯрӣ бо Худо, ки моро офаридааст ва азобу уқубатҳои ҷонгудозе, ки Ӯ барои одами гунаҳкор тайёр кардааст? Ҳадаф аз ин қадар пурдаҳшат ҷилва додани зиндагии баъди марг ва азобу уқубати он дунё он аст, ки инсон ҳамеша бо ёди Худованд ва рӯзи ҷазо бошад ва аз гуноҳу хато дурӣ биҷӯяд, аммо…
Дар дунё одаме нест, ки дар умраш ягон гуноҳ ё хато накарда бошад, ҳатто паёмбарон, ки баргузидагони Офаридгор буданд, баъзан хато мекарданд. Сабаб: Одамизод аз рӯзе, ки арзи ҳастӣ намуд, мувоҷеҳи хато ва гуноҳ буд. Одам, агар гуноҳ намекард, аз биҳишт ронда намешуд. Мо, ки аз насли ҳамон Одам ва Ҳаво ҳастем, хоҳ-нохоҳ гуноҳ мекунем. Мантиқан, агар аз ин дарича ба масъалаи гуноҳ ва ҷазо бингарем, пас ҳамаи моро бояд рост ба дӯзах бубаранд ва аз пойҳоямон сарозер овехта, азобу уқубат намоянд, аммо Худо ба он дараҷае бераҳму шафқат нест, ки ин мубаллиғон мегӯянд.
Худованд меҳрубон аст ва гуноҳи бандагонашро мебахшад, агар чунин намебуд, ба Одам ва Ҳаво, ки гуноҳи азим карда буданд, бар ивази биҳишт ин замини бекаронро бо ҳама мавҷудот ва нозу неъматҳояш намебахшид.
Муҳаббати бузурги Худованд нисбат ба одамизод дар тамоми китобҳои осмонӣ дарҷ гаштааст, аммо намедонам аз чӣ бошад, ки ба ин тарафи масъала мубаллиғон камтар диққат дода, бештар дар бораи ҷазо ва ғазаби худо ҳарф мезананд. Ҳадаф бо ҳамин восита меҳри худоро дар дили мардум ҷой кардан бошад, ин роҳ ғалат аст. Вақте ки инсон аз тарси оташи сӯзони ҷаҳаннам намоз мехонад, ибодати ӯ самимӣ набуда, танҳо ба хотири наҷоти худ аст. Худоро аз рӯйи муҳаббат ва садоқат бояд парастиш кард, на аз сари тарс ё ба хотири баҳравар гаштан аз нозу неъматҳои биҳишт. Агар ба хотири раҳоӣ аз оташи ҷаҳаннам ва баҳравар гаштан аз неъматҳои ҷаннат худоро дӯст медоред ва ибодат мекунед, ин шева ба муносибати бозоргонии муосир мемонад: ту ба ман-ман ба ту!
Муҳаббат ва ибодате, ки ба хотири манфиат дидан аст, муҳаббати асил нест, зеро вақте манфиат дар миён аст, барои садоқат ҷой камтар мемонад.
Ривоятеро шунида будам, ки Робия дар як даст оташ ва дар дасти дигар об дошт ва мегуфт, кош метавонистам биравам оташ дар биҳишт андохта об ба дӯзах бипошам, то ки мардум дигар худоро аз тарси ҷаҳанннам ё ба хотири ҷаннат парастиш накунанд.
Дар ҳақиқат Худоро на аз тарси оташи сӯзони ҷаннам, балки барои он бояд дӯст дошт, ки моро бо чунин сурат ва сирати зебо офарида, нафаси худро бар мо дамида, ҳаёт бахшидааст.
Табармусулмонӣ бас аст! Вақти он расидааст, ки ба ҷойи ин қадар аз оташи дӯзаху рӯзи ҷазо ҳарф задан, мубаллиғон дар бораи муҳаббати бузурги худованд нисбат ба инсон, ки тоҷи тамоми офариниш ба шумор меравад, ҳарф зада, дар дили мардум меҳру муҳаббати асилро нисбат ба офаридгор ҷой ва ба муҳаббати илоҳӣ умедвор созанд, зеро одамизод танҳо бо умед зинда аст. Вақте инсон касеро содиқона дӯст медорад, бо тамоми ҳастӣ кӯшиш хоҳад кард, ки хотири ӯро бо ягон рафтор ё сухани ноҷои худ наозорад. Дар муносибат бо худо низ айнан чунин аст. Вақте ки дар дили инсон ишқи худо шуъла мезанад, на парвои дӯзах дорад ва на парвои ҷаннат, вай Худоро ҳамчун офаридгор парастиш намуда, аз гуноҳ ва хато дурӣ хоҳад ҷуст, то Худованди худро озурда насозад!