Модари чор фарзанд ҳастам. Ҳамаи кӯдаконамро бо тавсияи модараму хушдоманам то ду солагӣ шири сина додаам.
Хушдоманам ҳамеша таъкид мекард, ки ҳеҷ гоҳ кӯдакатро гурӯсна намон, ҳар вақте мехоҳад, шири сина деҳ, зеро маводҳои лозимиро танҳо аз шири модар гиирфта метавонанд. Бар замми ин маро низ огоҳ карда меистоданд, ки хӯрокҳои серғизо истеъмол намояму ширам зиёд шавад. Бо тавсияи занҳои рӯзгордидаи ҳаётиам фарзандонамро солиму бардам калон кардам.Додани шири сина ҳам ба буҷаи оила ва ҳам ба фоидаи солимии фарзандони худ мебошад.
Ҳар қатраи шир доруи муфид аст
Шири сина барои кӯдак беҳтарин ғизо маҳсуб ёфта, танҳо ба кӯдак ғизо медиҳад, балки онро аз таъсири манфии омилҳои беруна муҳофизат мекунад. Таркиби ин моеи табии дорои ҳуҷайраҳои зинда, ферментҳо, ҳормонҳо, витамину микроэлементҳои зарурӣбуда, то шаш моҳ организми кӯдакро таъмин месозад.
Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳамеша таъкид мекунад, ки то шаш моҳагӣ кӯдаконро танҳо шири сина диҳед. Зеро истеъмоли он тифлро аз дарунравӣ, қайкунӣ, гирифитор шудан ба бемориҳои сироятӣ нигоҳ медорад. Ҳамчунин, хӯрдани шири сина пас аз гирифтани ваксина кӯдакро ором мекунад.
Хоби бароҳати кӯдак
Истеъмоли шири модар кӯдакро ором месозад. Ҳангоми макинад ҳормони окситатсин хориҷ шуда, организми кӯдакро бо хоби роҳат таъмин месозад.
Фоиданокии шири сина барои рушди узвҳои дарунӣ ва беруна саҳми босазое мегузорад. Таҷрибаҳои ҳаётӣ низ нишон додаанд, ки кӯдаконе, ки аз ин моеи табии истифода мебаранд, аз ҷиҳати фикрронӣ фарқ мекунанд.
Шири сина дандонбарориро осон мекунад
Аз рӯи назарияҳои илмӣ синамаконӣ на танҳо дар давоми шаш моҳи аввали ҳаёт муфид буда, балки ҳар қадар зиёд истеъмол намудани кӯдак аз шири сина, ба саломатиаш бештар таъсири мусбат мерасонад. Ҳуҷайраҳо, микроэлементҳо ва дигар маводҳои таркибион барои баровардани дандони кӯдактаъсири мусбат мерасонад. Синамаконии мунтазам оризаҳое, аз қабилӣ, дарунравӣ, ҳарорати баланди бадан, инқикӣ, ки дар давраи дандонбарорӣ кӯдакро азият медиҳад, то андозае бартараф менамояд.
Ҳимояи шири модар масъулияти ҳар як фард
Бо назардошти муҳим будани масъалаи синамаконӣ, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо аз 1 то 10уми август Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳиии табии кӯдакон гузаронида мешавад. Имсол таҳти шиори “Ҳимояи шири модар масъулияти ҳар як фард” ин маърака дар кишвари мо баргузор мегардад. Соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакон Ҷеймс П, ғизодиҳӣ бо шири модарро “Револютсия барои кӯдакон” унвон карда, ғизонокии таркиби шири модар метавонад ҳаёти миллион нафар кӯдаконро наҷот диҳад.
Санавбар Раҳматуллоева, сармутахассис Шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидони Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон фоиданокии шири модарро дар муқоиса ба шир ва ғизоҳои сунъӣ баҳои баланд дода, афзудааст, ки ин моеъ ҳамеша барои истеъмол омода аст ва ҳеҷ гоҳ турш ва зарарнок намегардад.
Дар воқеъ шири модарро шираи ҷон мегӯянд, ки ин нуқтаро дар баробари табибони тоҷик, табибони тамоми ҷаҳон тасдиқ мекунанд.
Мақолаи мазкур бо дастгирии UNICEF Тоҷикистон омода гаштааст. Мақола дар асоси сиёсати редаксионии Медиа Холдинги "Оила" таҳия шуда, ҳатмӣ нест, ки мавқеи расмии UNICEF-ро инъикос намояд.