arzon replenishment
Ҳайкале, ки чашмони зинда дорад
16.03.2025
Oila.tj
421

Чашмони мафтункунандаи “Мирзои мисрӣ”, ки ҳар яки мо дар китоби Таърихи дунёи қадими синфи 5-6 дидаем, байни солҳои 2600 ва 2350-и пеш аз милод намунаи истисноии маҳорати ҳунармандони рассоми Мисри Қадим мебошад.

Ҳунармандони мисрӣ аз магнезити сафед бо шараёнҳои сурхтоб ва инчунин булӯри кӯҳии сайқалдодашуда гавҳараки чашмро чунон аҷоиб сохтаанд, ки таассуроти зинда будани онро ба миён овардааст.

Истифодаи оқилонаи пигменти аз паси булӯр гузошташуда ба чашмони ҳайкал амиқӣ, равшанӣ ва тавҳами неруи ҳаётӣ бахшида, бинанда гумон мекунад, ки ҳайкал зинда аст.

Айни замон, чун бештари бозёфтҳои Мисри Қадим, Бобул ва дигар маданиятҳои қадима, ин ҳайкали Мирзо низ дар Луври Париж маҳфуз буда, нишонае аз маҳорати баланди санъати Мисри Қадим дар офаридани руъёҳои оптикӣ ва қобилияти амиқи додани эҳсоси ҳақиқӣ мебошад, ки тӯли ҳазорсолаҳо бинандаро мафтуну ҷалб месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД