Ҷавонони тоҷик мусобиқаи футболро бо мусовӣ оғоз карданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар нахустин бозии худ дар мусобиқаи байналмилалии «Panda Cup-2026» бо тими Кореяи Ҷанубӣ мусовӣ кард.
Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид.
Мусобиқаи байналмилалии «Panda Cup International Youth Football Tournament Chengdu 2026» бо иштироки дастаҳои ҷавонон идома дорад.
Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа ду бозии дигар анҷом медиҳад,бо тими Чин 14 -уми ноябр ва Ветнам 17-уми ноябр рақобат хоҳанд кард.