Formula novemver 2024
Асрори ишқ ва зиндагии Раҷ Капур
1815

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Раҷ Капур.
Касб: Коргардон, продюсер, ҳунарпеша.
Санаи таваллуд: 14 12 1924.
Макони таваллуд: Пешавари Ҳиндустон.
Санаи марг: 02 06 1988.
Макони фавт: Деҳлӣ, Ҳиндустон.

Раҷ Капур дар сар то сари олам ҳамчун нобиға ва “Падари синамои Ҳинд”машҳур аст. Ин ҳунарманди асилро дар Аврупо нимшӯхию нимҷиддӣ “Чарли Чаплини ҳиндуҳо” меномиданд ва ҳатто ситораҳои кинои ҷаҳонӣ ба ҳунари беназири Раҷ Капур қоил буданд. Ӯ тамоми ҷоизаҳоеро, ки барои ҳунармандони театру кино пешбинӣ шудаанд, ба даст оварда буд ва ҳатто пас аз чандин соли маргаш низ ба номаш ҷоизаҳои олӣ супорида мешаванд.

“Рафиқ бродяга!”

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Раҷ Капурро ҳамчун “Товариш Бродяга” хурду калон хуб мешинохтанду дӯст медоштанд. Мухлисони русаш мошини Раҷ Капурро тӯли тамоми роҳ аз кинотеатри “Ударник” то меҳмонхона рӯйи даст бардошта бурданд. Сирри ин шуҳрат ва маҳбубияти беназири ин ҳунарманди асил одист. Раҷ Капур бо офаридани нақши одамони одӣ дар дили ҳазорон-ҳазор одамон умед ба рӯзи нек ва адолатро бедор карда буд.

Тавлиди ситора

Раҷ Капур 14 –уми декабри соли 1924 дар шаҳри Пешовари Ҳиндустон дар оилаи ҳунарпешаи намоёни театру кино Придхвираҷ Капур чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ Раҷ дар саҳнаи театри падараш нақш меофарид ва дар ин кор хело муваффақ ҳам буд, вале орзуи ӯ на театр, балки синамо буд.

Ба хотири омӯхтани нозукиҳои синамогарӣ Раҷ аз гирифтани маълумоти олӣ даст кашида, дар киностудияи “Бомбей-токиз” ба сифати ёрдамчии режиссёр ба кор даромад. Дар ин ҷо ӯ на танҳо нозукиҳои касби кинорежиссёриро омӯхт, балки забони техникаи синамогарии Ғарбро низ омӯхт.

Парвози шоҳин

Аввалин нақшашро дар синамо Раҷ Капур соли 1953 дар филми “Револютсия” дар синни 11 -солагӣ офаридааст, вале парвози қавиаш ҳамчун эҷодкор ба соли 1947 рост меояд. Ҳиндустон маҳз дар ҳамин сол истиқлолият ба даст овард ва масъалаи рушди синамои кишвар ба миён омад. Яке аз аввалин шахсоне, ки барои пешрафти кинои ҳинд саҳми арзанда гузошт, Раҷ Капур буд. Ин ҷавони хушзавқ ҳамчун коргардон филми нахустинашро бо унвони “Оташ” ба навор гирифта, барои синамои Ҳинд роҳи нав кушод. Дар он замонҳо филмҳо танҳо сиёҳу сафед ба навор гирифта мешуданд, вале ба ин нигоҳ накарда, Раҷ Капур тавонист нозукиҳои санъати синамогариро ба кор бурда, тамоми зебогиҳои сарзамини паҳновари Ҳинд ва муҳимтар аз ҳама покию самимияту дили бузурги ҳиндиро нишон диҳад.

«R.K. Films»-хишти тиллоии қасри кино

Пас аз як сол Раҷ Капур киностудияи шахсиашро бо номи «R.K. Films» ташкил кард. Вай он замон ҳамагӣ 26 сол дошт ва ҷавонтарин режиссёри ҳинд ба шумор мерафт.

Дар оғоз киностудияи Капур маблағи зиёде надошт, вале ин ҳолат дер давом накард. Диди нави режиссёри ҷавон ба зӯдӣ ба вай шуҳрат ва маблағи зиёде овард. Филмҳои Капур шоиронаву ошиқона ва бисёр самимӣ буданд. Ин коргардони ҷавону хушзавқ кӯшиш мекард, ки дар филмҳояш зиндагии душвори халқи қашшоқро тасвир намуда, камбудиҳои ҷомеаро рӯйи экран биёрад, аз ҳамин сабаб филмҳои Раҷ Капур ба зудӣ дар дили тамошобинони бешумор маъво мегирифтанд.

Ҳамболи шуҳрат

Раҷ Капурро дар нимаи аввали асри ХХ танҳо дар ватани худаш мухлисони синамо мешинохтанд, вале дар нимаи дуюми қарн мурғи шуҳрати ин коргардони ҷавон болу пари худро васеъ кушода, баландпарвоз гашт. Соли 1951 филми “Бродяга” рӯи навор омад ва Раҷ Капурро берун аз сарзамини Ҳинд низ маъруфу машҳур гардонд. Раҷ Капур дар филмҳои “Овора” ва “Ҷаноби 420” бо садои ширин, сурудҳои дилчасп ва самимияташ мардумро ба ваҷд оварда, ҳамчун беҳтарин ҳунарпешаи ҳинд дар тамоми ҷаҳон ном баровард.

Шоҳи синамо

Соли 1964 Раҷ Капур аввалин филми рангаро ба тамошобинон пешкаш кард, ки он “Сангам” ном дошт. Ин филм дар саросари олам инқилоб барпо кард. Одамон соатҳо дар назди кинотеатрҳо барои тамошои “Сангам” навбат меистоданд. Баъзе ошиқони шайдо ин филмро дар як рӯз чанд маротиба тамошо карда, ҳеҷ аз “Сангам” сер намешуданд. Ин филм шуҳрати Раҷ Капурро ҳамчун актёр ба авҷи аълояш расонд, вале...

“Сангам” охирин филмест, ки дар он Раҷ Капур нақши асосиро бозидааст. Пас аз ин вай ба кори режиссёрӣ дода шуда, тамоман аз баҳри актёрӣ баромад. Ба сифати коргардон Раҷ Капур зиёда аз 80 филмро ба навор гирифтааст. Дар байни офаридаҳои ӯ ягон филме нест, ки ба он эрод гирифта шавад. Раҷ Капур исбот намуд, ки на танҳо ҳамчун актёр, балки ҳамчун коргардон низ беназир ва дар ҳақиқат шоҳи синамои Ҳинд аст.

Марги шоҳона дар рӯйи саҳна

Соли 1988 дар як маросими тантанавӣ дар Ню Дели бояд худи Президенти Ҳиндустон ба Раҷ Капур ҳамчун беҳтарин синамогари миллӣ ҷоиза месупорид. Дар айни ҷӯшу хурӯши маросим ин ҳунарманди нотакрор якбора дар байни саҳна, дар пеши назари тамошобинони сершумор аз ҳуш рафта, мисли уқоби дар авҷи парвоз тирхӯрда ба замин афтид. Бо дидани ин манзара тамоми толор ба ҷунбиш омад. Намояндагони ҳукумат ва чеҳраҳои намоёни синамою фарҳанги кишвар дар болои сари Раҷ Капур ҷамъ шуда, кӯшиш мекарданд, ки ӯро ба худ биёранд, вале чашмони шоҳи синамо дигар боз намешуданд. Дар як дам беҳтарин табибон ҳозир шуда, пайи наҷоти Раҷ Капур камар бастанд ва ин ҳунарманди дар саросари дунё машҳурро ба бемористон бурданд, аммо...

Муборизаи табибон барои ҳаёти шоҳи синамои ҳинд расо як моҳ давом карда, билохира бо ғалабаи фариштаи марг анҷом ёфт. Пас аз як моҳи беморӣ дили ин ҳунарманди нотакрор аз тапидан бозмонд. Диққи нафас тавонист садои муъҷизанокеро хомӯш созад, ки тӯли 50 сол дармони дарди ҳазорон-ҳазор дилҳои ошиқи шайдо буд. Шоҳи синамои Ҳинд дар синни 63-солагӣ ин дунёи бевафоро падруд гуфт, вале офаридаҳои беназираш то ба имрӯз номи Раҷ Капурро зинда медоранд.

Падари меҳрубону ёри вафодор

Одатан мардони ҳунарманд булҳавас ва бевафо мешаванд, вале Раҷ Капур шавҳари содиқ ва падари хуб буд. Бо он шуҳрат ва маҳбубияту боигарии калоне, ки дошт, Раҷ Капур метавонист ҳар рӯз як зани нав бигирад ва ҷавонтарину зеботарин бонувонро ба домаш афканад, вале то нафаси охиринаш ӯ ба модари фарзандонаш содиқу вафодор монд. Дарахти умри Раҷ ва Кришна Капур 5 меваи ширин ба бор оварда, онҳо соҳиби ду духтару се писар гаштанд. Духтарҳояшон Рими ва Рити ба модарашон рафтаанд, Раджив, Рандхир ва Риши бошанд, мисли як себи дукафон ба падари шуҳратмандашон монанданд.

Ногуфта намонад, ки на танҳо фарзандон, балки ҳамаи бародарони Раҷ Капур низ роҳи ӯро пеш гирифта, ҳунармандони синамо шуданд. Имрӯз насли Капурҳо яке аз намояндагони барҷастаи “Болливуд” ба шумор мераванд.

Ишқи беҷавоб

Раҷ Капур на танҳо дар масъалаи оиладорӣ, балки ҳатто дар синамо низ бисёр ёри вафодор буд. Ин ҳунарманди асил дар 16 филм танҳо бо як актриса-Наргиз нақши ошиқу маъшуқро офаридааст. Наргиз мафтуни навозишҳои саҳнавии Раҷ гашта, солҳои дароз дар сина танҳо ишқи ӯро мепарварид ва умедвор буд, ки як рӯз не, як рӯз шоҳи синамо ӯро маликаи худ сохта ба қасри бахт мебарад, аммо...

Раҷ Капур аз зумраи он мардоне набуд, ки ба хотири ишқу ошиқӣ шуда, ба осонӣ аз баҳри оила ва фарзандонашон мегузаранд. Наргиз қариб 10 сол дар ишқи беҷавоби Раҷ Капур сӯхта, билохира дарк кард, ки барои ин мард оила чизи муқаддас аст ва сад соли дигар ба гӯшаш қиссаи ишқ хонад ҳам, наметавонад дили ӯро тасхир намояд. Ягона роҳи наҷот аз оташи сӯзони ишқи беҷавоб худро аз ин гулхан берун афканданд буд. Пас аз филми “мавсими боронҳо” Наргиз ҳамкориро бо студияи «R.K. Films» қатъ намуд, то дигар Раҷ Капурро на бинаду на сӯзад!  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД