Arzon march 2024
Адита Рой набераи Раҷ капур аст?
1998

Даричаи ошноӣ:
Адита Рой Капур 16-ноябри соли 1985 дар шаҳри Бомбейи Ҳиндустон дар оилаи марди корчалон ба дунё омадааст.

Пас аз хатми мактаби миёна Адита ҳуҷҷатҳояшро ба Колеҷи машҳури Ксаверияи Пок месупорад ва онро бо дипломи сурх хатм намуда, баъдан таҳсилашро дар Университети шаҳри Бомбей идома медиҳад. Адита қадамҳои нахустинашро ба олами ҳунар аз даргоҳи телевизион оғоз намудааст. Вай барандаи шоу-барномаи мусиқие буд, ки дар тамоми шаҳр муштариёни бешумор дошт. Чашми тезбини коргардонҳои Болливуд маҳз аз ҳамон барнома ба Адита Рой афтид ва бо заковати хосаашон дарҳол дарёфтанд, ки ин ҷавон маҳорати баланди актёрӣ дораду метавонад ситораи дурахшони синамо бигардад.

gKFukmCezng
Филми нахустин
Аввалин филме, ки Адита дар он нақш бозид «Дар орзуи Лондон» ном дошт ва ин ҳунарманди ҷавон дар он нақши асосиро меофарид. Аксари ҳунармандон барои ақаллан каме шинохта шудан солҳо заҳмат мекашанд, вале бахт ба рӯйи Адита баробари офаридани нақши нахустинаш дарҳол хандида, ин ҷавони зебою ҳунармандро азизи дили мардум ва шуҳраи айём гардонд. “Дар орзуи Лондон” баробари ба фурӯш баромаданаш дар байни мардум ғулғула афканд. Миллионҳо мухлисони синамо аз маҳорати баланди актёрӣ ва ҷозибаи ҳусни ин ҷавони дилкаш ба ваҷд омаданд. Интернет якбора аз таърифу тавсифи Адита Рой Капур пур шуд, қариб тамоми шабакаҳои иҷтимоии Ҳиндустон ҳунари ин ҷавонро ситоиш менамуданд, вале худи Адита аз ин парвози баланди мурғи шуҳрат чандон шод нагашт. Ҷавон дар дил орзуҳои дигар дошт ва намехост ҳаёташро пурра ба синамо бубахшад. Дар ин филм вай ҳамту, танҳо барои санҷидани маҳорати худ нақш офарида буд ва ҳеҷ гумон надошт, ки вай барин як ровии одӣ бо бозидани як нақш азизи дили мардумон мегардад. Адита тавассути телевизион баромада карда мегуфт, ки вай актёр не, танҳо баранда аст ва баранда мемонад, аммо...

roy_4
Роҳи гурез намонд
“Дар орзуи Лондон” филми ҳузнангез буда, Адита дар он ҳамроҳи се ҳунарманди машҳури “Болливуд” Акшай Кумар, Адҷей Девган ва Хритик Рошан нақш меофарид. Аҷибаш он буд, ки баъди пешкаши тамошобинон гаштани филм ҳам мухлисон ва ҳам мунаққидони бисёр сахтгири синамо Ҳиндустон Адита Ройро бо ин се супер-ситора дар як сатҳ гузоштанд. Адита номашро дар саҳифаҳои матбуот дар радифи Акшай Кумар, Адҷей Девган ва Хритик Рошан дида, худаш ангушти ҳайрат мегазид. Бовараш намеомад, ки бо офаридани як нақш вай аллакай бо чунин ҳунармандони таҷрибадор ва бо маҳорат, ки номашон кайҳо оламгир гаштааст, дар як зина қарор дорад. Духтарони ошиқ ва коргардонҳои заршиноси “Болливуд” ба ҷону ҳолаш намонда Адитаро ба филмҳои нав ба нав даъват менамуданд. Ниҳоят ин таклифҳои саршори муҳаббат ва дар як вақт бисёр сердаромад дили ҷавони ҳунармандро гарм карданд ва Адита Рой ба қарори қатъӣ омад, ки минбаъд ҳаёташро пурра ба синамо мебахшад.

i
Аз крикет ба “Болливуд”
Кинорежиссёрҳои таҷрибадор ба ин ҷавони соҳибистеъдод якбора сенарияи ду филмро пешниҳод намуданд, то якеро интихоб намояд, вале Адита қаҳрамонӣ нишон дода, якбора бозидани ҳарду нақшро ба зимма гирифт. Филми аввал «Фиреби тақдир» ва дувуми «Гузариш» унвон дошт. Якбора дар ду филм нақш офаридан ҳатто барои ҳунармандони таҷрибадор кори дандоншикан аст, вале Адитаи дар ҷодаи синамо навроҳ ба осонӣ аз уҳдаи офаридани ду қаҳрамони хислату хӯяшон гуногун баромада, коргардонҳоро ба ҳайрат овард. “Фиреби тақдир” ва “Гузариш” натанҳо дар Ҳиндустон, балки дар хориҷи кишвар низ машҳур гашта Адитаро шуҳраи ҷаҳон сохтанд. Вақте ки аз Адита Рой Капур сирри комёбиву муваффақиятҳояшро пурсон шудаанд, ҳунарманди ҷавон китф дарҳам кашида гуфтааст: “Ростӣ намедонам. Ман ин ҳама муваффақиятҳоро аз ҳисоби ҳунарам соҳиб нашудаам, чунки аз нозукиҳои актёрӣ тамоман воқиф набудам. Ба ҷуз бозии «Крикет» ва варзиш дигар ягон машғулият надоштам. Худам ҳайронам, ки ин ҳунар чӣ хел ба ман муваффақият овард...”

c9c5800ad2be_1
Набераи Раҷ Капур?
Адита Рой Капурро бисёриҳо набера ё абераи асосгузор ва падари синамои Ҳиндустон Раҷ Капури зиндаёд гумон мекунанд, вале дар асл чунин нест. Аҳли хонадонашон бо синамо пайванд доранд, вале ба оилаи Капурҳои номдор дохил нестанд. Адита ду бародар дорад, якеаш Сидхарта Рой Капур, директор ва продюссери ширкати машҳури “UTV Митион Пиктурес” ва дигараш Кунал Рой Капур, ки мардум ӯро ҳамчун актёри драмма мешиносанд.
“Зиндагӣ ба хотири муҳаббат”
Тозатарин филми Адита Рой “Зиндагӣ ба хотири муҳаббат» аст, ки бо тиражи беш аз 50 миллион ба фурӯш рафта ба коргардонҳо даромади калон овард. Аз ҳисоби ин филм офарандагонаш соҳиби хонаҳои боҳашамат дар Амрикову Испаниёву Фаронса гаштанд, зеро “Зиндагӣ ба хотири муҳаббат” натанҳо дар Ҳиндустон, балки дар Аврупою Осиё низ шуҳрати бузург ба даст овард. Дар ин филм Адита бо духтараки зебое бо исми Шрадха аз оилаи машҳури Капурҳо нақш мебозид. Воқеаҳои филм бисёр пурпечутоб ва ҳузнангез буда, оби чашмони тамошобинонро беихтиёр ба бари рухсораҳояшон ҷорӣ месозанд. Ароҳӣ ном духтараки бехонаву дар, дар кӯчаҳо суруд хонда, ризқу рӯзиашро меёбад. Рӯзе сурудхонии ин гадодухтарро Арҷун, ки артисти шинохтаи Ҳиндустон аст, мешунавад ва ба Ароҳии ҷандапӯш пешниҳоди ҳамкорӣ намуданро мекунад. Ароҳӣ аз пешниҳоди ин ситораи тобони Ҳиндустон хурсанд шуда рӯзи дигар ба студия меояд. Арҷун бо талошҳои зиёд билохира аз Ароҳӣ ситораи санъат месозад, вале пас аз он, ки духтарак номдор мешавад, дигар барои устодаш дастнорас мегардад. Сабаб дар он аст, ки Арҷун ба шароб дода шуда ба майзадагӣ ном мебарорад. Садояш бар асари бисёр нӯшидан заиф гашта дигар ӯро ба толорҳои консертӣ роҳ намедиҳанд. Вақте ки ба консерти шогирд ва духтари дӯстдоштааш Ароҳии номдор меояд, посбонҳо иҷозат намедиҳанд, ки ба толор дарояд. Ҳунарманди хору залилгашта ба ин таҳқир тоб наоварда худашро ба дарё мепартояд. Ароҳии нозанин хабари худкушӣ кардани устод ва ошиқашро шунида аз ақл бегона мешавад. Адита нақши Арҷунро чунон табиӣ ва ошиқона офаридааст, ки аксари тамошобинон ҳодисаҳои филмро аслӣ ва Арҷуну Ароҳиро дар ҳақиқат ошиқу маъшуқ гумон мекунанд.

56499054
Ароҳиро ба занӣ мегирифтам, вале...
Мардум ҳадс мезаданд, ки Адита ба Шрадха дил бастааст ва Ароҳии азизашро ба занӣ мегирад, вале худи ҳунарманд ин овозаҳоро рад намуда, нимшӯхию нимҷиддӣ гуфтааст: “Шрадха ҷавони дӯстдошта дорад, агар чунин намебуд шояд ман дар бораи издивоҷ бо ин зебосанам андеша менамудам!”
Адита ҳоло оиладор нест, вале маъшуқа дорад. Журналистони ҳангоматалаб ӯро борҳо бо духтари Дхамендра Аханой Деол дида, аксҳояшро бо ин паричеҳра дар саҳифаи аввали газета чоп кардаанд. Ҳарчанд сару садоҳо дар бораи ишқварзиҳояш зиёд бошанд ҳам, ҳунарманд ҳанӯз дар фикри хонадоршавӣ нест. Алҳол Адитаро танҳо санъат ба худ мекашад ва вай орзу дорад, ки нозукиҳои ҳунари рақс ва сарояндагиро омӯхта, мисли Хритик Рошан бо таронаҳои ширину рақсҳои ҷаззобаш мардумро қоил намояд.
Омодасоз: Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД