Аҷаб гардишҳое дорад зиндагӣ, баъзан ѓами беҳуда хӯрда худамонро бемор мекунем, афгор мешавем, шириниҳои зиндагиро дар комамон эҳсос намекунем, баъд мефаҳмем ҳамааш беҳуда будааст.
Пушаймон мешавему диламон ба он солҳое, ки сарфи гумонҳои беасос шудаанд, месӯзад. Мисли ман…
Духтари пурҳунар
Ман дар оилаи муаллимон таваллуд шуда ба воя расидаам, мо дар оила чор духтар будем. Падарам модарамро зиёд дӯст медошт ва ҳаргиз намегуфт, ки ту барои ман писар таваллуд накардӣ, ҳамаи моро тоҷи сар мекард. Бибию бобоям умед доштанд, ки модарам албатта писар таваллуд мекунад, вале ӯ бемор шуду духтурон таваллуд карданро барояш манъ намуданд. Падарам ба хотири он ки модарам гап нашунаваду зиқ нашавад, хонаамонро ҷудо кард. Мо аз деҳа ба маркази шҳр кӯчидему зиндагиямонро шодона идома додем. Ман духтари хурдии хонавода будам, апаҳоям ҳамагӣ касби духтуриро пеша карданд, ман бошам ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, муаллимаи забони англисӣ шудам. Падари ман марди замонавӣ буданду дар интихоби домод ҳамеша фикри духтаронашро гӯш мекард, апаҳоям ҳама дӯстдоштаҳояшонро гирифта, ба ноҳияҳои гуногуни кишвар рафтанд. Ман кам-кам шеъру мақола ҳам менавиштам, падарам аз ман умеди зиёд дошт. Шеърҳоямро хонда баҳои баланд медод, вале..
Ишқи писари амма
Писари аммаам Лоиқшо дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳ таҳсил мекарду қариб ҳар бегоҳ ба хабаргирии ман меомад. Ӯ ҳам бо забони русӣ шеър менавишт, мо бо ҳам дӯстони ҷонӣ будем ва оқибат ин дӯстӣ ба ишқу муҳаббат табдил ёфт.Чун донишгоҳро хатм карда, ба ноҳия рафтем, аммаам бо хушнудӣ дастархонҳои зиёд бардошта, ба хостгорӣ омад. Падарам аввал норозигӣ кард, ки дар хешӣ қудошавӣ хуб нест, нашавад, ки ҷангу ҷанҷол шавад. Аммо бибии пирам гуфт:
-Падарат дар ҳасрати беписарии ту аз олам гузашт, акнун мон ман осуда мурам. Лоиқшо ҷияни худат, дами пирӣ дастатро мегирад,- падарам ноилоҷ ризо шуд, он вақтҳо никоҳи хешутаборӣ мумкин буд. Аммаам тӯйи зебое ороста, маро келин карда ба хонааш бурд ва баъди як сол падарам ба бемории саратон печиданду мо ба хонаи худамон кӯчидем. Лоиқшо фарзандвор падарамро нигоҳ кард, табобатҳои зиёд сабаб гаштанду умри падарамро шаш соли дигар дароз кардем. Ман соҳиби ду писар шудам, кори ҳамсарам хуб буд, аз ин рӯ, ман кор намекардам. Зиндагии шоистае доштем, Лоиқшо баъди марги падарам дар ҷойи хонаҳои кӯҳнаамон хонаҳои нав бардошт. Писаронам ҳам рӯз аз рӯз калон мешуданд, мо ҳар сол аёми рухсатиҳои меҳнатии шавҳарам ба осоишгоҳҳои беҳтарин ба истироҳат мерафтем, аз ягон чиз камбудӣ надоштам. Шавҳарам дӯстам медошту эркаам мекард, то он даме, ки…
Ҳоҷибибӣ
Модарам ба қавли худамон «ҳучбемор» буд ва бо доруву даво мегаштанд, оқибат бемории дил кори худро карду ӯ низ дар паҳлӯи падарам ҷойгузин шуд. Ман шабу рӯз мегиристам, ба хотири каме сабук шудани дардам Лоиқшо маро ҳамроҳи хушдоманам ба ҳаҷ фиристод, шояд таъсири зиёрати хонаи Худо буд, ки ба худ омадам. Пас аз ду се соли марги модарам писари калониямро, ки донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм карда, дар бонке кор мекард, хонадор кардем. Келин духтари ҳамсояамон буд, ки аз хурдӣ медонистамашу дӯсташ медоштам. Тӯй хеле бо шаҳомат доир гашт, барандаи тӯйро хонаводаи қудо аз маркази вилоят ҷеѓ зада буд, ӯ бонуи қоматбаланди зебое буд. Ӯ бо шавҳарам рақс кард, ҳатто ҳамроҳ “валс” карданд. Ростӣ, ман парво накардам, зеро медонистам, ки шаваҳарам маро дӯст медораду ба гуфти худаш тори мӯямро ба ягон зан иваз намекунад, аммо ин тавр набудааст.
Баъди тӯйи писарам авзои шавҳарам дигар шуду рӯзу шаб дар телефон нависо навис мекард. Маро, ки номам дар забонаш тиллобегиму шохи набот буд, акнун ҳоҷибибӣ мегуфт. Келинам Осия ба ман мисли духтар буд, боре ба ӯ гуфтам, ки “дадаат тамоман дигар шудаасту ҳеҷ чашмашро аз телефон намеканад”. Келину хушдоман як бало карда, телефонашро ба даст оварда кушодему хондем, ӯ бо ҳамон бонуи баранда гап мезад. Осия бо ҳайрат гуфт, “очаҷон, дадам ба апаи Сафина ошиқ шудаанд, тавба!”
Оташи рашк
Қариб сад бор зориҳои шавҳарамро хондам, Сафина ба ӯ ҷавоби рад дода, писандаш намекунад, аммо ин Маҷнун…
-Ака, бо шумо рақс кардани ман маънои онро надорад, ки ман як фоҳишаам ё бероҳа, наход як марди зиёӣ ҳаминро нафаҳмед. Ман духтари ҷавон нестам ва умуман ин гуна корҳои ҳаромро бад мебинам, ман дар як донишгоҳи бонуфуз ба хонандагон дарс мегӯям, тарбиятгарам,- навиштааст ӯ, аммо шавҳарам ӯро зорӣ мекунад.
-Сафинаҷон, ман дар умрам аввалин бор ошиқ шудаам, бӯйи атратон, гармии нафасатон, дастонатон пеши чашмонам ҷилвагаранд.
Ин аввалину охирин хабаре буд, ки ман аз ишқи онҳо ёфтам. Дигар шавҳарам телефонашро пинҳон мекард, ман ба он дастрасӣ надоштам ва оташи рашк устухонамро сӯхт. Ман бо телефон он қадар сару кор надоштам, барқасди шавҳарам ҳама нозукиҳои телефонро омӯхтам, дар чанд шабакаи интернетӣ бо номҳои дигар аъзо шудам, ба шавҳарам паёмак мефиристодаму мехостам санҷамаш, аммо ӯ ҳатто паёмҳои маро намехонд ва на дӯстиямро қабул мекард. Ба шавҳарам чизе намегуфтам, вале худам ба худам мегуфтам, ки Сафина бо шавҳарам дӯст шудааст, шояд зани дуюмаш бошад ва ѓам мехӯрдам. Писари дуюмамро ҳам зан додам ва писари Зарух, писари калониро дар маркази вилоят кор доданд. Ӯ бо занашу духтарчааш кӯчида, ба ҳамон ҷо рафт, Осия ҳама дарду аламамро медонисту тасаллоям медод, мегуфт, ки ѓами беҳуда нахӯред. Бо келини хурдӣ роздон набудам, аз ин рӯ, баъди панҷ соли сӯхтанҳо як шаб «кафидам»-у бо шавҳарам ҷанг кардам ва гуфтам, ки ман медонам ӯ Сафинаро зани дуввум кардааст.
Давом дорад