arzon replenishment
Ҳасани Чилла ба ҳофизон тӯмори шӯҳрат медиҳад?
5658

 

 Ҳасани Чилла бо ҳазлҳои намакинаш дар дили халқ маъво гирифтааст. Ин марди шӯхтабъу зарофатгӯйро на танҳо мардуми одӣ, балки сарояндагону навозандагон низ сахт дӯст медоранд. Бо мақсади фаҳмидани сиру асрори ин ҳаҷвнигори дар ҳила гум дар арафаи Соли нав мо ба зиёрати Ҳасани Чилла рафтем.

-Мегӯянд, ки ситораҳои тоҷик бо тӯмори домулло Ҳасани Чилла машҳур мешаванд, агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки нархи як тӯмори шуҳрат чанд доллар ё евро аст?

 -(Механдад). Ба гуфтӣ Ҳоҷӣ Афзалшоҳ, вақте ки ба ту пул медиҳанд, агар нагирӣ, заволи неъмат мешавад. Барои ҳамин чанд суме диҳанд, Худоро шукр гуфта, ба киса мезанем.

 -Шумо дар он тӯморҳои сеҳрнокатон кадом сураҳоро менависед?

 -Сураҳоеро, ки ман менависам, ягон муллои пеш-пеши Тоҷикистон намедонад, чунки он сураҳо дар китобҳои заминию осмонӣ нестанд. Он сураҳоро ана ҳамин бандаи ҳозиру нозир, домулло Ҳасани Чилла аз фикри худаш, бо хуни ҷигар эҷод мекунад.

 -Сура нею суруд гӯед, домулло!

 -Суруд ҳам сура аст, вале сураи фарҳангию маънавӣ, сураи ишқу муҳаббат, сураи одаму одамгарӣ...

 -Солҳои охир мардумфиребӣ зиёд шудааст. Тӯморҳои сеҳрнокатонро гирифта, шуморо “кидат” намекунанд?

-Баъзе ҳунармандони беинсофе ҳастанд, ки баъди суруди тайёрро гирифтан, думашонро хода карда мегурезанд, лекин дур намераванд. Дасти муллоро сафед, ки накардӣ, корат барор намегирад!

 -Кадом сарояндаҳои тоҷик бо тӯморҳои шумо машҳур шудаанд?

 -Дасти ман бисёр сабук аст. “Ҳасани Чилла, дорад сад ҳила” гуфта, як куфу суф мекунам, дар як дам сароянда чунон машҳур мешавад, ки ҳатто ситораҳои осмон ба ӯ ҳасад мебаранд. Суруди “Бачаи фархорӣ”-ро навишта, ба Фирӯза Ҳафизова додам, маликаи саҳна шуда монд. Садриддини Наҷмиддин, Рустами Нур, Зулайхо Маҳмадшоева, Файзалӣ Фозилов, Нигора Холова ва боз даҳҳо сарояндагони дигар сурудҳои ана ҳамин бобои Ҳасанатонро хонда, машҳур шудаанд. Чашм нарасад, кадом сурудеро, ки нависам, дар як дам “ХИТ” мешавад.

 -Мегӯянд, ки дар байни санъаткорони тоҷик Ҳасани Чилла аз ҳама бойтар аст ва ҳар моҳ як мошини нав мехарад...?

 -Бале, ман дар ҳақиқат миллионер ҳастам. Ҳар моҳ не, ҳар ҳафта як мошини нав мехарам. Худоро шукр мегӯям, ки ба ман чунин давлату сарвати бебаҳоро насиб гардонидааст.

 -Наметарсед, ки дуздон ин суҳбати мову шуморо хонда, ба боигариатон чашм ало мекунанд?

 -Дузди беақлтарин ба хонаи Ҳасани Чила медарояд!

 -Магар шумо пулҳоятонро дар даруни болишт пинҳон намекунед?

 -Эҳ каллаварам, наход дар чунин замона ман пулҳоямро дар даруни болишт пинҳон кунам?!

 -Пулҳоятонро дар бонк нигоҳ медоред?

 -Давлату сарвати банда на дар бонк асту на дар хонаам, боигарии ман дар ана ҳамин каллаам пинҳон аст ва ягон дузд онро дуздида наметавонад. Боигарии ман аз ҳисоби эҷодкориам аст.  

 -Ба ғайр аз ҳаҷвнигорӣ боз чӣ ҳунарҳо доред?

 -Панҷ панҷаи бобот аз ҳунар аст, Рустамҷон! Шеър менависам, оҳанг эҷод мекунам, дар саҳначаҳои ҳаҷвӣ нақш мебозам, клип месозам...

 -Чаро вақтҳои охир дар телевизион кам баромад мекунед?

-Барои он, ки моро суроғ намекунанд. Саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва намоишҳои зиёди театрӣ дорем, вале ягон телевизион барои сабт ба дарамон намеояд. Мардум аз ҳаҷвнигорон гила карда мегӯянд, ки барои чӣ дар телевизион ҳаҷв кам аст, охир, моро даъват накунанд, ба пушти дари телевизион рафта гиря кунем, ки монед дароем?! Телевизион мароқ зоҳир намекунад, барои ҳамин маҳсули эҷодамонро дар дискҳо ба фурӯш мебарорем, то ки мардум аз ҳаҷву ханда бе баҳра намонанд.


Ҳар як ситора новобаста аз самти фаъолият, инчунин, мехоҳад дар зиндагӣ падар ё модари меҳрубон бошад. Танҳо модарони сунъӣ ба баъзе аз ситораҳо ин хушбахтиро фароҳам овардаанд. Таваҷҷӯҳ намоед ба матлаби зер!

 


 -Хонумҳо мардони машҳур ва олиҳиммату дасткушодро дӯст медоранд. Мо хуб медонем, ки Ҳасани Чилла ин хислатҳоро дорад. Росташро гӯед, чанд зану чанд маъшуқа доред?

 -Ман як зану се фарзанд дорам. Барои маъшуқабозӣ вақт намерасад.

-Агар вақт пайдо шавад...

-Хайр, “Движенӣ” мекунем (Механдад)

-Мегӯянд, ки Ҳасани Чилла бо пули андак-мандак ба тӯй намеравад...?

 -Медонед, агар дар як рӯз се нафар маро ба тӯю маъракаҳояшон таклиф кунанд, коре мекунам, ки маҳфили ҳарсеро рафта обод кунам. Хислати мағрурию худпарастӣ надорам, намехоҳам ягон кас аз пушти дари хонаи ман ноумед равад.

 -Санъат бе рақобат вуҷуд надорад. Рақиби шумо дар саҳна кист?

-Агар Месӣ намебуд, Роналдо соҳиби тӯби тиллоӣ намешуд ва баръакс Роналдо намешуд, Меси ин қадар машҳур намегашт. Дунё чунин сохта шудааст, агар рақобат набошад, кор пеш намеравад. Рақиби Ҳасани Чилла шояд Ташриф Халилов бошад, вале рақобати эҷодӣ ба дӯстии мо халал намерасонад. Мо дӯстони беҳтарин ҳастем.

 -Суҳбати мову шумо дар арафаи соли нав сурат гирифта истодааст. Дар охир ягон ҳодисаи аҷиби солинавиро ба хонандагони мо нақл мекунед?

-Як сол дар шаби ид ману Ташриф ҳамроҳи дигар аъзоёни гурӯҳи “Ғарибшо-компания” дар хонаи Бахтиёр Раҳимов нишаста будем, ки коргардон Набӣ Ҷалол занг зада гуфтанд, бачаҳо, ман шуморо дар Кохи Ваҳдат интизорам. Зудтар расида биёед! Бахтиёр тамоку кашида истода буд, ин гапро шунида тамоку аз дасташ афтид. “Соҳиби хона мана мекушад, охир ман ин ҷо иҷора нишастагӣ, агар мебелош сӯзад, вай занак мана суд мекунад” гӯён, Бахтиёр қиёматро қоим кард. Ҳамакаса тамоми хонаро такорӯ кардем, вале тамокуи нимсӯхтаро наёфтем. Нохост аз поён садо омад, ки мағозаи фалонӣ сухт. Тамокуи Бахтиёр дар шамол парвоз карда, рост ба болои попкорни зани фурӯшанда рафта задаасту оташ аланга гирифтааст. Ана ҳамин ҳодиса ҳеҷ аз хотири ман фаромӯш намешавад.

 -Дар Соли нав ба шумо парвозҳои тозаи эҷодиро таманно дорем. Ҳамеша чунин шӯх, серҳаракат ва азизи дили мардум бошед!

 -Ман ҳам соли навро ба шумо ва ба тамоми хонандагони “Оила” муборакбод гуфта, маслиҳат медиҳам, ки бештар бихандед, чунки ханда умри одамро дароз карда, пеши корашро мекушояд.  

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД