shoh palace
Асал ба зани ҳомиладор чӣ фоида дорад?
1152


Ман як зани 35-сола, аз Вилояти Хатлон мехоҳам аз табиби машҳури тоҷик Садриддиншоҳ Насриддиншоев маслиҳат бипурсам.

Гап дар сари он аст, ки ман 15 соли дароз азоби бефарзандӣ кашида, ниҳоят ба орзуи дилам раисдам ва айни замон ҳомиладор ҳастам. Мегӯянд, ки агар тифл дар батни модараш хуб ғизо гирад, иммунитеташ пурқувват гашта, солим ба дунё меояд ва тез-тез касал намешавад. Албатта ман ҳам мисли дигар модарон мехоҳам, ки фарзандам сиҳату саломат ба дунё биёяд ва солиму бардам бошад, аз ҳамин хотир, аз табиби ҳозиқ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ пурсиданиям, ки барои боқувват шудани организми тифли батнаш зани ҳомила бояд чиҳо хӯрад?

Одинамоҳ, аз Вилояти Хатлон.
       

              Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Хоҳари азиз! Шумо кори хеле хуб мекунед, ки аз ҳоло дар фикри саломатии тифли батнатон ҳастед. Дар ҳақиқат бунёди иммунитети инсон аз батни модар сарчашма мегирад. Зан худаш солиму бардам бошад ва дар давраи ҳомиладориаш хӯрокҳои серғизо хӯрда, асабҳои худро эҳтиёт намояд, Худо хоҳад, албатта тифли солим ба дунё меорадБарои пурқувват шудани иммунитети тифли батнаш занро лозим аст, ки дар давраи ҳомиладорӣ бештар меваю сабзавоти тару тоза ва ғизоҳои ширӣ истеъмол намояд, зеро меваю сабзавот сарчашмаи витаминҳо буда, шир ва маҳсулоти ширӣ аз калсий бой мебошанд. Ногуфта намонад, кидар пурқувват шудани иммунитет нақши асал хеле бузург аст. Аз ҳамин хотир, ман чанд давои асалиро ба шумо тавсия медиҳам.
Нусхаи аввал
Асалро, агар бо тухм омехта карда, баъд истифода баранд, таъсираш дучанд мегардад, бинобар ин, шуморо лозим аст, ки ҳар саҳар зардии як дона тухмро бо оби лимӯ омехта намуда, баъд ба он як қошуқча асал илова карда, нағзакак кобеду пеш аз субҳона аввал ҳамин даворо хӯрда, ним соат пас субҳонаатонро истеъмол намоед. Ба ҷойи чой агар оби хуч нӯшед, таъсираш дучанд мешавад, чунки дар таркиби оби хуч витамини С хеле зиёд буда, ин витамин низ ба пурқувват шудани иммунитет мусоидат менамояд.
Нусхаи дигар
Қариб дар ҳар як хона гули алоэ мавҷуд аст. Бисёриҳо онро ҳамчун як растании ороишӣ дар гулдони хонаашон нигаҳ медоранд, вале гули алоэ хусусиятҳои табобатии зиёде дошта, иммунитетро низ пурқувват месозад. Баргҳои гули алоэро аз мошинаи гӯшткимакунак гузаронида, шираашро дар як зарфи тоза бигиред. Дар 200 грамм шираи гули алоэро бо 300 грамм асал ва 350-грамм винои сурх омехта намуда, муддати 3-4 рӯз дар ҷойи торик нигоҳ доред. Аз ин даво, агар ҳар рӯз се маротиба як қошуқӣ истеъмол кунед, ҳам системаи муҳофизатии ҷисми шуморо пурқувват гардонида, бемориҳои сироятиро пешгирӣ месозад ва ҳам иммунитети тифли батнатонро мустаҳкам месозад.
Нусхаи сеюм
Боз як давои бебаҳо ин гарди гул аст, ки бисёриҳо онро бо номи “Перга” медонанд. Перга ва шири замбӯр барои пурқувват шудани системаи муҳофизатии организми инсон таъсири олиҷаноб доранд. Имкони пайдо кардани гарди гул ва шири замбӯрро дошта бошед, ҳар саҳар як қошуқча пергаро бо ҳамин миқдор асал омехта карда хӯред, организматон пурқувват шуда, дар давраи ҳомиладорӣ ба ҳар хел касалиҳо гирифтор намешавед. Модар, ки худаш солим бошад, тифли батнаш низ солим хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД