arzon replenishment
Арўси кордкаш (ҚИСМИ 1)
2365

Духтари «тиллоӣ»

Ман миёни шаш бародари паҳлавон хоҳари ягона ва фарзанди кенҷагии хонадон будам. Бародаронам равои озори маро надоштанду зиёд эркаам мекарданд, вале зери тарбияи модари хушгилам, духтари меҳнатии панҷ панҷааш ҳунар ба воя расидам. Дар авлоди мо хондану маълумоти олӣ гирифтани духтар умуман вуҷуд надорад, тамоми духтарони хешу таборамон ҳамин, ки мактаби деҳаро хатм намуданд, шавҳар мекарданд. Азбаски аз оилаи сарватманд ва духтараки сархам будам, байни шиносу бегона таърифам мекарданду дар ғайбам духтараки тиллоиям низ меномиданд. Бародаронам ҳамеша насиҳат мекарданд, ки “ба роҳат рост раву сари моро пеши дўсту душман хам накун”. Бародарони меҳрубонамро аз ҷонам зиёдтар дўст медоштаму ба ҷавононе, ки пинҳонию рӯирост ба ман изҳори ишқ мекарданд, тамоман аҳмият намедодам, вале…

Вохўрии аҷиб

Модарам зани оқилаю кордоне буданду пухтупаз, корҳои рўзгор, дӯхтани курпаю курпача ва либосҳои занонаро ба ман омўхтанд. Барои боз ҳам хубтар омўхтани нозукиҳои дўзандагӣ бароям мошинаи қимматбаҳо харида, маро назди келини амакам, ки чевари гулдаст буд, шогирд монданд. Акнун рўзе ду- се соат ба хонаи амакам, ки дар кўчаи дигар буд, барои дарсомўзӣ мерафтам. Дар синфи ёздаҳум мехондаму аз уҳдаи тамоми кору бори рўзгор баромада метавонистам, духтари ягонаам гуфта, бекор нанишаста, ба кору бори ду янгаам, ки бо мо зиндагӣ мекарданд, ёрӣ мерасондам. Чор бародари дигарам рўзгори ҷудо дошта бошанд ҳам, агар ягон кори вазнинтарашон афтад, маро ҷеғ мезаданд. Як рўз бегоҳ аз хонаи амакам бармегаштам, ки ҷавоне аз пешорўям баромада, салом дод. Ба саломаш алейк нагирифтам, аммо ў беҷуръатона ба ман наздик шуда гуфт:

- Садаф, ман як моҳ боз ҳамин фурсатро мепоидам, ки ба ту изҳори ишқ намоям. Ман Шаҳром ном дораму ҳамсояи амакат ҳастам… Шаҳром дид, ки ман қадаммониямро тезондам, қоғазеро ба кисаи нимостинам андохта, аз рўйи раҳам рафт. Ман аз тарси он ки мабодо касе ин ҳолатро дида монад, дав-давон ба хона рафтам, хайрият дар рўйи ҳавлиямон касе набуд. Падарам дар боғ саргарми ниҳолҳояш буду бародаронам аз кор барнагашта буданд, янгаҳоям ҳамроҳи модарам назди оинаи нилгун силсилафилм тамошо доштанд. Зуд ба хона даромада, аз кисаам коғази чортаҳро бароварда кушодам…

Номаи ишқ

«Салом Садафҷон! Ин номаро бароят ҷавоне менависад, ки ду сол боз тири ишқат синаашро нишона кардааст. Шояд ту ёд надошта бошӣ… Мо дар синфи ёздаҳ мехондему шумо дар синфи ҳашт, дар мактаб шанбегӣ эълон намуданд, синфи мову шумо ниҳолҳои боғро нарм мекарданд. Аз ҳамон рўзи зебою офтобии баҳорӣ парастуи ишқи ту дар боми дили ман ошён гузошт. Вале намехостам, ки касе аз сирри ишқам бохабар шаваду гирди номи зебои ту овозае паҳн гардад. Ман медонам, ки оилаи шумо сарватманду баобрў аст, ману бародарамро бошад, модарам танҳо ба воя расонидааст. Падарам ҷавон аз дунё гузаштаасту модарам ба хотири ману бародарам дигар шавҳар накардааст. Бовар намо, Садафи азиз, ман ба хотири ишқи ту тамоми қувватамро сарф карда, шомили яке аз Донишгоҳҳои бонуфузи кишвар гаштаам. Инак, дар курси дуввум таҳсил мекунам, ҳарчанд ошёни ту баланду дастнорас аст, аммо ба ту дил додаам. Туро дўст медорам, Садаф….».

Номаро хондаму дилам сахт ба таппидан даромад, охир ман Шаҳромро мешинохтам. Ў ҷавони болобаланди сафедчеҳра ва хушабрўи зебое буд. Духтарони зиёде атрофаш парвона буданд, ҳеҷ гумон надоштам, ки ба ман ошиқ шудааст… Модару янгаашро дар кўчаю паскўча вомехўраму саломашон медиҳам, оилаашон бою бадавлат набошад ҳам, зиндагии хуб доштанд. Бародараш байни деҳа ва маркази ноҳия кирокашӣ мекунад, чандин бор бародаронам бо мошини ў ба хонамон хўрокворию чизҳои дигар фиристода буданд. Ба Шаҳром ҷавоб нанавиштам, вале ҳамон шаб қариб сад бор номаашро хондам ва ҳар калимаашро азёд кардам…

(Давом дорад)

Бо эҳтиром, САДАФ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД