Formula novemver 2024
Арӯсҳояш шавҳарамро ҷоду карданд
3035

Ман Мадина, 18-сола, панҷ моҳ пеш ба шавҳар баромадам. Хусуру хушдоманам одамони хубанд, лекин ҷодугарии арӯсҳои шавҳарам маро хеле азоб дод. Арӯсу домодҳо шаби аввали васлашонро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, вале ман он шабро ба ёд биёрам, ба пойҳоям ларза меафтад.

Аз сеҳру ҷодуи зиёд домод дар назарам мисли хук метофт, ба ман низдик шавад, гумон мекардам, ки дев ё бало аст.
Хулоса, домодро ба худ наздик шудан намемондам. Ин ҳол чанд вақт давом кард ва хусуру хушдманам ба ташвиш афтиданд. Мулло оварда, маро чанд маротиба гаштаю баргашта дуо хонданд. Ҳамин тавр бо таъсири сураҳои қуръон банди ҷоду кушода шуд ва оҳиста-оҳиста ба домод дилгармӣ пайдо кардам. Мани шавҳарбезор ҳоло шавҳарамро аз ҷонам бештар дӯст медорам.

 


Духтарҳои деҳа ҳамин, ки номи маро шуниданд, дарҳол доду фиғон мебардоштаанд, ки зани он кали хунук намешавам. Модари бечораам навмед шуда, рӯ ба шаҳр овард, аммо дар пойтахт низ муроди мо ҳосил нашуд.

 

 


Духтаре, ки моро бо сеҳруҷоду аз ҳам ҷудо карда, шавҳарамро соҳиб шудан мехост, ба ғазаби Худованд гирифтор шуда бероҳагияш ошкор гашт. Вақтҳои охир чунин занҳои ҷодугар хеле бисёр шудаанду бо сеҳру ҷоду занони бегуноҳро беваю бачаҳояшонро сағера мекунанд. Ман ба чунин занҳои беандеша гуфтаниям, ки бо ҷодугарӣ занҳои дигарро хонавайрон насозанд, чунки дар пояи бадбахтии дигарон қасри бахт сохта намешавад. Бахте, ки бо гармию хунукӣ ва сеҳру ҷоду ба даст омадааст, дер намепояд. Оҳи дили он занҳои бадбахт ва кӯдакони бегуноҳи онҳо шуморо мегирад ва ба ғазаби худо гирифтор гашта, мисли арӯси муллобозу ҷодугари шавҳари ман шармандаю рӯсиёҳи ҳарду олам мешавед. Беҳуда бузургонамон нагуфтаанд:
Мард агар ошиқ шавад, олам гулистон мешавад,
Зан агар ошиқ шавад, охир пушаймон мешавад.
Мадина, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД