Дар Ҳиндустон як тифлаки навзодро дар таваллудхона калламушҳо хӯрдаанд. Писарак дар бемористони ҳиндии иёлоти Андхра-Прадеш таваллуд шуда, дар нафаскашӣ душворӣ мекашид, аз ин лиҳоз ӯро ба шуъбаи бемориҳои шуш бурданд. Модари кӯдак гиряи тифлакашро шунида ба наздаш даромадан мехоҳад, вале табиби навбатдор барои ба назди фарзандаш даромадан ба зан иҷозат намедиҳад.Манъкунии табибон боиси сар задани фоҷиа ва марги кӯдаки бегуноҳ гашааст. Волидони кӯдаки мӯшхӯдаро суханони табиб ба ғазаб овардаанд. Онҳо ба ҷои узр пурсидан ба зану шавҳар маслиҳат додаанд, ки шукри зинда будани як фазанди дигарашонро карда, бо худо исён накунанд.