Марги домод дар шаби васл
Субҳи солеҳон модари домод сатилҳои оби паси дар гузоштаашро пуру мисли пештара дида, дар ҳайрат афтод ва чандин маротиба писарашро овоз кард. Аммо аз дарун овозе набуд. Занак ҳайрон шуда, ба янгаҳо мурочиат кард. Онҳо аввал дарро куфтанд, Ҳуснияро садо карданд. Аммо ҷавоберо нашунида, ба даруни хонаи васл қадам ниҳода, ба даҳшат афтоданд ва бехудона ба берун баромаданд. Чунон ҳангу манг гашта буданд, ки наметавонистанд манзараи пурдаҳшати дидаашонро баён созанд. Домод ғарқи хун дар бистар мехобид. Арӯс дар кунҷе нишаста хомӯшу беҳис ба як нуқта менигарист. Ӯ аз оламу одам бехабар буд. Ҳарчанд ба ӯ савол медоданд, ки бо Ғайрат чӣ шудааст, дар ҷавоб чизе намегуфт. Ҳатто миҷҷааш хам намехӯрд. Маълум гашта буд, ки арӯс ақлашро бохтааст. Онҳое, ки Ҳуснияро дар аввали рӯзи арӯсӣ дида буданд, мегуфтанд, ки тамоман солим буд ва боақлона харф мезад. Танҳо дили модараш хиҷил буд, ки духтараш ба ӯ хоби дидаашро гуфта бошад ҳам, ӯ беэътиноӣ кард. Ба ҳарфи дили духтар гӯш додан нахоста, ҳатто таҳдид ҳам карда буд. Аммо Ҳусния чунин манзараи даҳшатнокро ҳафтае пеш хоб дида, дилаш дар ҳарос буд. Аз рӯй додани воқеаи нохуше дилаш гувоҳӣ медод. Аммо ҳеҷ кас бовар карда наметавонист, ки хоби дида ба зиндагӣ иртиботе дошта бошад.
Ҷасади Ғайратро аввал ба хок насупорида, аз ташхиси экспертизаи тиббӣ гузарониданд. Ташхис нишон дод, ки дилаш аз тарс кафидааст. Ҳуснияро худи ҳамон рӯз дар бемористони бемориҳои руҳӣ бистарӣ намуданду Ғайратро пас аз ташхис ба хок супурданд. Модари Ғайрат мисли девонаҳо гашта буду намедонист аламашро аз кӣ гирад. Ба волидони арӯс дарафтода, талаб менамуд, ки писарашро ёфта диҳанд. Онҳо ҳам чорае надоштанду хомӯш буданд.
-Духтари беномусатон шармандагиам зоҳир нагардад гуфта, домодро тарсонида ба чунин рӯз расондааст.
-Ин тавр нагӯед хоҳарҷон, духтари мо айбе надошт. Тақдираш будааст, мо ҳам намехостем ба чунин рӯз гирифтор шавем.
-Равед, худобехабарҳо писари маро баргардонед. Ман шуморо намемонам, ки дар рӯйи замин гардед.
-Охир, мо чӣ гуноҳ дорем? Магар мо мехостем, ки чунин фоҷиа рӯй диҳад?
-Ба ҳамааш духтари сабукпои шумо гунаҳкор аст. Мо ӯро аз ташхис мегузаронем. Вай барои нодухтариашро пинҳон кардан писари маро дилкаф кардааст.
-Баред, аз ташхис гузаронед,- гуфт гунаҳкорона модари арӯс.
-Ман ҳам ӯро пора-пора мекунам. Ба хуни бачаам хун мегирам!- бонг зад модари Ғайрат.
-Ихтиёратон, чӣ коре хоҳед бикунед. Мо шуморо мефаҳмем. Духтарам хоб дида буд ва хоҳиш карда буд, ки ин арӯсиро вайрон кунем. Аммо мани беақл ба ӯ бовар накардам.
Бо хоҳишу дархости хешовандони домод Ҳуснияро аз ташхис гузарониданд ва маълум шуд, ки арӯс ҳоло бокира буд.
-Чаро бо шавҳарат чунин кардӣ?-пурсиданд аз арӯс. Ҳусния дар ҷавоб гуфт:
-Хуб кардам, агар ӯро намекуштам, худаш маро мекушт. Ман аз ӯ пешдастӣ кардам. Хоб дида будам, ки маро куштанӣ аст. Хобам рост баромад. Баробари аз дар даромадан мехост ба ман дарафтода, маро кушад. Аммо ман аз ӯ дида чолоктар баромадам ва куштаму халос шудам,- гуфта қоҳ-қоҳ зада, хандид арӯси ақлбохта.
Ҳусния муддати дурудароз дар бемористони касалиҳои руҳӣ табобат гирифта, шифо ёфт. Аммо падару модараш барои ӯро дида алами дили падару модари Ғайрат тоза нагардад гӯён, Ҳуснияро ба ноҳияи дурдасте, ки як холааш мезист, равон намуданд. Аз ин ҳодиса муддати зиёде нагузашта, ҳусни расову қомати мавзуни духтарро дида, хостгорони зиёде дари хонаи холаи Ҳуснияро охурча карданд. Дили холааш дар ҳарос буд. Духтар ҳам майли шавҳаркунӣ надошт. Аммо бо талабу исрори яке аз хостгорон падару модарашро даъват намуда, духтарро бори дигар ба шавҳар доданд. Дили ҳама хешовандони Ҳусния дар харос буду лаб фурӯ баста буданд. Зеро аз пешомади нохуше метарсиданд. Аммо тамоман солимона ҳарф задану рафтор кардани Ҳуснияро дида, худро тасаллӣ медоданд.
-Духтарам, мабодо ин дафъа ҳам хоб надидаӣ?
-Не, модарҷон хоб надидаам. Аммо шавҳар намекардам, беҳтар мебуд ба фикрам.
-Магар духтари ҷавону солим метавонад умри хешро танҳову барабас гузаронад?
-Охир, он фоҷиа маро то ҳол ором намегузорад.
Хушбахтии деринтизор
Ҳамин тавр шоми аввали арӯсӣ фаро расиду дили ҳама ҳарос дошт. Домоди дунёбехабар чодари арӯсиро бардошта, ҳамсари моҳталъаташро дида, ҳуш аз сараш парид. Ӯ як бор хонадор гашта буду бо ҳамсараш муросо карда натавониста, ҷудо гашта буд. Акнун ин дафъа бо занаш боэҳтиёт муносибат карданӣ буд. Аввал бо хушсуханиву нармгуфториаш дили духтарро ба даст овард. Сипас бо нармӣ ба навозиш кардан оғоз намуд. Тамоми аъзои бадани арӯсро навозишкорона мебӯсиду барои қаробат кардан саросема набуд. Ниҳоят аз навозишҳои беохир духтар ором шуда, худаш ба оғӯши шавҳараш даромад. Баъди он ки шаби васлашон хуб гузашт, Ҳусния оҳи сарде кашиду хомӯш шуд. Дили ӯ ҳам то ба анҷом расидани ҳамхобагӣ ваҳм дошт. Домод фикр мекард, ки Ҳусния зани шавҳардида асту шояд бокира нест. Аммо духтар будани ӯро дида, хушбахту қаноатманд шуда, ҷомаашро сари китф гирифта, ба берун баромад ва сатили обро медаровард, ки хешовандони “арӯси ваҳшӣ” оҳи сабук кашиданд. Зеро онҳо тақдири ин домодро низ фоҷиабор гумон мекарданд.
И.Раҷабов