Ман зеботарин духтари маҳалла, мактаб ва кӯчаамон ба шумор мерафтам.
Чун ба донишгоҳ шомил шудам, ошиқонам аз мӯйи сарам зиёдтар буданд. Боре дар як чорабинии донишгоҳ суруде хондам ва барандаи маҳфил чунин муаррифиам намуд: Акнун навбатро ба маликаи донишгоҳ, Зебандаи дилоро медиҳем!
Баъд аз ин ҳама гӯё номи маро фаромӯш карда бошанд, маликаам меномиданд. Ҳарчанд хурсандиямро нишон надиҳам ҳам, аз ин хушгӯиҳо сарам ба осмон мерасид. Ҷавоне аз курси сеюм доим аз қафоям мегашту изҳори муҳаббат менамуд, аммо ман бо ӯ гап намезадам. Ҳеҷ гоҳ тасаввур ҳам намекардам, ки ман сазовори чунин як ҷавони оддии донишҷӯ бошам.
Шоҳзодаи афсонавиямро рӯйи аспи сафеди нуқрагун меҷустам. Шоҳи орзуҳоям болобаланд, сабзина, хушсухану бовиқор ва хеле дасткушод буд. Миёни панҷ бародар духтари ягона будаму акаҳоям баъди донишҷӯ шуданам бароям хонаи якҳуҷрагӣ хариданд, то бе ягон мушкилӣ таҳсил намоям. Аз чизе танқисӣ надоштаму хеле хуб зиндагӣ мекардам. Як бегоҳ сатили ахлотро ба партовгоҳ бурдам, баъд назди ҷумаки оби дар саҳни ҳавлии бино буда сатилро шӯста ба хона рафтанӣ шудам. Дар наздикӣ мошини сафеде истода буд, азбаски тирезаҳои мошин сиёҳшиша буданду каси дарунашро дида намешуд, бепарвоёна ба тирезаи он нигоҳ карда мӯямро дуруст кардам.
Ҳамин вақт тирезаи мошин поён шуду ҷавони зебое бо табассуми ширин гуфт:
- Ёфти оинаи бепула-а?
Аз ин бархурд шарм доштаму сатилро гирифта рафтанӣ шудам. Ҷавон бошад, бо ҳамон лабханди зебо номамро пурсид.
Зебанда,- посух додам ноилоҷ.
-Ман Шоҳмон, – номи худашро гуфт ӯ.
Ҳамин тавр, мо шинос шудем. Акнун Шоҳмон ҳар субҳ маро ба дарс мебурду ҳар шом ба сайругашт. Ӯ гоҳ – гоҳе ба сафари хидматӣ мерафту то омаданаш девона мешудам, бинобар ин, хоҳиш мекардам, ки аз атраш ба рӯймолчае пошида ба ман диҳад, то ин ки лаҳзаҳои бе ӯ будан накҳати оғӯши ҷонбахшашро эҳсос намоям. Дар борааш чизе намедонистам. Ошиқам дар бораи ояндаи мо ва издивоҷ сухане ба забон намеовард, аммо мани кури ишқ чизи дигаре ғайри дидори ширинаш намехостам.
Яксолагии шиносоиямонро дар тарабхонаи бонуфузе қайд намудему Шоҳмон бароям гӯшвора, гарданбанд, дастпона ва ангуштарӣ ҷамъ 150 грам тилло тақдим намуд. Ҳарчанд, ки ӯ бисёр сахӣ буд, вале ин хелаш дар тасаввурам намеғунҷид...
Он шабро мо дар ҳуҷраи муҷаҳҳази меҳмонхонае гузарондем. Рӯйи тахти сафеду атрогин, дар оғӯши ёри ошною меҳрубон худро хушбахттарин духтари дунё меҳисобидам. Шоҳмон дар гӯшам он қадар қиссаи ишқ хонд, ки худам бо хости худам иффатамро ба ӯ бахшидам. Субҳ бо дили пур ба чашмонаш нигариста гуфтам:
-Азизам, ҳарчанд ту розигии маро напурсидаӣ, аммо ман бо ҷону дил розиям то зани ту шавам! Охир, дигар байни мо чизе намонда...
- Ин хел шуданаш мумкин не, чунки ман зан дораму ду фарзанд. Ҳама дороии ман аз пушти хушдоманам аст ва агар ӯ фаҳмад, ки ман аз болои духтари эркаю ягонааш зан гирифтаам, тамом. Дигар раҳи ману шумо ҷудо. Хоҳиш мекунам маро дуруст фаҳмед! Гиря кардам, доду фиғон бардоштам, вале дигар суд набуд. Шоҳмон бо ҳамин нест шуд, вале аҳволи ман чӣ шуд медонед?
Падарам ба нею нестонам нигоҳ накарда, маро ба писари ҳамдеҳаамон маҷбурӣ фотиҳа кард. Тӯй зуд баргузор шуд. Домод шаби аввали арӯсӣ маро нодухтар ёфта, ончунон мурдакӯб кард, ки қариб мурда будам. Сарамро ба девор зада талаб мекард, ки номусатро кӣ бохт вале илоҷи дигар наёфта бду шуди гапро гуфтам. Домод шабошаб маро ба хонаамон оварда дар пеши падару модарам диктафонро монда, баъдан сеталоқам кард. Падарам, ки дар ҷамъият марди баобрӯ буд, тобу тоқати ин шармандагиро накарда, маро оқ кард. Ҳамон шаб бародаронам бо чӯбу санг зада, аз деҳа пеш карданд.
Имрӯз дар шаҳр дар хонаи як кампири урус зиндагӣ дорам. Садҳо бор пушаймонам. Ба зудбоварии худ садҳобор лаънат хонда, мушт ба сар мезанам вале дигар фоида нест. Хонандагони азиз, роҳи хатое,ки ман тай кардам, шумо тай накунед, зеро тамоми бадбахтиҳоям аз содагиву зудбовариям ба сарам омад.
Гулчина, ш. Душанбе