Formula novemver 2024
Арӯси кал
3372

Дарди дили бевамард

Чанд моҳ пас Комрон боз дар бонк пайдо шуда рост назди Мансур омад. Вай мисли дӯсти дерун бо Мансур гарм аҳволпурсӣ намуда, зиндагии аҳли хонадон, зану фарзандонашро пурсон шуд.

Комронро дида, чашмони аз гиря варамидаи занаш ба ёди Мансур расид ва хост ба суҳбат нуқта гузошта, мизоҷи хираро ба назди ягон ҳамкораш фиристад, вале Комрон худро ба курсӣ партофта, оҳи сарде кашид ва ба нақл кардани саргузашташ оғоз намуд. Маълум шуд, ки занаш аз касалии саратон фавтидаасту тамоми пули аз бонк гирифтаашро Комрон сарфи табобати беҳуда намуда, боз муҳтоҷу мунтазир шуда мондааст.
-Чор фарзандам бе модар монданд. Духтари калониам нав якумкурсаку дигар бачаҳоям ҳама мактабхонанд. Намедонам, ятимчаҳоро парасторию дилбардорӣ кунам ё аз пайи бизнесам шавам. Бе занӣ душвор будааст, Худованд ҷони мардакро пеш аз ҳамсараш бигарад, вагарна мо, мардҳо бе зан хор мешавем,-дарди дил намуд Комрон.
Дили Мансур ба ҳоли ин марди бадбахт сӯхт ва қарор дод, ки пинҳонӣ аз Комила ба вай боз ёрӣ мерасонад, то аз бонк қарз гирифта, сарҳисоби зиндагиашро ёбад.

 


Ҷаҳони муосиро бидуни компютер тасаввур кардан имкон надорад. Имрӯз оилаеро (хоса дар шаҳр) пайдо кардан душвор аст, ки компютер надошта бошад.


Y2eJ1rw2RK3l8WAzwPPXve7HBD7IR4mJA9Xf2ftN_1
Зан не, ҷазои Худованд
Комрон баъди гузаронидани маъракаи чили ҳамсараш Машҳура ном ҷавонзани аз шавҳараш ҷудошудаеро ба никоҳаш даровард, то бачаҳои беморашаро нигоҳубин намояд. Ба занмурда зан азиз гуфтагӣ барин, зани сеюмашро азизу эрка мекард ва ҳар чӣ гӯяд, дарҳол гирифта медод. Машҳураи маккора пас аз як моҳи зиндагӣ бо нозу ишва аз шавҳараш хоҳиш кард, ки ба вай мошин харида диҳад. Комрони аз макри ин зани ҷавон бехабар дарҳол розӣ шуда, пули аз бизнеси бо шарофати шавҳари Комила-Мансур саркардааш ба даст омадаро сарфи амалӣ намудани ин орзуи хонуми таннозаш намуда, ба Машҳура мерседес харида дод. Ҷавонзани эрка ба ҷойи ба қадри олиҳимматию меҳрубониҳои шавҳар расидан аз гӯлу гарангии Комрон истифода бурда, ҳар рӯз ягон нағмаи нав мебаровард.
Гоҳ дар оғӯши ин, гоҳ дар оғӯши он
Комрон ба муддати 1 ҳафта ба командировка равон шуда, аз Машҳура хоҳиш кард, ки либосу дигар лавозимоти сафарашро дар сумкааш ҷо ба ҷо карда, то баргаштани вай бачаҳояшро нағз нигоҳубин намояд. Хабари ба командировка рафтани шавҳарашро шунида, чеҳраи Машҳура якбора гул барин шукуфон гашт, вале Комрони серкор ба ин заррае аҳамият надода, баромада рафт. Машҳураи тардоман худи ҳамон рӯз, пас аз гусел кардани шавҳараш ба як хушдори серпулаш занг зада, дар яке аз меҳмонхонаҳои бонуфӯзи пойтахт мулоқоти ошиқона таъин кард. Вақте ки Машҳура аз дасти кавалери пираш дошта ҷониби ҳуҷраи 1005-и меҳмонхона мерафт, ҷӯраи наздики шавҳараш Комрон-Миралӣ бо чанд нафар меҳмонҳои хориҷӣ аз зинаҳо мефаромад. Ҳамсари ҷавони дӯсти бадбахташро бо як марди пиракӣ дар меҳмонхона дида, ҳуш аз сари Миралӣ парид ва дарҳол ба Комрон занг зад…
Комрон баъди гузаронидани маъракаи чили ҳамсараш Машҳура ном ҷавонзани аз шавҳараш ҷудошудаеро ба никоҳаш даровард, то бачаҳои беморашаро нигоҳубин намояд. Ба занмурда зан азиз гуфтагӣ барин, зани сеюмашро азизу эрка мекард ва ҳар чӣ гӯяд, дарҳол гирифта медод. Машҳураи маккора пас аз як моҳи зиндагӣ бо нозу ишва аз шавҳараш хоҳиш кард, ки ба вай мошин харида диҳад. Комрони аз макри ин зани ҷавон бехабар дарҳол розӣ шуда, пули аз бизнеси бо шарофати шавҳари Камила-Мансур саркардааш ба даст омадаро сарфи амалӣ намудани ин орзуи хонуми таннозаш намуда, ба Машҳура мерседес харида дод. Ҷавонзани эрка ба ҷойи ба қадри олиҳимматию меҳрубониҳои шавҳар расидан аз гӯлу гарангии Комрон истифода бурда, ҳар рӯз ягон нағмаи нав мебаровард.
Гоҳ дар оғӯши ин, гоҳ дар оғӯши он
Комрон ба муддати як ҳафта ба командировка равон шуда, аз Машҳура хоҳиш кард, ки либосу дигар лавозимоти сафарашро дар сумкааш ҷо ба ҷо карда, то баргаштани вай бачаҳояшро нағз нигоҳубин намояд. Хабари ба командировка рафтани шавҳарашро шунида, чеҳраи Машҳура якбора гул барин шукуфон гашт, вале Комрони серкор ба ин заррае аҳамият надода, баромада рафт. Машҳураи тардоман худи ҳамон рӯз, пас аз гусел кардани шавҳараш ба як хушдори серпулаш занг зада, дар яке аз меҳмонхонаҳои бонуфӯзи пойтахт мулоқоти ошиқона таъин кард. Вақте ки Машҳура аз дасти кавалери пираш дошта, ҷониби ҳуҷраи 1005-и меҳмонхона мерафт, ҷӯраи наздики шавҳараш Комрон-Миралӣ бо чанд нафар меҳмонҳои хориҷӣ аз зинаҳо мефаромад. Ҳамсари ҷавони дӯсти бадбахташро бо як марди пиракӣ дар меҳмонхона дида, ҳуш аз сари Миралӣ парид ва дарҳол ба Комрон занг зад.

Як бор ҷасти малахак…
Ба бахти Машҳура телефони Комрон ҷавоб надод ва Миралӣ оҳи сарде кашида, то ба ҳуҷраи меҳмонхона даромадани ҳамсари беномуси ҷӯрааш бо мӯйсафед аз пасашон бо нафрат нигаристу «Худо мардонро аз чунин занҳои фоҳиша амон диҳад» гуфта, бо табъи хира ҳамроҳи меҳмононаш аз меҳмонхона баромад. Манзараи дидааш он қадар ғаши Миралиро оварда буд, ки натанҳо ҳамон рӯз дасташ ба коре пеш нарафт, балки шаб то саҳар низ миҷа таҳ карда натавонист. Ҳар дам симои Машҳураи бо мӯйсафед дастобағал дар пеши назараш ҳувайдо гашта, фикри тақдири талхи ҷӯрааш Комрон намегузошт ба хоби роҳат равад. «Аҷаб бе рӯзӣ будааст ин Комрон, зани аввалаш кал баромад, зани дуюмаш шаттоҳ буд ва бар замми ин, ҷавонмарг шуд, зани сеюмаш фоҳиша, аҷиб, ин бача дар назди Худованд чӣ гуноҳ карда бошад, ки чунин сарнавишти талхро насибаш гардонидааст» мегуфт худ ба худ Миралӣ.
Рашкат ояд, дастатро газ
Як ҳафта пас Комрон аз командировка баргашта, аз фурӯдгоҳ рост ба хонааш омад ва дид, ки кӯдаконаш танҳоянду аз зану духтари калониаш дарак нест. Фикр кард, ки шояд ҳардуяшон якҷоя ба ягон ҷо меҳмонӣ рафтаанд ва зери лаб «Беақлҳо, наход одам дар ҳамин шомгоҳ бачаҳои хурдсолро монда дугонабозӣ равад» гӯён, дарҳол ба Машҳура занг зад. Телефонии занаш хомӯш буд. Хавотир шуда ба духтараш занг зад, вале гӯшакро ҷавоне бардошт. Комрон бо садои аз ғазаб ларзон бонг зад:
-Ту кистӣ? Барои чи телефонии духтари ман дар дасти туст? Идомаашро фардо соати 21:00 интизор бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Макс 2019-10-05, 23:15
Инхо хама як гапи друг аст гуе дар тавалудхона будан харду якум фарзанхояшонро карданд унвакто тамгаи мошини Опел будаст алакай фарзандаш якум курс шуд гуе якум фарзандонашон солхои 90 будаст дар он вакт Мошини Опел на бд кууу дар хол фарзандонашон як курс шудааанд эй рувакотон сиех хай аз бекори каду кори
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Макс 2019-10-05, 23:15
Инхо хама як гапи друг аст гуе дар тавалудхона будан харду якум фарзанхояшонро карданд унвакто тамгаи мошини Опел будаст алакай фарзандаш якум курс шуд гуе якум фарзандонашон солхои 90 будаст дар он вакт Мошини Опел на бд кууу дар хол фарзандонашон як курс шудааанд эй рувакотон сиех хай аз бекори каду кори
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД