Дирӯзакак зиндагиятон ширу шакар барин буду имрӯз бо дили нохоҳам ба хона меравед. Чанд қоидае вуҷуд дорад, ки бо риояи он зиндагии хушбахтона ба сар бурдан мумкин аст.
1. Бевафоӣ
Донистани он ки шахси дӯстдоштаат бевафоӣ кардааст, хеле душвор аст. Ҳодисаҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди аҳдшикании яке аз ҳамсарон зиндагӣ идома меёбад, вале лаззату маънии ҳаёт гум мешавад.
2. Пастзании шарики умр
Ба ҳеҷ ваҷҳ ҷуфти худро паст назанед, хусусан дар ҳузури дигарон. Шахси дӯстдоштаатонро паст зада, шумо қадру қимати ӯро ба хоки раҳ баробар месозед. Муҳаббати бузургтарин ҳам баъди чунин пастзаниҳо мемирад.
3.Муҳаббати интернетӣ
Бо пайдошавии Интернет шиносшавӣ хеле кори осон гашт. Ишқбозиҳои интернетӣ таъсири худро ба ҳаёти шахсӣ ҳатман мерасонанд.
4. Пулсарфкунӣ
Бе маслиҳат хариди калон кардан маънои онро дорад, ки шумо мехоҳед «кўрпаро ба рўйи худ кашед». Ин рафтор ҳатман ба девори бахтатон теша мезанад.
5. Одатҳои бад
Қиморбозӣ, майхорагӣ ё нашъамандӣ оилаи ободро вайрон месозад. Нимашаб масту аласт ба хона омаданатон умуман ба ақли солим рост намеояд.
Нафаре, ки дар хобаш худро дар ҳоли хамёзакашӣ мебинад, ба роҳи шайтонӣ меравад.