Шараф то ба Ватан омадан чунон хурсанду мамнун буд, ки бо сухан тасвир кардан имкон надорад. Дар дили пур аз орзуҳо кохи зебои зиндагии ояндаашро тасаввур мекарду дар лабонаш табассум гул мекард. Зуд-зуд ба акси зебои Дилноза чашм дӯхта, ба худ мегуфт:
-Азизам, ман туро бо тамоми ҳастиам дӯст медорам. Мехоҳам зудтар ба дидори ширини ту бирасам.
Шараф бо ҳамсари ояндааш тавассути сомонаи иҷтимоӣ шинос шуда буд. Онҳо муддати ду сол бо ҳам мукотибаи дӯстӣ доштанд. Дӯстияшон оҳиста-оҳиста ба ишқу муҳаббати қавӣ мубаддал гашт. Дилноза аслан ҳатто ҷаҳонбинии дуруст надошт, ба ҷойи ӯ дар сомона гоҳҳо дугонаи донояш менавишту рӯз аз рӯз Шарафро ба худ мафтун месохт. Дилноза, ки худ бадрӯву безеб буд, ба Шараф аксҳои зебои духтари моиндарашро фиристода буд. Тасодуф ҳамин буд, ки духтарак ҳамсолаш буду номаш ҳам Дилноза.
Вакте ки падару модари Шараф барои хостгорӣ ба хонаи волидони Дилноза рафтанд, падараш дарк накард, ки гап сари кадом духтари хонавода меравад. Дилнозаи калонӣ дар асл бо лақаби Диля машҳур буду касе дар деҳа номи аслии ӯро ба забон намеовард.
Ишқи интернетӣ
Наим баъди марги ҳамсари аввалааш як ҷавонзани шавҳармурдаро аз деҳаи дигар дӯст дошту бо як духтарчааш никоҳ карда, бист сол пеш оварда буд. Духтарчаи Шарофат ҳам он вақт 2- сола буду ҳамагӣ аз духтари худаш чанд моҳ фарқ мекард. Дилнозаҳо якҷоя калон мешуданд. Шарофат ба хотири бахт аз духтари худаш дида, духтари шавҳарашро бештар меҳрубонӣ мекард. Дилнозаи дигарӣ нисбати духтари падарандараш хоксортару зеботар буд. Ҳусну ҷамоли худододи ӯ ҳар бинандаро мафтун мекард. Диля бошад, баръакси ӯ мисли падараш қоматбаланду бозупаҳн ва сияҳҷурда буд. Диля дар сомонаҳо ба ҷои акси худаш ҳамеша аксҳои Дилнозаро гирифта, пинҳонӣ ба номи худаш мегузошт. Маҳз акси зебояш Шарафро ошиқи шайдо гардонида буд. Вақте тавассути телефон гап мезаданд, Диля кӯшиш мекард, ки бо ин ҷавони сода ширину бо эҳтиёт гап занад. Диля чанд вақт барқасдона ба сомона надаромада, ҳатто гӯширо набардошт. Шараф пазмони дӯстдоштааш шуда, пайи ҳам ба сомона нома менавишт. Оқибат Диля гӯширо бардошта, ба ҷойи салому алейк нақш бозида гуфт:
-Шараф, маро падарам ба шавҳар доданӣ аст.
-Охир, чаро ба падарат намегӯӣ, ки дӯстдошта дорӣ?-садои Шараф меларзид.
-Гуфтам, падарам мегӯяд, ки бигзор хостгор фиристад.
-Охир, ҷонам, барои хатми донишгоҳ дар ин ҷо ду моҳ мондаасту халос.
-Намедонам, дигар ба ман нома нанавис!-барошуфт Диля.
-Нишониатро бигӯ, модарамро мефиристам, туро ба ман фотиҳа мекунанд,-ба хулоса омад ҷавон.
-Майлаш, ҷонам,-Диля аз нақши бозидааш мамнун буд.
Хостгорӣ ва тӯй
Хамин тавр, модару падари Шараф барои хостгорӣ ба хонаи Дилнозаҳо омаданд. Чун Дилнозаи зеборо дар рӯи ҳавлӣ диданд, хурсанд шуданд, ки писари ягонаашон дар интихоб хато накардааст. Падару моиндари Диля ҳам гумон карданд, ки гапи духтари калонӣ рост асту хостгор маҳз ӯро хуш карда омадааст. Зану шавҳар бо орзуву ҳаваси зиёд Диляро бо Шараф ноншиканон карданд. Дилноза аз бахти апааш хурсанд гуфт:
-Апаҷон, чӣ хел нағз, хайрият шумо бахти худро ёфтед.
-Боз чашм накунӣ,-дағалӣ кард Диля.
Шараф то рӯзи тӯй умед дошт, ки арӯс маҳз Дилнозаи хурдӣ аст. Намедонист, ки Диля дидаву дониста, ӯро то имрӯз фиреб кардааст. Диля пайваста ҷавонро фиреб карда мегуфт:
-Ман мехоҳам, ки ишқу муҳаббати ману ту аҷибу ғайриоддӣ бошад. Тасаввур кун, рӯзи тӯй дар таги чодар мо аввалин бор якдигарро баъди ин қадар суханони ширини виртуалӣ мебинем. Ана баъд сар мешавад, ошиқиҳои ҳақиқии мо.
Шараф як рӯз пеш аз тӯй ба Ватан баргашт. Мехост, ки рафта аз наздик шоҳдухтари орзуҳои қалбашро бубинад. Аммо дар хона ҳама дар тараддуди тӯй буданду модараш гуфт:
-Писарам, арӯси хушкардаат ҳам зебо асту ҳам чаққону таърифӣ. Рӯзи хостгорӣ як оши палави барги токӣ пухт, ки то ҳанӯз тамъаш аз даҳонам намеравад.
Шараф аз ин таърифи модар хурсанд шуд. Рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Домодро таҳти навои доираву дабал ба хонаи арӯс дароварданд. Дар таги чодар ногаҳон чашми домод ба Дилнозаи асосӣ фитод, ки буғчаҳои меҳмонон дар даст “хуш омадед” мегуфт. Шараф лаҳзае худро гум кард. Охир, дар аксҳои дидааш ҳамин духтарро дида буд. Мехост, ки чодари арӯсро аз рӯяш бардорад, аммо Дилноза ба ӯ бо меҳр нигариста гуфт:
-Язнаҷон, апаи Дилнозам барои ҳамаи мо азиз аст. Эҳтиёташ кунед.
Шараф аз суханони ширини Дилноза каме тасаллӣ ёфта, фикр кард, ки шояд Дилнозаи ӯ ягон хоҳарзодаи ба худаш монанд дорад. Ҳол он ки Диля дар бораи хоҳар доштанаш ҳеҷ гоҳ ба ӯ чизе нагуфта буд. Ҳангоме, ки дар дами дарвоза Диля чодарро каме яктарафа карда, бо падараш хайрухуш кард, Шараф рӯи арӯсро диду якбора мисли каждумгазида воҳ гуфт. Домоди бечора қариб буд беҳуш шуда, ба замин афтад. Охир, ин духтар мардсурат буду ҳатто гирди лабонаш каме мӯйлаб ҳам дошт. “Худоё, ин хоб аст ё бедорӣ? Ман киро гирифта истодаам, канӣ Дилнозаи ман?”