Хабари ба шавҳар баромадани кампири Азизаро шунида, хурду калон гиребони ҳайрат медоштанд.
Тӯйи булаҷаб
-Аҷаб занаки беҳаё будааст ин кампир, як пояш дар лаби гӯру боз шавҳар кард-э!
-Нагӯед. Ба рӯи фарзандон, келину домод ва набераҳояш чӣ хел нигоҳ мекарда бошад-а?
--Эҳ, Худо ба кас имон диҳад. Дар ин синну сол тоату ибодатро монда шавҳар кардан аз беимонист...
Мардуми маҳалла як моҳ боз бо чунин суханҳо Азиза-холаро байни худ муҳокима карда, носазо мегуфтанд. Дар ҳақиқат кори кардаи ин зани 65-сола соҳиби фарзандони баркамол, келину домод ва чанд набераю абера ба ақли мардуми маҳал рост намеояд.
“Марҳамат рӯзи якшанбе ба хонаи мо, ба тӯй биёед” гӯён, набераи Азиза-хола- Рустам ҳаққу ҳамсоя ва хешу таборро ба тӯй таклиф кард. Вақте мардум фаҳмиданд, ки Рустам онҳоро ба тӯйи бибиаш даъват мекунад, ангушти ҳайрат газида, моту мабҳут монданд.
Арӯс пиру бахташ мир
Рӯзи тӯй мардуми зиёде ҷамъ омад. Одамонро на тӯй, балки кунҷкобӣ ба хонаи Азиза-хола оварда буд.
-Шояд набераатонро ҳазлаш гирифта, моро ба тӯйи шумо даъват кард?-мепурсиданд аз Азиза-хола меҳмонҳо ва бархе ҳамин саволро ба фарзандону келинҳои кампир медоданд.
-Не, ягон ҳазл нест. Мехоҳам дар даврони пирӣ танҳоӣ накашам,-ҷавоб медод бо табассум Азиза-хола, ки аз хушбахтӣ чашмонаш барқ мезаданд.
-Ин тасмими худи модарам аст, бигзор хушбахт шавад,-кӯтоҳ посух медоданд фарзандони кампир...
Ишқи аввал-ғурраи сармозада
Волидайни Азизаву Шарифбек дар як деҳа дар ҳамсоягӣ мезистанд, аммо байни онҳо дӯстиву рафоқат вуҷуд надошт. Падаронашон бо баҳонаҳои ночиз даст ба гиребон шуда, умре қаҳрию ногап буданд. Шарифбек дар синфи нуҳум мехонду Азиза дар синфи ҳафтум. Ҳамсоябачаро ҳусни расои Азиза волаву шайдо гардонда буд, вале аз тарси хашми падар сири дилашро ба касе намегуфт. Дарди ишқ қалби ин ҷавони деҳотиро торафт обу адо мекард ва ниҳоят пас аз ду сол Шарифбек “ҳарчӣ бодо бод”-гӯён ба Азиза, ки акнун дар синфи ҳаштум таҳсил мекард, мактуби ошиқона навишт. Ҷавон розу ниёзи хешро ба воситаи ду рубоӣ ба ҳамсоядухтар гуфта, бовар надошт, ки аз вай посух мегирад, аммо ғайричашмдошт Азиза бо дубайтиҳо ба ӯ ҷавоб гардонд ва бо ҳамин ба Шарифбек пайке аз пазироии ишқ дод...
Рози шабҳои маҳтобӣ
Шабҳои моҳтобӣ Азизаву Шарифбек чашми волидонашонро хато карда, пинҳонӣ аз оламу одам дар боғи Азизаино вомехӯрданд ва то дамидани субҳ аз боби ишқу муҳаббати абадӣ ҳарф зада, гаштаву баргашта савганди вафодориву садоқат мехӯрданд. Барои ин ду дилдода даст ба дасти якдигар додану пичир-пичиркунон гап задан аз тамоми хушбахтиҳои олам авлотару болотар буд, аммо...
Гумони бад
Дар гирди ҳавлию боғи онҳо давр задани писари ҳамсоя дар дили падари Азиза, амаки Нозим шубҳаро бедор кард. “Ин сағераи гандападар ягон чиза таги чашм кардагӣ”,-фикр мекард худ ба худ мӯйсафед ва гумон дошт, ки Шарифбек ягон асбоби рӯзгорашонро дуздиданӣ аст. Амаки Нозим мехост Шарифбекро дар вақти дуздӣ дастгир карда, падарашро муттаҳам созад. Мӯйсафед белу каланд ва досу табарашро бурда дар гӯшае, ки ба андешааш барои дуздидани дузд қулай буд, гузошт. Вай боварӣ дошт, ки Шарифбек ҳатман онҳоро мебинаду шабона барои дуздиданашон ба ҳавлии вай медарояд.
-Дуздбача, туро қапида пеши падарат мебараму шармандагиатонро мебарорам,-хаёлан бо бачаи ҳамсоя мунозира карда, аз дил мегузаронд мӯйсафед ва аз ин интиқоми хаёлӣ завқ мебурд, вале...
Бӯйи мушк пинҳон намемонад
Шаб аз нисф гузашту амаки Нозимро ғанаб бурд. Ӯ баъди чанде аз хоб осемасар чашм кушода, оҳиста аз ҷойхобаш хесту берун баромад ва ба тарафе, ки барои дузди эҳтимолӣ асбобҳояшро гузошта буд, нигарист. Асбобҳо дар ҷояшон меистоданд. Дили мӯйсафед аз он, ки Шарифбек то ҳол барои дуздӣ наомадааст, хиҷил шуд, чунки дар сурати ба ҳавлиаш надаромадани бачаи ҳамсоя нақшааш барбод мерафт. “Канӣ камтар поям, меомадагист”,-гуфт худ ба худ мӯйсафед ва дар канораи ториктари ҳавлӣ пинҳон шуд. Ногоҳ дид, ки духтари калониаш Азиза аз ҳуҷраи кунҷӣ, ки ҳамроҳи хоҳаронаш он ҷо мехобид, берун баромад. “Шояд барои қазои ҳоҷат баромадааст”,-аз дил гузаронд падар ва дар торикӣ худашро хубтар пинҳон кард, то духтарашро тарсонда намонад.
Азиза тарафи ҳоҷатхона неву осемасар ҷониби боғ қадам гузошт. Падар ҳайрон-ҳайрон ба вай менигарист, ки дар ин нимаи шаб духтараш ба куҷо мерафта бошад ва чӣ кор карданист. Лаҳзае пас мӯйсафед саҳнаеро дид, ки дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд ва ҷон гӯё якбора аз дасту пойҳояш баромада бошад, сарашро дудаста дошта ба замин нишаст. Ба пешвози Азиза Шарифбек баромад ва онҳо якдигарро ба оғӯш кашиданд. Чашмони амаки Нозим бо дидани ин манзара сиёҳӣ заданд. Гумоне аз ҳуш рафт. Дар ҳолати мадҳушӣ чӣ қадар истод, намедонад, аммо билохира худро ба даст гирифту бо ғазаб ба сӯйи ду дилдодаи сармасти висол давид. Мушту лагади мӯйсафед беамон ба сару рӯи Шарифбек ва духтараш фурӯ мерехт. Вай то бехуд шудан ошиқонро латукӯб кард. Ҳиссиёти тарсу шарму изтироб якҷоя шуда, забони Шарифбеку Азизаро гӯё лол гардонда буд ва дилдодагон карахт шуда, ҳарфе барои ҳимояи худ гуфта наметавонистанд.
-Амаки Нозим, ман духтаратона ба занӣ мегирам,-ниҳоят каме ба худ омада канда-канда ба забон овард Шарифбек.
Ин сухан ба рӯйи оташи ғазаби мӯйсафед равған рехт.
-Номаъқул кардӣ, ҳаромзод! Ман духтар он тараф истад, кайки сагамро ба ту намедиҳам!!!-аррос зад мӯйсафед ва ду-се мушти дигар ба сари Шарифбек фуроварда, тарафи хонааш рафт.
Азиза аз тарс дигар тарафи Шарифбек ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда думболи падарро гирифт...
Ҳукми падар
Тасмими амаки Нозим дар мавриди ба дигар ҷой кӯч бастан барои аҳли хонадон ғайричашмдошт буд. Ҳама ҳайрон буданд, ки чаро яку якбора вай аз деҳа кӯч бастанист, вале на Азиза ва на падараш дар мавриди воқеаи шабона ба аҳли оила чизе нагуфтанд. Баъди он шаби тақдирсӯз падараш дигар бо Азиза гап намезад, вале дар дил тасмим гирифта буд, ки ин духтари ноқобилро ба таври худ ҷазо диҳад...
-Азиза дигар ба мактаб намеравад,-ҳукм кард падар дар хонаи нав.
-Барои чӣ, охир ду соли дигар бояд хонад-ку?-ҳайрон монда пурсид модари Азиза.
-Хонданаш бас аст, акнун ӯро ба шавҳар медиҳем!
Ҳама ба Азиза менигаристанд, ки ӯ ба ин гапи падараш чӣ мегӯяд, аммо духтарак сар ба зер афканда, хомӯшӣ ихтиёр карда буд.
Домоди ланг
Амаки Нозим барои духтараш зуд номзад пайдо кард. Домодшаванда-Маҳмадулло писари яке аз шиносҳои деринаш буд ва пояш сахт мелангид. Аҳли оила барои Азизаро ба ин ҷавони ланг ба занӣ додан эътироз карданд, вале худи арӯсшаванда ба амри падар сар фароварда, чизе нагуфт.
Тӯй мувофиқи расму таомул гузашту арӯсро “Ёр-ёр” гӯён, ба хонаи бахташ гусел карданд.
Зиндагии оилавии Азизаву Маҳмадулло берабту бемазмун оғоз ёфта бошад ҳам, баъди таваллуди пай дар пайи панҷ фарзанд зану шавҳар ба тақдир тан дода, ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром мекарданд. Азиза ба хотири фарзандонаш аз хати кашидаи шавҳараш берун намебаромад. Вай ҳеҷ гоҳ аз касе дар бораи Шарифбек чизе напурсида бошад ҳам, оташи ишқи аввал ҳанӯз дар дилаш хомӯш нашуда буд, вале инро ошкор намекард...
Гирдоби зиндагӣ
Шавҳари Азиза-Маҳмадулло баъди чандин соли зиндагии якҷоя, ба дарди ҷонсӯзе гирифтор шуда, ҳафт сол рӯйи ҷогаҳ хобид. Давоми ин солҳо зану фарзандонаш ҳамеша дар канораш буданд ва барои шифо ёфтани ӯ тамоми кори аз дасташон меомадаро мекарданд. Бобои Маҳмадуллоро ба назди табибони номдор буданд, дар беморхонаҳо хобонда табобат карданд, аммо марг панҷаи гирояшро аз гиребони мӯйсафед раҳо накарда, ниҳоят ҷони ӯро рабуд. Азиза-хола мисли дигар занҳои мусулмон шавҳарашро бо обрӯ ба хок супурда, бо кӯмаки фарзандонаш тамоми маросимҳои мотамии мӯйсафедашро аз рӯйи расму таомул гузаронд. Кампир бо дарду ғами худ овора буд ва ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки худованд дар дами пирӣ дари бахти ҳақиқиро ба рӯяш мекушояд, вале...
Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад
Аз марги шавҳараш чор сол гузашт. Як рӯз Азиза-хола дар рӯйи кат нишаста чой менӯшид, ки наберааш Рустам тозон аз кӯча омада хабар дод, ки мошини калони Камаз тарбузу харбузаи фурӯшӣ овардааст. Кампир набераашро пеш-пеш карда, барои харидани тарбуз рафт ва чеҳраи ошноро сарфи назар аз гузашти солҳои тӯлонӣ зуд шинохта, дилаш ба ларза даромаду ба танаш мурғак дамид. Ронандаи мошини Камаз ишқи аввалаш Шарифбек буд. Тӯфони зиндагӣ ва гузашти умр дар чеҳраи зебои Азиза даҳҳо хати ожанг кашида бошад ҳам, бо як нигоҳ Шарифбек низ ишқи аввалашро шинохт ва дилаш ба ёди боғи сабзу шабҳои маҳтобӣ гум зада гуфт:
-Дигар туро аз даст додан намехоҳам!
-Ману ту акнун ҷавонҳои дирӯза нестем, ки гуноҳамонро аз ҷавонӣ дониста, бахшанд. Фарзандон, хешу табор, занат, онҳо чӣ мегӯянд?!
-Занам як сол боз дар қайди ҳаёт нест. Хешу табор ва фарзандонам хуб медонанд, ки ман як умр танҳо туро дӯст медоштаму медорам. Ҳамсари ман мешавӣ?-қатъӣ пурсид Шарифбек.
Дар дили Азиза шуълаи умед аз нав аланга гирифт ва чашмонаш ашки хурсандӣ афшонданд...
Бахти деромада
Азиза-хола ба хонааш омаду дарди дилашро “ҳарчӣ бодо, бод”- гӯён, ба фарзандонаш аз аввал то охир қисса кард. Барои фарзандон муҳимтар аз ҳама хушбахтии модар буд, бинобар ин гуфтанд, ки салоҳияти зиндагияш дар дасти худи ӯст.
Имрӯзҳо ҳама дар деҳа Азиза-холаро муҳокима мекунанд, вале барои ӯ фарқ надорад, ки дигарон дар борааш чӣ мегӯянд. Азиза-хола худро зани хушбахттарини олам мешуморад ва Худоро шукр мегӯяд, ки дер бошад ҳам, ӯро ба муроди дилаш расонда, ҳамсари марде гардонд, ки барояш бисёр азиз ва маҳбуб аст...