Arzon march 2024
Арӯсдузд
1642

 

Ифтихор дар деҳаяки наздишаҳрӣ зиндагӣ мекард. Падару модараш рӯзгори фақирона доштанду бо нони меҳнатӣ фарзандонашонро мехӯронданд. Амаки Сафар бо вуҷуди подабон буданаш ду духтару ду писари калонашро хононда, соҳиби илму кор карду ба хонаи бахташон равон намуд. Ифтихор бошад, хилофи акаву апаҳояш мактабро бо гардани баста хонд.

Тақдири минбаъдаи эркаписари кенҷа волидонро ба ташвиш оварда буд, вале худи Ифтихорро парво набуд, ки ояндааш чӣ мешавад. Пас аз гирифтани номаи камол рӯзе аз падараш дуо хост, то рафта ҳуҷҷатҳояшро ба ягон омӯзишгоҳ супорад. Падару модарро ин рафтори писари хурдӣ ба ҳайрат оварда бошад ҳам барояш дуои нек доданд.

Ифтихор ба мактаби ронандагӣ ҳуҷҷатҳояшро супориду яке аз муаллимонро зорӣ намуд, ки восита шуда, ӯро ба омӯзишгоҳ дохил намояд. Хуллас, бо кӯмаки он муаллим ба омӯзишгоҳ дохил шуд.

Амаки Сафару ҳамсараш аз омад кардани кори писарашон хурсанд шуда, шабу рӯз дуо мекарданд, ки Ифтихор ду соли донишҷӯиашро бо муваффақият сипарӣ намояду соҳиби касбу кор шавад.

 

Мактабгурез корчаллон шуд

Ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, Ифтихор ду сол дар омӯзишгоҳ таҳсил намуду онро бо муваффақият ба итмом расонд. Пас аз хатми омӯзишгоҳ ихтиёран ба хизмати харбӣ рафт. Ду соли хизматро низ сарбаландона ба ҷо оварда, ба хона баргашт.

Моҳе аз баргаштанаш нагузашта барои мардикорӣ ба Русия равон шуд. Аввал дар сохтмон кор ёфту баъдан ронандаи кран шуд. Меҳнатдӯстиву рафтори хубашро ба назар гирифта, роҳбарияти корхона ӯро аз як сохтмон ба сохтмони дигар ба кор мефиристод. Ҳар моҳ то 40 ҳазор рубли русӣ маош мегирифту пулашро сарфи айшу нӯш накарда, ба волидонаш мефиристод.

Бародараш Зариф бо пулҳои фиристодаи Ифтихор хонаҳояшонро пурра таъмир намуда, баъдан бо маслиҳати падару модараш ҷиҳози тӯёна харид. Падару модар ва хоҳару бародаронаш дар ҷустуҷӯи арӯс афтоданд. Ифтихор пас аз се соли муҳоҷирӣ бо сари баланд ба Ватан баргашт. Касе бовар надошт, ки ҳамин ҷавони мактабгурез рӯзе меҳнатию пулёб мешавад.

Аз дидани тану туши паҳлавононаи Ифтихор ба ваҷд омада, духтаракони деҳа сӯяш ба чашми харидорӣ менигаристанд, вале ҷавонро парвои онҳо набуд. Келинҳои таги чашм кардаи модару хоҳаронашро ҳам хуш накард. Як субҳи барвақт аз падару модараш дуо гирифту ҷониби Душанбешаҳр равон шуд.

 

Ишқи духтари шаҳрӣ

Қарибиҳои нисфирӯзӣ ҳангоми аз боғи «Дӯстӣ»-и пойтахт баромадан чашмаш ба 3-4 нафар духтаракони зебои шаҳрӣ афтод. Дугонаҳо хандакунон сӯҳбат доштанд. Чеҳраи яке аз духтарон ба назараш гарм намуду беихтиёр наздашон рафта: «Ассалом, кабкони хушхироми тоҷик» гӯён, даст пеши бар таъзим намуд.

Се нафар духтарон хомӯш монданду чаҳорумин, ҳамоне, ки ба назараш гарм намуда буд, шояд изои мӯъмин ҳаром гуфта, ҷавоби саломро дод. Ифтихор аз ҷавоби духтар шердил шуда, наздаш омаду худро шиносонд. Бомаҳорату бомаданият ҳарф мезад, гӯё бо ин духтар шиноси кӯҳна бошад. Духтарак аз гапдонии ҷавон мот шуда пурсид:

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ДАРДИ ДИЛИ ДУХТАРАКИ МАЪЮБ

- Бахшиш, ҷавони зебо, шумо дар факултаи филология мехонед ё дипломатия?- Ифтихор аз ин суоли ногаҳонӣ каме дасту по хӯрда бошад ҳам, худро ба даст гирифта, посух дод:

- Духтари хола, ман дар ягон донишгоҳ таҳсил накардаам. Ронандаам. Нонамро бо меҳнат меёбам.

Ҳамин тавр, Ифтихор бо Лайло шинос шуду бо як нигоҳ духтараки нозукандоми шаҳриро дӯст дошт. Лайло ҳамин сол донишгоҳи омӯзгориро хатм мекардааст. Духтарак ниҳоят зебо бошад ҳам, ҳавобаланд набуд. Ситораҳояшон бо ҳам писанд афтоду то дергоҳ бо ҳам сӯҳбат карданд. Ифтихор чунон волаю шайдои духтар гашт, ки намехост аз Лайло ҷудо шавад, аммо духтар «вақти рафтанам шуд» гӯён, хайрухуш намуд.

Ифтихор рақами телефон ва суроғаи Лайлоро гирифта, гуфт, ки волидонашро ба хостгорӣ мефиристад. Ифтихор акнун дилаш ба ёди Лайлои паричеҳра метапиду мунтазири он буд, ки кай падару модараш дар масъалаи оиладоршавиаш лаб мекушоянд. Ҳафтае бо ҳамин минвол сипарӣ шуд.

Хостгорӣ ва нақшаи дуздӣ

Рӯзе Зулайхо-хола гапро оиди оиладор намудани Ифтихор оғоз намуду ҷавони ошиқ, ки мунтазири ҳамин лаҳзаи шодӣ буд, дарҳол суроғаи Лайлоро дода гуфт, ки танҳо ҳамин духтарро ба занӣ мегирад.

Рӯзи дигар волидони Ифтихор барои хостгорӣ ба хонаи волидони Лайло рафтанд. Модари Лайло Бибисоро аз мақсади меҳмонон воқиф шуда, афсӯсхӯрон гуфт, ки се рӯз пеш духтарашонро бо дигар ҷавон фотиҳа кардаанд. Зулайхо-хола бо чеҳраи ғамгин ба хонааш баргашту асли воқеаро ба писараш фаҳмонд. Ифтихор ба хашм омада аҳд намуд, ки то охир истодагарӣ мекунаду ба висоли Лайлояш мерасад. «Бо кадом роҳе, ки набошад ман бояд Лайлоро ба даст орам! Ишқу бахти аввали Лайло бояд ман бошам, на каси дигар»,-мегуфт худ ба худ муштҳояшро фишурда.

Пас аз даву тозҳои бисёр Ифтихор ҷойи истиқомати домодшавандаро муайян намуда, нақшаи дуздидани арӯсро кашид. Ба тӯй ду рӯз монда буд, ки Ифтихор Лайлоро ба вохӯрӣ даъват намуд. Духтари бечора аз ноомади тақдираш мисли абри навбаҳор зор-зор мегирист. Ифтихор ӯро бовар кунонидан мехост, ки метавонад барои ба висоли ҳам расиданашон мубориза барад.

Лайло аз нияти Ифтихор огоҳ шуда, ба даҳшат афтод. Мехост ӯро аз нияташ боз дорад, вале Ифтихор чизеро шунидан намехост.

- Ту бояд аз ман шавӣ, фақат аз ман, фаҳмидӣ?!- амр намуд ҷавони ошиқ.

- Мо наметавонем хилофи хоҳишу амри калонсолон амал намоем. Бе дуои волидон хушбахт шуда наметавонем,- мегуфт Лайло, вале Ифтихор дигар ба вай аҳамият надода, аз паи амалӣ кардани нақшааш шуд.

Бо ҷавоне аҳди дустӣ баста, мотосиклашро дар хонаи ӯ монду таксӣ киро намуда, фаро расидани тӯйро мунтазир шуд.

 

Арӯсдуздӣ ва исёни Лайло

Рӯзи тӯй фаро расид. Лайлоро ба хонаи бахташ гусел намуданд. Тӯйи арӯсии Лайлою Шаҳзод дар саҳни ҳавлии домод доир гардид. Ифтихор номаълумак вориди тӯйхона шуда, тӯйро назорат менамуд.

Ба духтарчаи даҳсолае даҳ сомонӣ дода, хоҳиш кард, ки дар куҷо фаровардани арӯсро аниқ намояд. Духтаракаи содда арӯсхонаро ба Ифтихор нишон дод. Ифтихор ба паси хона гузашта, ҳама ҷоро аз назар гузаронд. Хонаи арӯс аз тарафи пушти бино тиреза доштааст. Дилаш ором гирифту баргашта шоҳиди Лайло Моҳираро бо ишора наздаш хонд.

- Ба дугонаат гӯй, ки агар маро дӯст дорад, шаб соати 12-00 мунтазир бошад. Агар бо хушӣ ҳамроҳам рафтан нахоҳад, як умр зиндагиашро талх месозам, шармандааш мекунам, фаҳмо!- амр намуд Ифтихор ба Моҳира.

 -Ин чӣ хел мешавад-а?- пурсид шоҳиди арӯс.

- Инаш ба ту дахл надорад!- рақами телефонашро гирифтам, дар лаҳзаи лозимӣ «SMS» мефиристам. Лайло бояд омода бошад! –гӯён, Ифтихор пас гашт.

Шаб аз посе гузашта буд. Зери пардаи торикӣ Ифтихор мотосиклашро дар зери дарахт пинҳон намуда, оҳиста-оҳиста назди тирезаи арӯсхона омаду як табақи тирезаро кушода, ба дарун нигарист. Лайло якпаҳлӯ дар зери чодари арӯсӣ хобида буд. Ифтихор як-ду маротиба «ҳей»-«ҳей» гуфт, вале Лайлоро парво набуд ё хобаш сахт бурда буд, ки наҷумбид.

Дигар тоқат накарда, Ифтихор вориди хона шуду дастрӯймоли доруи мадҳушкунанда доштаро ба даҳону бинии арӯс расонд. Лайло як ҷумбиду аз ҳуш рафт. Арӯси беҳушро рӯи дастонаш бардошта, Ифтихор аз тиреза бадар шуд.

Ба соҳиби мотосикл занг зада «Амонататро соҳиб шав, мотосиклро дар зери дарахт пинҳон кардам»,- гӯён ҷавон телефонашро хомӯш намуду арӯсро ба мошини дӯсташ бор карда, муҳаррикро ба кор даровард.

Ифтихор Лайлоро на ба хонаашон, балки ба шаҳр ба хонаи собиқ ҳамхизматаш Умар бурд. Лайло ба ҳуш омада, исён бардошт, сару рӯйи Ифтихорро «ту маро дар назди дӯсту душман шарманда кардӣ», –гӯён харошиду зор-зор гиря кард. Ифтихор низ баробари арӯс гиря мекарду «Лайлоҷон, ман бе ту зиста наметавонам» гӯён, зорӣ менамуд, ки аз гуноҳаш гузарад.

 

Ғалаба ва васли ошиқон

Субҳи рӯзи дигар дар хонаи тӯйдор овозаи дуздида шудани арӯс паҳн шуд. Меҳмонҳо гиребони тавба медоштанд. Модари бечораи арӯс аз шарм намедонист чӣ кор кунад. Шаҳзод «дар зери коса нимкосае ҳаст» гӯён, дар назди ҳама Лайлоро талоқ дод. Ҳама Лайлоро гунаҳкор мекарданд, ки гӯё «беиффат» будаасту ба ҳамин хотир гурехтааст.

Ҳафтае баъд модари духтар бо писаронаш ва ду милиса ба хонаи Ифтихор омад. Пас аз пурсуҷӯйи зиёд модари Ифтихор гуфт, ки писараш тӯли ду ҳафта мешавад, ки дар хона несту куҷо буданашро касе намедонад.

Дар аснои баҳсу ҷанҷол Ифтихор бо табъи болида вориди ҳавлиашон шуду ин манзараро дида, ҳангу манкаш канд. Бародари калониаш «ту чӣ кор кардӣ, аблаҳ. Ин чӣ шармандагист, ҳайвони бешараф» гӯён, Ифтихорро чунон лагадкӯб намуд, ки аз даҳону биниаш хун ҷорӣ шуд.

Ифтихори сару рӯяш хунолуд бо овози хазин: «Ман ӯро дӯст медорам. Бе Лайло зиндагӣ карда наметавонам. Маро фаҳмед, охир. Ман ба ӯ даст нарасондаам»,-мегуфту ашк дар чашмонаш давр мезад. Милисаҳо ба дастонаш завлона зада, Ифтихорро пешандоз карда бурданд. Касе аз аҳли хонавода аз пасаш набаромад.

Ифтихор аз оне, ки аз пасаш наздиконаш наомаданд, парво надошт. Ба қавли худаш гунаҳкор набуд, танҳо барои ишқаш мубориза бурд. Ба модари Лайло гуфт, ки то оне ҳаст, барои Лайло мубориза мебарад, чанд соле зиндонӣ шавад ҳам, аз ишқаш даст намекашад.

Дар утоқи махсус ба саволҳои муфаттиш нотарсона ҷавоб медод. Рӯйрост иқрор шуд, ки намехоҳад Лайлояш ҳамсари дигаре шавад.

Ду ҳафта аз байн гузашт. Дар маҳбас нигоҳ доштани Ифтихор дигар маънӣ надошт, зеро дар куҷо будани Лайлоро намегуфт. Таъкид намуд, ки ӯро зиндон кунанд ҳам, Лайлоро ба ҳеҷ кас намедиҳад.

Волидони духтар ба ҷуз розӣ шудан ба никоҳи дилдодаҳо илоҷе надоштанд. Ҳангоме, ки милисаи навбатдор Ифтихорро ба берун баровард, бехи гӯшаш пичиррос зада «Офарин шербача! Кошки ҳама ҷавонҳои ошиқ мисли ту содиқ мебуданд. Дар тӯят моро фаромӯш накун!» гуфт. Моҳе баъд ҷашни арӯсии дилдодагон барпо гашт. Ифтихор аз хурсандӣ тамоми кормандони шӯъбаро ҳам ба тӯяш даъват намуд.

Падари Лайло аз гуноҳи ҷавонон гузашта, барояшон дуои нек дод. Сайфиддин, бародари Ифтихор ҳам аз кори кардааш пушаймон буду намедонист аз додараш чӣ хел узр пурсад. Пас аз анҷоми тӯй бародараш Ифтихорро ба гӯшае даъват намуда гуфт:

- Ифтихорҷон, ман намедонистам, ки ту ин қадар сахт Лайлоро дӯст медорӣ. Барои туро ранҷонданам маро бубахш! Ифтихор бародарашро ба оғӯш гирифта, пичиррос зад: «Зиндагӣ бе мубориза намешавад!»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД