Sebiston new 2024 october
Арӯс аз «калян-бар» (ҚИСМИ 1)
3597

Яккаписар

Ман дар деҳаи зебоманзаре ба дунё омадаам. Падарам муаллим, модарам чун ҳама занҳои қишлоқ хонанишин, вале гулпарвар ва боғдори хуб буданд. Замини наздиҳавлигии мо чунон батартибу зебо ва сабзу хуррам буд, ки бинанда гумон мекард, онро тарроҳи чирадасте тарҳрезӣ намудааст. Падарам яккаписар будаасту модарамро, ки дар хонаи бачаҳо тарбия ёфта, дар фабрикаи ширинибарорӣ кор мекардааст, хуш карда, гирифта овардааст.

Модарам ҳамеша нақл мекунад, ки бибию бобоят маро дида, дар ҷояшон шах шуданд, тайёр буданд, ки мани ба қавли худашон бешарму ҳаёӣ «думгирифта»-ро зада-зада кушанд. Аммо падарам ятими бекасу кўй будани модарамро фаҳмонида, раҳмашон омадаасту ба вай кордор нашудаанд. Модарам дар ятимхона як муаллимаи рус доштаанд, ки ба ў тамоми нозукиҳои пухтупаз, боғдориву гулпарвариро нишон дода будаанд. Ин зан модарамро мисли духтараш дўст медоштаасту мегуфтааст, ки “ҳамин ки мактабро хатм намоӣ, ҳамроҳ ба Русия меравем”, аммо ў ба ин орзуяш нарасида, ба беморие печида, оламро падруд мегўяд.

Модари меҳнатрўзиям дар бораи волидони аслияш чизеро намедонист, хусуру хушдоманро падару модар гуфта, дар муддати кўтоҳ бо сархамию қобилияш дили ҳамаро меёбад. Боғи калони назди ҳавлиямон, ки тамоми дарахтонро дораду мо аз фурўши меваҳояш фоидаи зиёд мебинем, ҳосили ранҷи модарам аст. Модарам пайи ҳам чор духтар ва як писар таваллуд намуда, сари бибиву бобоямро ба осмон мерасонад. Ман дар муҳити гарму пурмеҳри хонаводагӣ ба воя расида, фақат афсўс мехўрам, ки бибию бобоям хеле зуд оламро падруд гуфтанду ба қад расидани моро надиданд.

Ишқи духтари ҳамсоя

Гирди ҳавлии моро девори баланде аз хонаи ҳамсояҳо ҷудо мекард. Аксари дарахтони модарам нимаш аз болои девор ба хонаи ҳамсоя мерафт, модарам ҳеҷ гоҳ меваи тарафи ҳамсояро намегирифт, ҳаққи ҳамсоя мегуфту мемонд. Ҳамсояи дасти ростамон холаи Гулбаҳор, ки хеле зани шӯх буд, ҳамеша ба модарам шӯхикунон мегуфт, ки “ҳамсояҷон, ҳамин қадар меваҳоятонро хўрдем, ки акнун Осияро ба Орифҷони шумо медиҳам, пули қалинг адо!”. Шояд зуд-зуд шунидани ҳамин шӯхӣ буд, ки ман ба Осияи нозанин дил бохтам. Осия як синф аз ман поён мехонд ва чун ман мактабро хатм кардаму ба донишгоҳ дохил шудам, сири диламро ба вай гуфтам. Ў бо ханда гуфт, ки «а бача, наход ба шӯхии модарам бовар кардӣ?», баъд оҳиста-оҳиста ба ман моил шудан гирифт. Осия мактабро хатм карда, хостгорони зиёде дошт, аз ин рў, ман ба шуъбаи ғоибона гузашта, ба Русия рафтам, то пул кор карда, ба вай хонадор шавам. Осия дар мактаб хуб мехонд, ман ба вай ваъда додам, ки кор карда омада, дар пойтахт хона мегирам ва ўро низ ба донишгоҳ дохил мекунаму баъди хатм карданаш ҳарду ба деҳа бармегардем. Ин аҳд байни ҳардуи мо буд, каси дигар намедонист, аммо баъди шаш моҳи дар Русия будани ман Осияро ба шавҳар доданд. Ман модарамро равон кардам, то модари ўро аз раъйаш гардонад, вале домодшаванда ҳуқуқшинос будаасту хонаву дари алоҳида доштааст, аз ин рў хостгорони ўро нагардонданд.

Апаҳоям, ки ҳамагӣ оиладор ва соҳиби хонаву дари обод буданд, якта-якта занг зада, маро таскин медоданд, ки “ту кор карда биё, аз Осия дида, духтари зеботареро хуш карда, ба ту медиҳем”, аммо маро ин беаҳдии Осия шикаст, ман дигар ба ватан барнагаштам.

ОРИФҶОН

Таснифи Рухсора САИД  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД