Sebiston new 2024 october
Армуғони Рамазон (ҚИСМИ 1)
1626

 

Нишона

Хиромонро модараш тавлид карду худаш аз дунё рафт, бибиву бобои падарияш ўро сархўри бепои қадам дониста, ба хонаи бачаҳо доданӣ шуданд, аммо бибии модарияш «ман нишонаи духтарамро ба ҷойи худаш калон мекунам» гӯён, кўдакро бо нолаву фиғон аз беморхона ба хонааш овард. Бобояш, ки миёни шаш фарзандаш ҷойи Хиромон барояш дигар буд, ба тифлаки навзод Хиромон - номи модарашро гузошт.

Кўдак синаи модарро мекофт ва мегирист, чор тағо гирди тифлак парвона буданд, холаи ягонааш, ки тифли навзод дошт, бо ризоияти хонаводаи шавҳар ба хонаи падарӣ омаду чил рўз ба ятимаки берўзӣ шир дод. Баъд духтури шинос ба онҳо тавсия дод, ки аз шири сунъӣ дида, ба кўдак шири буз диҳанд, ин шир дар таркибаш қариб ҳама элементҳои шири модарро дорад.

Хиромон бо бибию бобо дар хонаи тағояш бе ҳеҷ камбудӣ ба воя мерасид, ҳама аз аҳволаш хабардор буданд, холааш модарвор навозишаш мекард, духтарони холааш чун хоҳар барояш мушфиқ буданд. Ҳамин тавр, нозанин ба воя расида, аз рўи хоҳишу завқи худ ба Донишгоҳи омўзгорӣ дохил шуду онро хатм кард ва ба деҳа баргашт. Дар мактаб ба кор оғоз карда буд, ки хостгоронаш пайдо шуданд ва бобою бибияш, ки акнун пир шуда буданд, ўро ба як муаллимбача аз деҳаи ҳамсоя доданд. Тағоҳояш барояш ҷиҳоз, зару зевари зиёде хариданд, тўяш ҳам бо шукуҳ гузашт ва ўро ба хонаи бахташ гусел намуданд.

Ниҳоли бесамар

Ҳамсараш дар хонаашон писари ягона буд ва чор апа дошт, ки ҳамагӣ соҳиби хонаву дари худ буданд. Зиндагияшон бо ҳамсараш Карим хеле ширин оғоз ёфт. Хиромон, ки дар тарбияи бибиву бобо калон шуда буд, хеле боодобу порсову ҳунарманд буд, хусуру хушдоманаш ўро хеле дўст медоштанд. Ў дар мактаби наздикии хонааш аз фанни забони русӣ ба хонандагон дар басти дуюм дарс медод, ҳамсарашро дар маориф ба вазифаи баландтар ба кор гирифтанд. Хусуру хушдоманаш инро аз паю қадами неки келин медиданду ҳамеша таърифаш мекарданд.

Хиромон дар мактаб муаллимаи таърифӣ, дар деҳа келини таърифӣ буд, ҳама ҳавас мекарданд, ки мисли ў келин дошта бошанд. Либосҳои шинами миллӣ ба қади баланду зебои ў бисёр мезебиданд, шогирдонаш ўро зиёд дўст медоштанду эҳтиром мекарданд. Аммо як ғам рўйи зиндагии ширини ў соя афканда буд, ки ин ҳам бошад, ғами бефарзандӣ буд. Аз зиндагии якҷояи онҳо бо ҳамсараш чор сол гузашта бошад ҳам, онҳо соҳиби фарзанд намешуданд. На духтур монду на табибу на мулло, вале Худованд ба онҳо фарзанд намедод.

Бибиву бобояш армони дидани фарзанди духтари бо ноз парваридаашонро ба хок бурданд. Оҳиста-оҳиста даҳ сол сипарӣ гашт, вале ниҳоли умри онҳо бор намеовард. Хусуру хушдоманаш ҳам дигар рўирост мегуфтанд, ки розӣ шав, то писарамон зани нав бигирад ва соҳиби фарзанд шавад. Шавҳараш акнун соҳибмансаб буд, вале ягон бор дар ин хусус бо ў ҳарф намезад, аммо ҳамеша зиқу хотирпарешон буд.

Хиромон як шаб ғайриихтиёр шоҳиди гуфтугўи ҳамсарашу волидонаш гашт. Хусураш ба шавҳараш гуфт, ки “агар аз мансабат метарсиву зани дуюм намегирӣ, пас аз занат ҷудо шав!”. Мирасил дар ҷавоб гуфт:

- Ман наметавонам Хиромонро аз хона ронам, худаш ақл карда наравад, чӣ кор кунам?!

Хиромон ҳамон шаб бо куртаи танаш ба хонаи холааш рафт ва дигар касе ба суроғаш наомад, баъдтар кўчу бандашро ба хонаи тағояш фиристоданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД