Sebiston new 2024 october
Қаҳрамониҳои тоҷикписаре, ки ёвари маршал Жуков буд
1525


Зимни ин даргириҳо санаи 10 октябр бобоям ҷароҳати вазнин бардошт. Корхонаро ҳимоя намуданд ва Абулхайри маҷрӯҳро ба шаҳри Керч оварданд. Ӯ онҷо 5 рӯз табобат гирифта.

Сипас ӯ ва дигар маҷрӯҳонро ба шаҳри Куйбишев ба бемористони ҳарбӣ бурданд. Дар беморхонаи ҳарбии ин шаҳр бобоям 3 моҳ табобат гирифт. Дар ин муддат ӯро ба полки захиравӣ дохил карданд, ки дар он ҳам табобат мегирифту ҳам барои рафтан ба ҷабҳа омодагӣ медид.

Ин маротиб Абулхайри корозмудаву табобатгирифтаро ба фронти қисми Қафқози Шимолӣ, бригадаи 81-уми баҳрӣ равон карданд. Олмониҳо кӯшиш бар он доштанд, ки ҳарчӣ зудтар ин минтақаҳои нафтдори Қафқозро ба даст оранд. Ин ҷо низ муҳорибаҳои даҳшатнок идома доштанд, ки бобоям дарион боз ҷароҳат бардошт.
То соли 1944 Абулхайр Орифов дар ҳайати ҷабҳаи 1-уми Украина дар озод намудани шаҳрҳои Киев, Харков, Житомир, Великие Луки ва дигар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар иштирок дошт.
Бобоям нақл мекард, ки як рӯз вақте аз назди бинои вайронае мегузашт, овози занеро шунид. Ба пасу пеш нигарист, аммо касеро надид. Аз куҷое, ки овоз мебаромад, ҳамон сӯ қадам мегузошт. Ниҳоят лаби чоҳе расиду ба даруни он назар афканд ва дар ҷояш шах шуд. Дар чоҳ ҷасадҳои бисёре болои ҳам мехобиданд. Дар дохили онҳо духтари сиёҳмӯе зери дасту по мезаду менолид. Мехост наҷот ёбад, вале ҷасадҳо хеле вазнин буданд. Бобоям сари зону нишаста, даст ба поён дароз карду аз гиребони камзӯлчаи духтар бардошта, ӯро сӯйи худ кашид. Пайкари нимҷон нолишкунон аз зери танаи марди аз қайди ҳаётрафта халос хӯрд.

Бобоям ӯро ба танаи дарахте, ки аз чоҳ ду-се метр дуртар буд, боэҳтиёт такя дод. Духтар чашмонашро кушода, ба аскар нигарист. Эҳтимол ба наҷотдиҳандааш миннатдорӣ кардан мехост, аммо натавонист, чунки мадори даҳон кушодан надошт.
Пас аз кӯмаки таъҷилии табибон духтар андаке ба худ омад. Ӯ бо нафрат нақл намуд, ки немисҳо онҳоро зиндабазинда ба чоҳ тела дода, аз болояшон ким чихел моддаи заҳролуд пошиданд. Гитлерчиёни хунхор ҳамин тарз бисёр одамонро нобуд карданд. Баъди ин воқеа бобоям боз бо ҳамяроқонаш фашистонро таъқибкунон ба шаҳре, ки душман истеҳком гирифта буд, ворид шуд.
Георгий Константивоч Жуков фармондеҳи ҳамаи ҷабҳаҳо буд, аммо баъдан бо фармони Сарвари давлати Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин шахсан ҷабҳаи 1-уми Белорусро сарварӣ кард. Ӯ дар ин вазифа Маршал Рокоссовскийро иваз намуд. Артиши 47-ро, ки акнун дар ҳайати он Абулхайр низ меҷангид, аз ҷабҳаи 1-и украинӣ ба ҷабҳаи 1-белорусӣ гузарониданд. Таҳти фармондеҳии ин лашкаркаши машҳур бобоям Абулхайр дар озод кардани шаҳрҳои Минск, Витебск, Смоленск, Каунас ва дигарон иштирок дошт.
Соли 1944 майдони муҳорибаҳо берун аз ҳудуди Шуравӣ бароварда мешавад. Дивизтяи 47 ба хоки Лаҳистон ворид гардид. Муҳорибаҳои вазнин мерафт. Олмониҳо девонавор муқобилият нишон медоданд. Бобоямро дидани ин манзараи мудҳиш, ки пайравони ғояҳои натсионал-сотсиализмро нишон медод, ба даҳшат овард. Пойтахти Лаҳистон - шаҳри Варшаваро озод намуданд, ки дар ин ҷо ба бобоям Абулхайр Орифов барои корнамоиҳои зоҳирнамудааш "Раҳматнома" - и Сарфармондеҳ Иосиф Сталин супурда шуд. Аз ҳар қисми дивизия 1 сарбозеро, ки ҳангоми набардҳо ҷасорат нишон додаанд, ҷамъ 20 нафар, ки миёни онҳо бобокалони ман низ буд, ба Ситод даъват карданд. Маршал Жуков ҳама даъватшудагонро бодиққат аз назар гузаронида, ду нафар Абулхайр Орифов ва як сарбози миллаташ рус аз Курскро ба ҳайси адъютант (ёвари) худ интихоб намуд. То анҷомёбии ҷанг акнун онҳо бо ҳам буданд.
Ба хоки Олмон, макони фашизм расиданд. Ҷабҳаи 1- и Белорус дар ҳамбастагӣ бо дигар ҷабҳаҳо аз дарёи Одер гузашта, шаҳри Франкфурти лаби Одерро озод намуд.
- Ин як "қиёмат"-ро мемонд,- мегуфт бобоям Абулхайр Орифов. Ҳамин тавр, ҷангкунон ба Берлин ворид мешаванд. Баъд аз ҷангҳои вазнин санаи 6 май дар болои бинои Рейхстаг Ливои Сурхи Ғалаба барафрохта мешавад. 8 май фелдмаршал Паулюс санади таслимшавии Олмонро имзо гузошт.
24 июн дар Маскав Гузашти (паради) таърихии Ғалаба доир гашт, ки дар он А. Орифов низ ширкат дошт. Баъд аз гузашти Ғалаба бобоям ҳамроҳи маршал Г. К. Жуков боз ба Берлин бармегардад ва ин ҷо то соли 1946 мемонад. 9 феврали ҳамон сол бобоям ва чанд сарбози дигарро ба ситод даъват карда эълон медоранд, ки комиссияи босалоҳият аз Маскав омадааст ва бо онҳо суҳбат гузаронида хоҳад шуд.

Баъд аз гузаронидани суҳбат бо сарбозон гуфта шуд, ки онҳо дар мурофиаи Нюренберг ширкат хоҳанд кард. Тазаккур бояд дод, ки миллати ҳамаи интихобшудагон русу украину белорус буданд. Халқҳои Осиёи Миёнаву Қафқозро танҳо А. Орифови тоҷикписар намояндагӣ мекард.
11 феврал ба онҳо либоси нав дода, фардояш аксашонро гирифтанд ва ба Нюренберг равон сохтанд. Шаҳри қадимаи Нюренберг тахминан 500 км дур аз Берлин, дар минтақаи ишғолнамудаи урдуҳои амрикоӣ қарор дошт. 20 ноябри соли 1946 дар ин шаҳр ҷаласаи Маҳкамаи байналмиллалии ҳарбӣ оғоз гардид, ки мақсадаш маҳкум кардани саркардаҳои зиндамондаи фашизми олмонӣ буд. Айбдоркунанда аз ҷониби шӯравӣ Прокурори генералии кишвар Роман Руденко ва иштирокчии бевоситаи мурофиа фарзанди миллати тоҷик Абулхайр Орифов буд.
"Дар муддате, ки мурофиа давом дошт, ба чашмони Геринг, Кейтел, Рибентроп, Йодл, Ганс Франк, Вилгелм Фрик ва дигар саркардаҳои зиндамондаи фашистӣ бо нафрати беандоза нигоҳ мекардам, чун аз дастони то китф ғарқи хуни онҳо миллионҳо нафар одамон нобуд шуда, ҳазорҳо шаҳру рустоҳои обод хароб гаштанд. Агар имкон мебуд кори онҳоро дар ҳамон толор ҳал мекардам", - мегуфт бобоям ба ёд оварда.

Мурофиаи таърихӣ ба анҷом расиду Орифов бо маршал Жуков хайрухуш намуда, ба ватан бармегардад. Ҷумҳурӣ чун дигар гӯшаҳои мамлакати паҳновари Шуравӣ замони вазнинеро аз сар мегузаронид. Нафарони аз ҷанг омада дарҳол аз пайи барқарорсозии ҳаёти осоишта ва меҳнати вазнин мешуданд.
Бобоям баъд аз бозгашт ба зодгоҳ муаллими ҳарбии деҳааш шуд, аммо дилбастагӣ ба меҳнати ҷисмонӣ ӯро ба майдони колхозӣ овард. Шурӯъ аз соли 1947 дар колхозҳои ба номи Молотову Карл Маркс кор кард. Баъдан 12 соли дигар ба ҳайси бригадири пахтачинон дар деҳаи Кончӣ фаъолият намуда, ба деҳаи худ баргашт ва то соли 1980, яъне то ба нафақа баромадан ҳамчун бригадир дар колхози Карл Маркс кор кард. Бо меҳнати содиқонаву ҳалолаш ҳурмату иззати ҳамдиёронро ба даст овард ва сазовори чандин сипосномаҳои давлатӣ гардидааст.
Соли 1987 бобоямро ба пойтахти Ҷумҳурии Демократии Олмон - шаҳри Берлин даъват намуданд. Баъд аз гузашти 40 сол ӯ боз ба шаҳре ворид шуд, ки чанд сол қабл ҷон ба каф гирифта, онро озод намуду ҳамчун ғолиб қадам дар кӯчаҳояш мезад. Акнун ӯ ин бор бе силоҳ дар фазои осоишта, ба ҳайси меҳмони қадрдон вориди он гашт. Дар Берлин ба ӯ ордени "Дӯстии халқҳо" ва медали Эрнест Телман супурда шуд.
Абулхайр Орифов, собиқадори ҷанги меҳнат, дорандаи орденҳои "Ситораи Сурх", "Ҷанги Бузурги Ватанӣ" дараҷаи 1, "Дӯстии Халқҳо" , медалҳои "Барои Ҷасорат", "Барои муҳофизати Қафқоз", "Барои озодкунии Варшава", "Барои муҳофизати Маскав", "Барои муҳофизати Белорус", "Барои озодкунии Белорус", медалҳои И. В. Сталин, Г. К. Жуков ва ғ. мебошад. Шумораи умумии мукофоти ҷангиву меҳнатиаш 44 адад буда, зиёда аз 30 сипосномаву ифтихорномаҳои давлатӣ дошт. Ҳукумати вақт хидматҳояшро баланд қадрдонӣ намудааст.
25 декбри соли 2010 бобои азизу гиромиам Абулхайр Орифов аз олам даргузашт. Ӯ қаҳрамон буд. Каҳрамоне, ки барои дифои халқу миллат ва ватанаш мардонавор алайҳи фашизм мубориза бурдааст. Қаҳрамоне, ки ватанашро дӯст медошт, мардумашро дӯст медошт ва ҳамеша мехост бо халқ бошад, кунун ҷойи ӯ холиву дар қалбҳо маскан гирифтааст.
Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии бобоям имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии ватани хеш сарф намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД