Arzon march 2024
Анорҳоят маро мекушад, духтарҷон!
02.03.2020
Р. Азимӣ
10752

 

-Алло, ин ҷо Oila.tj аст?
-Бале хоҳарҷон. Чӣ мехостед?

-Як ҳодисаи ба қарибӣ рӯйдодаро нақл карданӣ будам.
-Марҳамат, гӯшамон ба шумо!
Пештар қиссаҳои ғамангези ин сомонаро мехондаму фикр мекардам, ки бофтаанд, вале ба наздикӣ ҳодисае рӯх доду ба ҳақиқат будани тамоми навиштаҳои шумо боварӣ ҳосил намудам.

Дар истгоҳ интизори маршруткаи хатсайри 16 будам. Баногоҳ мӯйсафеди қоматаш хамзадае пайдо шуд ва аз ман чанд будани соатро пурсид. "Бобо, соат 12:45 аст", - гуфтам. Пирамард ба ман наздиктар шуда пурсид: «Донишҷӯйӣ, духтарҷон?» Ягон гумони бад набурда, тасдиқ кардам ва илова намудам: "ба дарс дер карда истодаам. Метарсам, ки муаллим ба ман «нб» мемонад". Мӯйсафед лабханд зада гуфт: «Парво накун, ман ба ту пул медиҳам, имтиҳонҳоятро мегирӣ». Ҳайрон шуда, саволомез ба рӯяш нигаристам. Мӯйсафеди ифлос ба ман боз ҳам наздиктар шуда дастамро ламс намуд. Худро канор гирифта, барои гапро ба дигар сӯ бурдан ба куҷо равон буданашро пурсон шудам. «Ман ту барин паричаҳоро мекобам, шумоёнро дида бачагиям ба ёдам меояд. Бо шумоён, духтаракони сарвқомат суҳбат карда ҷавон мешавам»,- дандонҳои сунъияшро нишон дода, гуфт мӯйсафед ва хоҳиш кард: «Дастам намерасад, духтарҷон, ҳамин шонаи маро бин! Чизе газида истодааст». Нигоҳ карда гуфтам, ки чизе нест. «Поёнтарашро бин, чизе роҳ гашта истодааст. Боз ғунда набошад, ки аз заҳраш ҷо ба ҷо мурам?»,- ин сухани пирамард маро маҷбур кард, ки дастамро ба даруни куртааш андохта «ғунда»-ро кобам. «Оҳ, ҷонум дар дастакои мулоимакуте. Дастакот чунон роҳатбахшанд, ки дилам гум зад! Биё, қати ман равем, дар пеши бари хушрут мурад бобот! Аноракот мара мекушанд…»


Фиғони ҷонкоҳи арӯси якшаба


Суханони пур аз фисқу фуҷури мӯйсафеди фосиқро шунида, ҳуш аз сарам парид. Дастамро аз гиребони куртааш бароварда, бо нафрат гуфтам: «Худо ҷазоятро диҳад, мӯйсафеди бешараф! Ман ҳамсоли набераҳоят ҳастам, чаро аз Худо шарм надошта ба ман чунин гапҳои ҳаромро мегӯӣ?!» Мӯйсафед заррае шарм надошта, зорӣ кард: «Ҷонаки ширини бобо, не нагӯй! Чӣ қадар пуле, ки хоҳӣ, медиҳам. Ана бин, кисаҳои бобот пур-пури пуланд". Вай даст ба ҷайбаш бурда аз кисааш пул баровард. Дидам, ки намешавад, ҷонҳавл рӯ ба гурез ниҳодам. Пулҳои мӯйсафеди худобехабари духтарбоз дар дасташ дар ҳаво муаллақ монданд. Аламам омада раҳораҳ то хонаамон расидан гиря кардам. Асабҳоям аз рафтори мӯйсафеди фосиқ чунон хароб шуда буданд, ки дигар мадори ба дарс рафтанам намонд.

Аз ин ҳодиса чанд рӯз гузашта бошад ҳам, то ҳол ба назарам чунин менамояд, ки дастонам ҳароманд. Ба худ лаънат мехонам, ки чаро дастамро ба бадани наҷаси ин мӯйсафеди шайтонсират расондам.

Бародари азиз, илтимос, нақли маро дар сомонаатон чоп кунед, то дигар духтарҳо ҳушёр шуда, худро аз чунин мӯйсафедони ҳаромхиштак дур гиранду ба доми чунин шайтонҳои дупо наафтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД