Утоқи хурдакак, вале гарм ва тозаю озодаи ин зан ҳаваси касро меорад. Дар дасти рост ҷевони калони либос, каме поёнтар аз он миз, ду курсӣ барои чойнӯшӣ ва телевизор.
Дар болои яке аз курсиҳо чанд лӯхтаки зебои дастбоф истодааст, ки бо диданашон кас ба олами зебои кӯдакӣ сафар карда, беихтиёр зери лаб табассум мекунад. Дар тарафи дасти чап кати хоб ва рӯяш зане хуфта, ки чеҳраи мисли нони тоҷикӣ гарму дилкаш ва чашмони обии пур аз меҳр дорад. Тамоми кормандон ва сокинони Хонаи пиронсолон ин занро дӯст медоранд, чунки Салима-хола табиатан бисёр шахси меҳрубон, ширинсухан ва дурандеш аст. Вай ҳар як суханашро дар тарозуи ақл баркашида, баъд ба забон меорад, то хотири касеро озурда насозад. Дар ин даргоҳ барои маъюбону пиронсолон тамоми шароитҳои лозимӣ муҳайё карда шудаанд ва сокинонаш аз чизе танқисӣ намекашанд, аммо Салима-хола дар вақтҳои холигӣ лӯхтак мебофад ва аз хирсакҳои куҳнаю дарида бозичаҳои хурдакаки зебо месозад. Яке аз лӯхтакҳои базеби Салима-холаро ба даст гирифта пурсидам:
-Аз афташ хона ва фарзандону пайвандонатонро сахт пазмон шудаед?
Салима-холаи панҷ панҷааш ҳунар, вале маъюб, ки қариб 10 сол боз хонааш ана ҳамин утоқи хурдакаки Хонаи пиронсолон гаштааст, дар ҷавоби ин савол лаҳзае сукут намуд, баъд оҳи сарди пур аз дарде кашида, саргузашти талхашро қисса кард…
Модарам моро партофту…
«Сағера рӯза гирад, рӯзҳо дароз мешавад» гуфтани халқ беҳуда набудааст, аз хурдӣ рӯзу рӯшноӣ надидам. Аслан, дар ҳаққи одами аз дунё гузашта гапи бад намегӯянд, вале чӣ кунам, ки падарам чандон одами бад набошад ҳам, бисёр бадҷаҳл буд ва дар сари қаҳру ғазаб модарамро зери мушту лагад мегирифт. Баъзан барои дупула гап модарамро чунон бераҳмона мезад, ки дар танаш ягон ҷойи обод намемонд. Оқибат модарам аз мушту лагад ва лату кӯби падарам безор шуда, моро партофта рафт. Нигоҳубини хоҳару додараконам, ки 4 нафар буданд, бар дӯши мани 10-сола, ки ҳамон вақт дар синфи 4-ум мехондам, афтид. Ба ҷойи он ки бо ҳамсолонам бозӣ карда, аз шириниҳои давраи кӯдакӣ лаззат барам, мисли занҳои калонсол рӯзи дароз хона мерӯфтам, либос мешустам, хӯрок мепухтам, хулоса барои фарзандони падарам нақши модарро иҷро мекардам.
Падардорони бе падар
Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, баъди баромада рафтани модарам падарам ба Ӯзбекистон коркунӣ рафту муддати ду сол аз вай ягон хату хабар нашуд. Баъди рафтани падарам на танҳо пухтани хӯроку шустани либос, балки масъулияти хӯрондану пӯшондани ду хоҳар ва ду бародари хурдсолам низ ба дӯши ман бор шуд. Бо пуле, ки аз пакетфурӯшӣ ба даст меовардам, барои хоҳару бародаронам либос ва хӯрока харида, ҳам вазифаи падар ва ҳам вазифаи модарро иҷро мекардам. Азобҳоеро, ки ҳамон давра кашидам, фақат худам медонаму худованди болои сар…
Моиндари меҳрубон
Ду сол пас падарам баргашт, вале ба ҷойи миннатдорӣ аз ӯ танҳо дашному ҳақорат ва мушту лагад медидам. Боре дар сари ғазаб падарам маро аз ошёнаи дуюм чунон ба шаст ба рӯйи ҳавлӣ ҳаво дод, ки миёнам сахт осеб дид. Модар надоштам, ки тарафамро гирифта, маро пуштбонӣ кунад, аз ҳамин сабаб лаб зери дандон гирифта, дарди ҷонгудозро бо оби дида таҳаммул кардам…
Падарам дид, ки миёнам сахт лат хӯрда, дигар мисли пештара кору бори хонаро сомон дода наметавонам, дубора оиладор шуд ва ба хона зани нав овард. Аслан моиндарҳоро золиму бераҳму ҷодугар мегӯянд, вале моиндари ман бисёр занаки хуб буд. Ин зани меҳрубон, ки аслаш аз Хуҷанд буд, тарбияи бародарону хоҳаронамро бар дӯш гирифта, бори маро хеле сабук кард, вале…
Домоди паривара
Нав каме нафас рост карда, рӯзи хуш дида будам, ки ба сарам боз як мусибати дигар омад. Падарам дар сини 15-солагиам маро маҷбуран ба як ҷавони тамоман ношинос ба шавҳар дод. Пас аз тӯй маълум шуд, ки домод ноқисулақл ё ба гуфти мардум паривара аст. Бояд бигӯям, ки дар ин оила на танҳо шавҳари ман, балки боз ду фарзанди дигарашон низ ноқисулақл буданд. Хушдоманам зани зебою боақл буд, вале падаршӯям касалии руҳӣ дошт. Аз шаш фарзанди онҳо се нафарашон мисли модарашон солиму се нафари дигар мисли падар буданд. Барои мани зиндаятим роҳи бозгашт вуҷуд надошт, ночор ба тақдири талхам тан дода, муддати шаш сол бо вай зиндагӣ кардам ва ҳатто соҳиби ду фарзанд низ гаштам. Бадбахтона, писари калониам бемории падарашро мерос гирифта, аз модар бемор-ноқисулақл ба дунё омад. Писари дуюмам сип-сиҳат буд, вале ба тақдири бади мани аз зиндагӣ наосуда Худованд дар ҳафтмоҳагӣ ҷони тифлаки бегуноҳамро гирифта, маро ба гирдоби дарду ғам ғуттавар сохт…
Маслиҳати хушдоман
Хушдоманам, ки бисёр зани худотарс ва дилсӯзу меҳрубон буд, азобу машаққатҳои маро дида гуфт: «Духтарам, маро бубахш, ки ба хотири фарзандам ҳаёти туро сӯхтам. Як фолбини зӯр гуфта буд, ки агар писаратро хонадор кунӣ, сиҳат мешавад. Бо умеди шифо ёфтани писарам ман дили падаратро ёфта, туро келин кардам, вале аз никоҳи шумоён ба ҷуз дарду доғ дигар ҳеҷ муроде ҳосил нашуд. Раҳмат, ки тули шаш сол бо бачаи касалии ман тоқат кардӣ. Акнун бирав ва аз паси зиндагиат шав. Ту ҳоло ҷавонӣ ва Худо хоҳад, боз бахтатро меёбӣ. Кӯдакатро беҳтараш ба ман монда рав, чунки бо ин бачаи нотавон ту сахт азоб мекашӣ…»
Ҳамин тавр бо маслиҳати модаршӯям ман дар сини 21- солагӣ он хонаро тарк намуда, номи бади бевагиро гирифтам…
Дар талоши зиндагӣ
Номусам намегузошт, ки бори дӯши бародаронам шавам. Муддати даҳ сол дар ҷойҳои гуногун ба ҳайси ошпаз, фурӯшанда, парастор- нянка шуда кор кардам. Нонамро бо меҳнати ҳалол ёфта мехӯрдам, вале андешаи он ки ҳолам дар пирӣ чӣ мешавад, маро ором намегузошт. Мехостам оила ва фарзанд дошта бошам, то дами пирӣ дастамро бигиранд. Бо ҳамин ният бо марди зебое шинос шудам, то ки соҳиби бахту тахт шавам, вале…
Нимаи бахт
Мард иқрор шуд, ки зан дорад, вале фарзандонаш мемиранд. Азбаски ҳамсараш духтари тағояш будааст, вай наметавонист талоқи занашро дода, зани дигар бигирад. Бо умеди соҳиби фарзанд шудану каме бошад ҳам, шаҳди бахтро чашидан зани дуюми ҳамин марди зоҳиран бисёр ҳалиму меҳрубон шудам. Ӯ барои ман хонаеро иҷора гирифт. Аввалҳо зиндагиамон хуб буд. Шавҳарам маро бо тамоми маводи зарурии рӯзгор таъмин мекард. Марди хушрӯй, ботарбия ва меҳрубону хушмуомила буд, аз даҳонаш гапи сахт ва дашному ҳақорат намебаромад, аммо…
Шодию ғам
Вақте ки ҳомиладор шуда, дугоникҳоям Ҳасану Зӯҳроро таваллуд кардам, аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам, зеро гумон доштам, ки агар барояш писари зиндаву саломат ба дунё биёрам, аз сарам тилло мерезад. Гумон доштам, ки акнун азобҳои сахти дар ба дарӣ ва бевагиям пушти сар шуду минбаъд хурсанду шод зиндагӣ мекунам, аммо хаёлам хом баромад….
Се моҳ пас духтарчаам, ки бо бемории дил ба дунё омада буд, фавтид. Падараш баъди ба хок супоридани ҷасади Зӯҳрочаи ман, маро ба хонаи волидонаш бурд.
Зӯҳрочаам ин дунёи бевафоро бармаҳал падруд гуфту хушбахтии маро низ бо худ ба зери хоки сард бурд. Шавҳарам аз тарси он, ки писари деринтизорашро ҳам аз даст надиҳад, бо маслиҳати эшонҳои деҳаашон писарчаи семоҳаамро аз ман ҷудо кард….
Зиндаҷудо
Шавҳарам фарзандамро аз ман ҷудо карда бошад ҳам, худаш аз ҳолам хабар гирифта меистод. Дувуним сол пас ман боз духтарча таваллуд кардам. Шавҳарам дар қавлаш истода, барои ман аз шаҳр хона харид ва ҳамроҳи писарам ба назди ман баргашт. Хурсанд будам, ки баъди ин қадар ранҷу азоб ниҳоят чашидани шаҳди бахт насибам гашт, вале…
Дар доми ҷоду
Намедонам касе бо муллобозию сеҳру ҷоду дили шавҳарамро хунук кард ё худованд аз рӯзи азал аз бахт баҳра бурданро дар тақдири мани сарсахт нанавишта будааст, ки ҳиста-оҳиста муносибаташ бо ман сард шуда, ниҳоят як рӯзи шум писаракамро гирифта рафту бо ҳамин дигар барнагашт.
Ҳамин тавр аз дасти сеҳру ҷоду мо ҷудо шудем. Писарам дар дасти падараш монду духтарчаам бо ман, вале…
Касофати қарз
Мехостам мустақилона ризқу рӯзии духтарчаамро пайдо кунам ва бо ҳамин ният 500 доллар қарз кардам. Мехостам бо ҳамин пул тиҷорат оғоз намуда, барои фарзандам зиндагии шоистаеро фароҳам оварам, вале бадбахтона пулҳоямро дузиданд.
Ҳамин тавр муфлису қарздор шудам. Аз байн якуним сол гузашт. фоизи қарз рӯз то рӯз афзуда, чанд баробар зиёд шуд. Аз шавҳарам бӯйи умед набуд, хешу табори пулдоре ҳам надоштам, ки мадад пурсам, маҷбур шудам, ки хонаамро фурӯхта, қарзро баргардонам…
Диламро аз синаам канда додам
Бо як миқдор пуле, ки аз фурӯши хона боқӣ монда буд, дар хобгоҳи назди Диагностика ҳуҷраи хурдакаке харидам, то ки ҳамроҳи духтарам бемалол зиндагӣ кунам, вале ҳамон кулбачаро низ баъди чанд вақт бо нархи қиматтар ба як одами дигар фурӯхтанд.
Ҳамин тавр ману духтарчаам дар кӯча мондем. Аз ноилоҷӣ ба шавҳари собиқам муроҷиат намудам, то духтарчаамро муваққатан бо худ бигирад. Ду- се моҳ пас, вақте кор ва хонаи иҷора пайдо кардам, рафта духтарчаамро бозпас гирифтам, вале дар ин муддат кӯдак бо бародараш чунон унс гирифта буд, ки шабу рӯз номи акаашро гирифта, гиря мекард. Чанд рӯз пас кундошам хабар овард, ки писарам ҳам нотоб шудааст ва хоҳарашро суроғ карда гиря мекунад. Дилам аз шунидани ин хабар хун шуда, дарҳол ба дидани писарам шитофтам. Акаву хоҳар даст ба гардани ҳамдигар андохта гиристанд ва ман натавонистам онҳоро аз ҳам ҷудо кунам. Ҳамин тавр диламро аз қафаси синаам канда, ҳамроҳи духтарчаам ба палонҷам додам ва тани танҳо бо дидаи гирён роҳ сӯи хонаи иҷораам пеш гирифтам. Ростӣ, чӣ гуна ва дар куҷо аз ҳуш рафтанамро дар ёд надорам, вақте ки чашмонамро кушодам, дар шуъбаи эҳёгарии беморхона будам…
Хумори фарзанд
Табибон ба ман гуфтанд, ки микроинфарктро аз сар гузаронидаам ва агар худамро эҳтиёт накунам, мурда монданам мумкин аст, вале магар модар метавонад бе ёди фарзандонаш ҳатто як лаҳза зиндагӣ кунад? Ҳаргиз! Сарсону саргардон ҳар гоҳ ба аёдати бачаҳоям мерафтам. Аввалҳо ба ман иҷозати дидани фарзандонамро дода буданд, вале баъдтар маро аз дидори писарам ва дар шашсолагиаш аз дидори духтарчаам низ маҳрум карданд. Борҳо баҳри фарзандонам бозичаву шириниҳо харида, ба пушти дари хонаи кундошам рафтам, вале дарро ба рӯям накушоданд. Палонҷам ҳар дафъа ягон баҳона пеш оварда, маро аз пушти дар навмед гусел мекард….
Ғамбемор
Оқибат ин ҳама дарду ғам маро аз пой афтонд. Грижаи сутунмуҳра, ки аз ғазаби падари бадҷаҳлам ба ман ёдгорӣ монда буд, дар якҷоягӣ бо ғаму дарди танҳоӣ ва ҷудоӣ аз фарзандон кори худро карда, маро аз по афтонд. Аз миён поёнам тамоман аз ҳаракат монда, ба як мурдаи берун аз гӯр монанд шудам. Падарам он вақтҳо дар қайди ҳаёт буд ва маро ба беморхонаи якум советский бурд, вале табибон баъди 10 рӯз гуфтанд, ки грижаи сутунмуҳрааш куҳна шудаасту табобат дигар ягон зарра кӯмак расонида наметавонад. Роҳи ягонаи наҷот ҷарроҳӣ буд, вале падарам дар кисааш ҳатто як тин пул ҳам надошт…
Камбағалӣ -дарди сахт
Камбағалӣ айб нест мегӯянд, вале ман мегӯям, ки камбағалӣ на танҳо айб, балки дарди сахт аст. Аз нодорӣ падарам маҷбур шуд, ки мани мурдазиндаро ба хона биёрад. Касе умед надошт, ки ягон рӯз ман боз ба по рост мехезам, аммо умеди дидори рӯи фарзандонам намонд, ки ба дард ва марг таслим шавам. Мустақилона кӯшиш карда, оҳиста-оҳиста аввал як пой ва баъд пойи дигарамро меҷунбонидагӣ шудам.
Ҳамин тавр бо мурури вақт мисли тифли навзод бо зону ва дастҳоям чорғов рафта, сипас деворро дошта хестам ва аз нав роҳгардиро омӯхтам. Дардам тоқатфарсо буд, вале умеди дидори фарзандонам ба мани маъюб сабру тамкин ва қуввату мадор мебахшид…
Аз бекор Худо безор
Шаш моҳ дар госпитал табобат гирифта, дар ҳамон ҷо суроғаи ин маконро фаҳмидам. Нуҳ сол пеш бо дастгирӣ ва кӯмаки роҳбари ҳамонвақтаи хонаи пиронсолон Любов Муҳиддиновна дар ин макон сарпаноҳ ёфтам. Бо дастгирии роҳбарият маро дар беморхонаи Қарияи Болои Турсунзода ҷарроҳӣ карданд. Баъди ҷарроҳӣ дар даруни утоқ мустақилона ва дар берун бо асобағал роҳ мегардам. Аз бекор Худо безор гуфтаанд, ман ҳеҷ гоҳ тайёрхӯр ва бори дӯши ягон кас набудам. Дар ҳамин ҷо ҳам бекор намешинам. Лӯхтакҳои зебои тоҷикона мебофам, аз картон сандуқчаю аз хирсакҳои куҳнаю фарсуда бозичаҳои гуногуни кӯдакона сохта мефурӯшам, то ки барои худам ягон майда-чуйда харам…
Ташнаи дидор
Холаи Сабоҳат аз кормандони Хонаи пиронсолон сипосгузор аст ва шукронаи давлати ободамонро карда мегӯяд:
-Ҳамеша бо суханҳои ширин дили мани маҷруҳро бардошта, табобатам мекунанд. Худованд дилашон ҳамеша хурсанд бошад!
Ду ҳафта пеш бо кӯмаки роҳбари ҷавон ва навтаъингаштаи Хонаи пиронсолон Ашӯралӣ Буриевич Бабаев ӯро дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Турсунзода дубора ҷарроҳӣ карданд. Бо дастури роҳбари муассиса кормандони ин даргоҳ ҳамеша аз ҳоли Сабоҳат-хола хабардор шуда меистанд ва намегузоранд, ки ӯ худро танҳою бе кас эҳсос намояд, вале…
-Чаро фарзандонатонро ба падарашон додед?-Мепурсам аз ин зани ташнаи дидори писар.
Сабоҳат-хола бо чашмони пуроб ба ман нигариста мегӯяд:
-Ман аз мушкилиҳои зиндагӣ наметарсам. Ҳамагӣ чорумхон будам, ки чор сағераи падарамро калон кардам. Гумон мекунед, ки ду фарзанди худамро калон карда наметавонистам? Не, ман фикри ояндаи онҳоро карда, писару духтарамро ба падарашон додам. Сарпаноҳ надоштам, нахостам, ки бачаҳоям дар кӯча калон шуда, азоб кашанд. Падарашон одами доро аст ва метавонад барои онҳо шароити беҳтар муҳайё созад. Шунидам, ки писарамро барои хондан ба Донишгоҳи тиббии Русия фиристодааст. Ман ин корро карда наметавонистам. Аз дидори фарзандонам бе насиб бошам ҳам, ин хабарро шунида шукр кардам, чунки дар оянда писарам нонашро ёфта, дар зиндагӣ азоб намекашад.
-Чаро кӯшиш накардед, ки ба мактаб рафта фарзандонатонро бинед?-Мепурсам аз Сабоҳат-хола.
Чашмонаш боз ҳавзи об гаштанд ва дар ҳоле, ки ашк рӯяшро мешуст, пичирросзанон гуфт:
-Кӯдаконамро дар хурдиашон аз ман ҷудо карда буданд. Эҳтимол рафиқон ва ҳамсабақонашон палонҷамро модари онҳо мешуморанд. Нахостам, ки касе маро дида духтар ё писарамро таъна занад, ки чӣ катагӣ мекунӣ, модарат як маъюби дар кӯча мондагӣ аст…
Ҳангоми хайрухуш Сабоҳат-хола таъкид кард, ки ба ӯ пулу моли касе лозим нест, вале ҷигарбандону пайвандонашро сахт пазмон шудааст.
Ин модари ташнаи дидор оҳи пур аз дард кашида мегӯяд:
«Шукронаи Сарвари давлат дар ин ҷо аз ман хуб парасторӣ мекунанд. Ман танҳо ташнаи дидору шунидани овози фораму гӯшнавози фарзандон ва хоҳару бародаронам ҳастам. Бо умеди он ки ҳамин замон ё замони дигар аз дар даромада: «очаҷон, мо омадем» мегӯянд, аз субҳ то шом ду чашмамро аз дар намеканам…
Бознашр аз ҳафтанмаи Оила