Имсол ба синни чилуяксолагӣ қадам мегузорам. Медонам, ки аз пирӣ роҳи гурез нест, вале бонувонеро медонам, ки ҳатто дар сини 60 солагӣ таровати пӯсташон гум нашудааст. Шумо дар боби ҷавонии зан, баъди 40 солагӣ чӣ маслиҳат медиҳед?
Беназир, н. Конибодом
Пиршавии пӯст на танҳо аз синну сол, балки аз омилҳои гуногун низ вобастагӣ дорад. Яке аз сабабҳои асосии пиршавии пўст таъсири нурҳои офтоб мебошад. Нурҳои зарарнок ба қабати эпидермис дохил гардида, бофтаҳои коллагениро вайрон мекунанд ва ин боиси пайдоиши чинҳои бармањал мегарданд. Ба бонувоне, ки бештар дар зери офтоб қарор доранд, аз малњамњои ҳифзкунанда истифода бурданро маслиҳат медиҳем. Тамоми косметикаи шумо бояд хусусияти аз офтоб ҳифзкунанда дошта бошад, ҳатто лабсурхкунак ҳам.
Ширинӣ пўстро безеб мекунад
Истеъмоли зиёди қанду ширинї ба ҳолати пўст таъсири манфӣ мерасонад. Тамоми маҳсулотҳои дар таркибашон оњардошта дар ҷисм ба қанд мубаддал гашта, ҷараёни пиршавиро метезонанд. Хӯҷдани донаки каду ва моњии равғанин аз манфиат холӣ нест.
Оби минералии бе газ нўшед
Пўсте, ки намнокияш гум шудааст, аз меъёр зудтар пир мешавад. Оби бисёр нўшида (на камтар аз панҷ истакон об дар як рўз, вобаста ба вазъи саломатӣ) метавонед аз ин мушкилот эмин монед. Бењтараш оби минералии бе газ нўшид. Агар баъди нўшидани об пўстатон варам мекарда бошад, бо табиб маслиҳат кунед.
Пиёдагардӣ ва машқҳои ҷисмонӣ танҳо ба фоидаи солимии пўсти рўй аст.
Хоби солим
Хоби солими 7 соата ҷараёнҳои ҳаётан муҳими организмро ба эътидол меорад. Камхобӣ боиси паридани ранги рӯ, сиёҳшави пўсти атрофи чашм ва пайдоиши чинҳои бармаҳал мегардад. Ба ақидаи геронтологон соати 22 шаб организм бояд аллакай дар истироҳат қарор дошта бошад- хоб дар ин вақту соат афзалияти бештар дорад.