Чанд моҳ боз сокини деҳаи Гачаки шаҳри Ҳисор Холбибӣ Даминоваи солхӯрда дар ана ҳамин кулбаи вайронаи сард ва пур аз чангу хок дар бистари беморӣ хобидааст, вале касе дарашро кушода, аз ҳолаш хабар намегирад.
Ин модари зор бемории ниҳоят вазнин-инсултро аз сар гузаронида, ба қавле аз дами марг баргаштааст, аммо шахси ғамхоре надорад, ки дар чунин рӯзҳои сахту сангин дасташро бигирад. Сабаби ҳама дарду ранҷҳои холаи Холбибӣ ва шавҳараш бобои Маҳмадраҷаб ғами фарзанд аст. Писарашон Муҳаммадҷон чанд сол пеш “Ман Русия мардикрӣ меравам” гӯён, аз хона баромаду бо ҳамин тамоман бе ному нишон гашт.
Инак, муддати 15-сол мешавад, ки пиру кампир бо умед роҳи фарзанди бевафояшонро бепоянд, аммо аз Муҳаммадраҷаб хату хабаре нест, онҳо ҳатто намедонанд, ки писарашон зинда аст ё мурда. Ғами ҷудоӣ аз фарзанд падаррро ба бемории қанд гирифтор намуда, аз нӯри чашм маҳрум намуд, модари зор бошад, аз гиряу нолаи бисёр ба сактаи мағзӣ гирифтор шуд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, духтарашон Мақсадой бо як писар сиёҳбахт гашта, сарбории пиру кампири дардманд гаштааст.
Писарчаи 7-солаи Мақсадой-Азимҷон иллати модарзодии қабл дорад ва ба қавли табибон ду калпани дилаш маҳкам аст, аммо ин зани бетолеъ имкони иқтисодӣ надорад, ки фарзандашро табобат намояд. Ба ҷойи такягоҳи аҳли оилааш гашта, фарзандашро табобат намудан шавҳари майзадааш, тарки оила намуд. Мақсадой бемории сили шушро аз сар гузаронидааст ва наметавонад бо корҳои вазнин машғул шуда, зиндагии падару модари пир ва худу писарашро пеш барад. Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила ва дигар афроди хайрхоҳ нисбати тақдири ин оилаи ниёзманд бетараф намонда, ба ин пиру кампири солхӯрдаю дардманд ва духтари бемору набераи ятимашон дасти ёрӣ дароз менамоянд.
НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛАИ НИЁЗМАНД ДАСТИ ЁРӢ ДАРОЗ КАРДАН МЕХОҲАНД, МЕТАВОНАНД БА РАҚАМҲОИ ЗЕРИН ЗАНГ ЗАНАНД: 988347682 КОРТИ БОНКИИ ДУХТАРИ ОНҲО МАҚСАДОЙ ДАМИНОВА:
(КОРТИ МИЛЛӢ-БАРОИ АЗ ХОРИЧА ПЕРЕВОД) 6374600000007463273
(КОРТИ МИЛЛӢ БАРОИ ДОХИЛИ КИШВАР) 5058270420005315