Arzon march 2024
АҲЛИДДИН ИСОЕВ МАРГАШРО ЭҲСОС МЕКАРД
1568


Хабари марги суратгири шинохтаи тоҷик Аҳлиддин Исоев моро сахт андӯҳгин намуд. Ростӣ, аввал боварам наомад, ки ин марди зоҳиран солиму бардам, ки синну солаш ба 70 расида бошад ҳам, мисли ҷавонмардони 35-40 сола боғайрат ва чусту чолок буд, дунёро падруд гуфта бошад.

Ба хотири фаҳмидани сабаби марги ин аккоси шинохта сароғоз ба апаи Гулчеҳра занг задам, зеро ин зани меҳрубону хушгап аз тамоми навигариҳои хубу баде, ки дар дунёи журналистикаи тоҷик ба вуҷуд меоянд, бохабар аст. Апаи Гулчеҳра аз шунидани ин хабар дар ҳайрат афтода гуфтанд: “Аҳлиддин Исоев аз дунё гузаштааст?! Боварам намеояд, охир як марди бо китфу бозуи сип-сиҳат буд-ку!” Дидам, ки ҳамсӯҳбатам аслан аз қазияи марги Исоев хабар надорад, бо апаи Гулчеҳра хайрухуш намуда ба муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Душанбе” Абдуғаффор Нуриддинов занг задам. Акои Абдуғаффор ин хабари нохушро тасдиқ намуда гуфтанд:

-Дар ҳақиқат акои Аҳлиддин аз дунё гузаштанд. Суратгири моҳир ва бисёр инсони хуб буданд, илоҳо Худованд ҷояшонро ҷаннат гардонад.

-Чанд вақт боз бемор буданд?

-Пештар саломатиашн хуб буд, ба синну солашон нигоҳ накарда, ҷавонҳо барин мудом аз паси кор давида мегаштанд. Фақат 10-рӯзи охир камтар беморнамо шуда ба кор набаромаданд. Се рӯз дар беморхонаи истиқлол хоб карданд. Мо, ҳамкорон ҳар рӯз баъди кор он касро хабаргирӣ мерафтем.

-Бори охир Исоевро кай дида будед?

-Ҳамагӣ як рӯз пеш аз маргашон. Ҳамон саҳар худашон ба ман занг зада гуфтанд, ки Абдуғаффорҷон, имрӯз дасту поям худ аз худ суст шуда, аҳволам бад шуда истодааст, шуморо як бор дидан мехоҳам...

Майлаш гӯён, ҳамон бегоҳ ҳамроҳи сармуҳаррирамон Шарифҷон Ҳусейнзода ва Ҷамилаи Толиб ба аёдаташон рафтем. Пештар ҳар вақт ки равем, бо табъи хуш ҳамрҳамон чақ-чақ мекарданд, вале ин дафъа гӯё наздик будани маргашонро эҳсос карда бошанд, аз мо бахшиш пурсида гуфтанд: “Одамизод баъзан баҳудаву беҳуда асабонӣ шуда, суханҳои пасту баландро ба забон меорад. Мабодо бо ягон гапи ноҷо дилатонро ранҷонда бошам, бубахшед. Одам ғанимат аст, худо медонад дубора ҳамдигарро мебинем ё не...”
Дилам таҳ кашиду акои Аҳлиддин ин хел нагӯед, худ хоҳад, ду рӯз нагузашта сип-сиҳар мешавед ва боз ба давутоз медароед гуфтам, вале бадбахтона субҳи рӯзи дигар хабари маргашон расид.

-Он кас аз чӣ азият мекашиданд?

-Ягон бемории ҷиддӣ надоштанд. Камтар грипнамо буданду халос.

Абдуғаффор Нуриддинов дар фароварди сухан гуфт, Аҳлиддин Исоев фишорбаландӣ дошт, аммо мисли аксари мардуми тоҷик ба ин чиз тамоман аҳамият надода, мудом дар такопӯйи ҳаёт буд.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ аз даргузашти ин акксои моҳир сахт андӯҳигин буда, ба пайвандони Аҳлиддин Исоев дар таҳаммули ин фоҷиаи гарон аз даргоҳи худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

Ҷоятон ҷаннат бошад, акои Аҳлиддин.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД