arzon replenishment
АЛФОНСИ ҒОРАТГАР
2961

Ҳар бегоҳ ҳангоми аз кор баргаштан, духтараки зардинаи лоғарандомро ҳамроҳи саги баднамое мебинам, ки сайругашт доранд. Боре шоҳиди ҳодисаи аҷибе шудам. Духтарак сагашро сарзаниш карда, аз назди саги дигар, ки ба вай соҳибаш аз коғазхалтае чизе медод, кашида тарафи дигар бурду бо овози баланд гуфт:

- Алфонси лаънатӣ!

Ростӣ, гумон кардам, ки номи саг алфонс аст ва бо ханда аз духтарак пурсидам, ки магар сагат алфонс ном дорад? Соҳиби саг бо хандаи ширин гуфт:

- Не, ин як одати бад дорад, бо сагҳои модина танҳо ба хотири хӯрок дӯст мешавад… Ҳарчанд ман ҳеҷ гоҳ гуруснааш намемонам, аз ҳамин хотир.

Ман талхии ишқи алфонсро дар вуҷуди хеш эҳсос карда будаму андешаҳо маро боз ба ҳамон рӯзҳои бароям сахт бурданд. Шояд касоне пайдо шаванд, ки сӯям санги маломат афкананд, вале ҳар чӣ бодо бод, саргузаштамро пешниҳоди хонандагони ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила» мекунам. Бовар дорам, ба нафаре дарси ибрат хоҳад шуд…

Бачагии хушбахтона

Ман дар оилае ба дунё омадаам, ки зиндагии тинҷу осуда ва зебое доштанд. Падару модарам ҳар ду дар риштаи бонкдорӣ фаъолият мекарданду барои ману додарам тамоми шароитро фароҳам оварда буданд. Аз ин рӯ, мо серу пур ва дар сояи меҳрубонии онҳо ба воя расида, бо дониши худ ба донишгоҳ дохил шуда, онро бо сари баланд хатм намуда, ба кор даромадем.

Мо пайрави волидони худ будем…

Духтари қоматбаланди мавзун, боадабу зебо, ки будам, хостгорони зиёде доштам. Даврони донишҷӯиям ҷавонони бисёре аз пуштам кашола шуда мегаштанд, вале ман ба хотири обрӯи падарам ва додарам, ки ҳамагӣ як курс поён аз ман мехонд, ба қавли модарам ҳушамро дар сарам гирифта мегаштам.

Баъди хатми донишгоҳ шаш моҳ кор кардам ва хостгорон дар ин муддат ба қавли маъмул остонаи моро охурча карданд. Ман интихоби домодро ба уҳдаи волидонам монда будаму онҳо хуш карда, хуш карда, оқибат бароям номзади мувофиқ ёфтанд….

Бахтовари ман

Домоди хушкардаи модарам писари як хеши дураш буд, оилаи онҳо низ мисли оилаи мо таъмину серу пур буданд. Бахтовар яккаписари ин оила буд. Волидони мо хостанд, ки мо пеш аз тӯй вохӯрем, то фардо аз онҳо домангир нашавем ва мо вохӯрдем…

Ман бо як дидан ошиқи ин ҷавони болобаланди нозанини бомаърифат шудам, Бахтовар ҳам ба ман нигоҳҳои меҳрбор мекард. Баъди ду се вохӯрӣ тӯйи мо барпо гашт, волидонамон бо сад ҳавас дар беҳтарин тарабхона бо ҳузури ҳунармандону ҳаҷвнигорони машҳур ҷашни арӯсии моро баргузор намуданд.

Дар ҳавлии дуошёнаи барҳавои хусуру хушдоманам зиндагии ману Бахтовар гуворову ширин оғоз шуд. Хусурам ҳамроҳи Бахтовар ширкати тиҷоратие доштанду доим ба кор банд буданд, ман низ кор мекардам. Дар хона хизматгор дошта бошем ҳам, кӯшиш мекардам, корҳои муҳимро аз қабили тамиз кардани либосҳои хусуру хушдоману шавҳар ва пухтани хӯрок худам ба субут расонам.

Хусуру хушдоманам маро чун фарзандашон дӯст медоштанд, Бахтовар бошад, маро эрка мекарду зиндагии ошиқона доштем. Баъди ду моҳи зиндагии якҷояамон зодрӯзамро ҷашн гирифтему Бахтовар бароям мошини гаронарзише тақдим намуд. Ман ҳуҷҷати ронандагӣ доштам, вале мошинро хуб ронда наметавонистам, шавҳарам аз ҳисоби рӯзҳои истироҳатиаш барои ман омӯзгор шуду тамоми нозукиҳои ронандагиро ёдам дод.

Акнун ман бо мошини худам ба кор рафта меомадам, хушдоманам низ бо ифтихор бо мошини ман ба тӯю маъракаҳо мерафтанд.

Умри бесамар

Хусуру хушдоманам ҳамеша таъкид мекарданд, ки ман бояд фарзанди зиёде тавлид кунаму хонаи онҳоро ба «бозор» табдил диҳам. Аммо Бахтовар дар танҳоӣ ба ман мегуфт, ки чор фарзанд бас, ду духтару ду писар… Мо ҳатто барои фарзандони ба дунё наомадаамон номҳои зебо ёфта, монда будем, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл?

Муддати даҳ сол дар ба дари тамоми табибу мулло рафтем, ба Маскаву Ҳиндустону Исроил низ, аммо Худованд сари сахти маро сабз намекард. Як табиби яҳудӣ ба мо гуфт, ки шумо аз ҳам ҷудо шавед ва дар алоҳидагӣ шанси фарзанддор шуданатон зиёдтар аст. Ман гоҳ-гоҳ ғами хешро дар замири қалб зиндонӣ карда, таклифи ҷудошавӣ мекардам, аммо Бахтовар ба ҳеҷ ваҷҳ инро намехост.

Аз Исроил баргаштему як ҳафта пас падару модар ва додарам ба хонаи мо омада, ба нею нестони хусуру хушдоман ва Бахтовар нигоҳ накарда, маро гирифта, хонаамон бурданд.

Падарам бо оби чашм ба қудоҳои қадрдонаш гуфт, ки бигузор Бахтовар зан гираду Шогуна шавҳари дигар кунад, соҳиби фарзанд шаванд… Чӣ рӯзи сиёҳе буд, хушдоманам келинамро набаред, мо аз хонаи бачаҳо кӯдак гирифта, тарбия мекунем гӯён, зор-зор мегирист, ман намедонистам, ки дар заминам ё дар осмон…

Хулоса, оилаи зебои мо вайрон шуд, хусурам бо падарам маслиҳат карда, ду нафар пул партофтанду дар маркази шаҳр бароям хонаи панҷҳуҷрагии зебоеро харидорӣ карда, онро бо ҷиҳози зарурӣ пур карданд. Хушдоманам тамоми либосу ҷавоҳиротамро дар мошине бор карда оварданду мошини Бахтовар туҳфа кардагиро низ ба ман доданд.

Шаш моҳи аввали хонавайрониям ман дар хонаи волидайнам зиндагӣ кардам, зеро дилам аз оламу одам хунук шуда, асабҳоям заиф шуда буданд. Падару модар ва додараму занаш дар хизмати ман буданду диламро мебардоштанд, дар ин шаш моҳ кор намекардам, ариза навишта, аз кор рафта будам. Оҳиста-оҳиста ба худ омадам…

 

Кори наву бори нав

Дар як корхонаи бонуфуз ба ҳайси хазинадор ба кор даромадаму кам-кам ба танҳоӣ хӯ гирифтам. Рӯзи дароз банди кор будам, танҳо шаб ба хонаам рафта, сарамро ба болишти танҳоӣ мегузоштам. Аз зарби хастагӣ на дар ёдам ғам мезаду на ғуса…

Аз рӯйи шунидам, Бахтовар аз нав оиладор шудаасту ҳамсараш ҳомиладор будааст, хурсанд мешудам, ки ақаллан яктои мо хушбахтем. Вақте ки хабари писар таваллуд кардани зани Бахтоварро шунидем, модарам маро насиҳат кард, ки акнун аз пайи зиндагии худат шаву шавҳар кун, то ту ҳам соҳиби фарзанд шавӣ. Ман бепарво даст афшондам, бехабар аз санҷишҳои нави қисмат…

Рӯзе сардорамон як ҷавони қоматбаланди зеборо наздам оварда гуфт: “Мо як хазинаи нав мекушоем, ин ҷавонро ба кор қабул кардем, шумо раҳу равиши корро ба вай нишон диҳед”. Рухшод дар ду рӯз тамоми нозукиҳои касби хазинадориро аз худ кард ва мо ба ҳам унс гирифтем.

Баъди ба кор сар карданаш бошад, мо дӯстони ҷонӣ шудем, ҳамроҳи якдигар ба хӯроки нисфирӯзӣ мерафтему бегоҳиҳо ӯро то назди иҷорахонааш мебурдам. Вақти ба қаҳвахона рафтан ҳам, ман пули хӯроки хӯрдаамонро пардохт мекардам, зеро медонистам, ки Рухшод иҷоранишин асту волидонаш дар деҳа зиндагии миёнаҳолонае доранд.

Оҳиста-оҳиста дӯстии ману Рухшод ба ишқ мубаддал ёфт, ин ҷавонмарди зебо, ки аз ман сенздаҳ сол хурд буд, он қадар пешам аз ишқ гуфт, ки ман ҳам ошиқ шудам. Ман бисёр мехостам, мо як ҷо зиндагӣ кунем, аммо чӣ гуна инро ба волидонам гӯям, намедонистам. Ин мушкилиро низ Рухшод ҳал кард….

 

Шавҳари пинҳонӣ

Рухшод таклиф кард, ки мо пинҳонӣ никоҳ мекунему зиндагӣ кардан мегирем, дар қадат фарзанд, ки шуд, ба волидонамон хабар медиҳем ва мани кӯри ишқ ба ӯ бовар кардам.

Мо як сол пинҳонӣ зиндагӣ кардем, вале дар қадам фарзанд намешуд. Дар ин миён Рухшод тамоман тағйир ёфт, ӯ пештар хонаву дарро тамиз карда, ҳаммому ҳоҷатхонаро мешуст, хӯрок мепухт, акнун болои сари ман «корол» буд.

Пули ёфтаамро аз дастам гирифта, ба волидонаш мефиристод, акнун ӯ мошин меронду маро ҳамроҳаш хоҳад мебурд, нахоҳад бо таксӣ рав, “ман кор дорам” гӯён, қавоқ меандохт. Ман ӯро аз ҷонам зиёдтар дӯст медоштаму монанди як ҷодушуда танҳо ба даҳони ӯ нигоҳ мекардам. Дар ин миён додарам дар як бонки бонуфузи Маскав ҷойи кор ёфту аҳли оила ба он ҷо кӯч бастанд, мехостанд маро ҳам баранд, вале ман нарафтам.

Дар ҳавлиямон як ширкати тиҷоратии туркӣ аз шиносони падарам иҷора менишастанду иҷорапулиро ба ман медоданд. Рухшод ин иҷорапулиро низ соҳиб шуд, ҳар гоҳе меҳрубон мешуд, мефаҳмидам, ки чизе мехоҳад, вале дар оғӯшаш об мешудаму гуфтаашро иҷро мекардам.

Хонасалот

Аз ҳамин сустии ман истифода бурда, Рухшод хонаро ба гарав монда, бо шиносномаи ман сад ҳазор доллар қарз гирифт. Ман ба ӯ сахт боварӣ доштам, аз ин рӯ, парво накардам. Аммо баъди гирифтани қарз шавҳарам ғайб зад, дар ҷойи кор гуфтанд, ки ариза навишта, аз кор рафтааст.

Аз рӯйи ҳуҷҷатҳои ҷойи кор кофта-кофта, қишлоқашонро ёфтаму ба хонаи волидонаш рафтам, як қишлоқи сангистону хонаҳои камбағалонаи бе дару дарвоза.

Падару модари Рухшод гуфтанд, ки панҷ сол боз рангу раҳмони писарашонро надидаанд, чун ба онҳо аз пул фиристодани писарашон сухан кардам, қасам болои қасам мехӯрданд, ки ин тавр нест…

Баъди ҷустуҷӯйҳои зиёд фаҳмидам, ки Рухшод ба пули бонку мошин (онро низ фурӯхтааст) иктифо накарда, тамоми зару зевари маро фурӯхта, бо духтаре ба Русия рафтааст. Дигар ҷойи овоза кардану шарманда кардани худам набуд, баъзе ҷиҳози хона, гӯшвораю гарданбанди дар худам мондаро фурӯхта, кам-кам пули бонкро медодам. Дастгирии хуби хуб иҷорапулии медодаи туркҳо буд, нахӯрдаю напӯшида, дар ду ҷо кор карда, дар панҷ сол пули бонкро кандам.

Аз дасти ин алфонси лаънатӣ ба бемории дил гирифтор шудам, аз дасти дипрессия мӯйҳоям бошидат рехтанд, хароб шудам, вале касе нафаҳмид, ки як алфонс маро ин қадар ғорат кард…

Узри бадтар аз гуноҳ

Дигар аз ишқу аз оиладорӣ тавба кардам, ҳар рухсатии меҳнатиам ба Русия назди волидонам меравам, модарам зуд- зуд ба Тоҷикистон меояд. Ба кори баландтар гузаштам, як рӯз гуфтанд, ки назди дар як бону маро меҷӯяд.

Поён фаромадам, духтараки сиёҳҷурдаи дилкашаке “Салом, апаи Шогуна” гӯён, наздам омад. Ман ба саломаш алейк гирифтам, духтарак нигоҳи саволомези маро дида гуфт:

- Шумо маро намешиносед, апа, ман зани Рухшод. Ман аз Шумо бахшишпурсӣ омадам, ману Рухшод ҳамсабақ будем, ҳамдигарро дӯст медоштем… ӯ шуморо ғорат карду мо ҳар ду ба Русия рафтем, баъди чор соли зиндагиямон ба хотири пулу мол ба кампири русе издивоҷ карда, ману писарчаамро аз хона берун кард. Ман ба Тоҷикистон омадаму азм кардам, ки аввал шуморо ёфта, бахшиш мепурсам…

Азбаски дар бораи ин алфонси ғоратгар чизеро шунидан намехостам, шуморо Худо бахшад гӯён, аз пеши ӯ рафтам.

Мадади Худо

Як тобистон аҳли оилаамон ба Тоҷикистон омаданд, зани додарам ду писар дошту фарзанди сеюмашро интизор буд ва дар ватан писари сеюмашро ба дунё овард. Волидонам маслиҳат карда, писари додарамро ба ман доданд ва ман ӯро фарзандхонд карда гирифтам. Азизҷони ман имсол ба синфи якум рафт, акнун марди асосии ҳаёти ман ӯст.

Чун додарам дар Маскав соҳиби ҳама чиз ҳаст, волидонам ҳавлияшонро ба ман ҳадя карданд. Худам кор мекунам, ҳавлиямон дар иҷора аст, барои зиндагии шоҳона ва дар мактаби хуб хондани писаракам мерасад. Ростӣ, ман кайҳо Рухшодро бахшидам, вале ҳар гоҳ духтараки зардинаро бо сагаш вомехӯрам, ин хотироти машғуш дар андешаҳоям бедор мешавад.

Шогуна,

хонандаи "Оила"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД