Ман дар хонаводае ба дунё омадаам, ки бунёди онро ишқу муҳаббати пок ташкил медиҳад. Падару модарам якдигарро зиёд дӯст медоштанду мо чор духтар зери боли меҳру муҳаббати эшон ба воя мерасидем. Падарам низ моро бисёр дӯст медошту эрка мекард. Ман гумон мекардам, ки хушбахттарин духтарони олам моем, ки рӯйи боли муҳаббати ширини волидони хеш парвоз мекунем, вале…
Ба умеди меросхӯр
Падарам дар ҷавониҳо инженери завод будаасту модарам хонанишин, аммо баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ки он замонҳо ман ба дунё наомада будаам, падарам заводеро харидорӣ намуда, истеҳсолотро ба роҳ мемонаду ба ҳамин восита сарвати зиёде ҷамъ менамояд. Чун ман дар батни модарам пайдо мешавам, падарам писарро интизор будааст, вале модарам духтар ба дунё меорад ва духтурон таваллуд карданро ба вай манъ мекунанд, зеро дар гурдаҳояш нуқс меёбанд.
Модари бечораам ба хотири тавлиди меросхӯр ва хурсанд намудани шавҳараш боз ҳомила мешавад, вале ин дафъа духтараки мурда ба дунё оварда, худаш аз панҷаи марг бо талоши зиёди духтурон раҳоӣ меёбад. Падарам баъди бемор шудани модарам каме дигар шуда, чанд рӯз ба хона намеомад, ояд ҳам, ман монда гӯён зуд ба хонаи хоб медаромад. Ин тағйироти шавҳари меҳрубону падари ғамгусор модарамро ба вартаи ноумедӣ афканду зиёдтар ғӯсса хӯрда, аҳволаш бадтар шудан гирифт. Ман ку хурдтар будам, аммо апаҳои калониям аз падарам бо ашки шашқатор сабаби бемеҳрияшро пурсида, зери борони қаҳру ғазаби ӯ мемонданд. Оҳиста-оҳиста мурғи саодату хушбахтӣ аз хонадони мо пар кашиду ҷойи онро сояи сиёҳи гумону шубҳа ва ғаму ташвиш гирифт…
Хиёнати падар
Баъдтар фаҳмидем, ки падарам зани ҷавоне гирифтааст, ки ҳамсоли апаи калониям аст. Ин гардиши қисмат зиндагии моро куллан дигар кард. Апаҳоям дигар он духтарони сарпасти хонагӣ набуданд ва якбора ду апаи калонам ба коллеҷи тиббӣ дохил шуданд, ману апаи миёнаам дар мактаби миёна мехондем. Падарамро зани дуюмаш тамоман аз худ карда гирифта буду ӯ парвои мо - чор духтарашро надошт, ман хурд бошам ҳам, медидам, ки апаҳоям бо мардони бегона ба хона меоянд. Ин мардон зиндагии моро таъмин мекарданд, модарам хеле ҷавон бошад ҳам, аллакай аз зарбаҳои тақдир ба кампири ҳафтодсола монанд буд. Ду апаам баъди хатми коллеҷи тиббӣ роҳи Маскавро пеш гирифтанд, онҳо дар ғарибиҳо аз рӯйи ихтисосашон кор пайдо карда, барои мо маблағ мефиристоданд. Мо дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надоштем, вале хиёнати падар қалбамонро хуншор карда буд.
Таслими зиндагӣ
Баъзан модарам пеши холаам мегирист, ки духтаронаш ба ҷойи пӯшидани куртаи арӯсӣ дар мулки ғайр мардикоранд. Аммо холаам бо ҷиддият мегуфт:
- Хуб мекунанд, хӯранд гарданд, ту куртаи арӯсӣ пӯшида, як умр хизмати шавҳар карда чӣ шудӣ?! Зан пул дошта бошаду забони дароз, шӯ пайдо мешавад!
Модари бечораам баъди чанд сол ба зиндагӣ таслим шуд, ӯ нисфи пули фиристодаи ду духтарашро ба зиндагӣ сарф мекарду нисфи дигарашро ҷамъ мекард, зеро мехост ақаллан барои як апаам хона харад. Дар ин миён апаи миёнаам низ мактабро хатм намуду назди апаҳоям рафт ва дар Маскав курси маҳс карданро хатм намуда, дар толори варзишие ба ҳайси маҳсгар ба кор даромад.
Дар хона ману модарам монда будем, апаҳоям мехостанд ман дар Тоҷикистон ба ягон донишгоҳ дохил шуда, модари беморамро низ нигоҳубин кунам, ман розӣ шудам. Зеро дилам ба модаракам месӯхт, ӯ аз дасти дарду ғаму беморӣ хеле лоғару эҳсосотӣ шуда буду ҳамеша аз марг сухан мекард. Ман то метавонистам хизматашро мекардам, кору бори ҳавлии калони дуошёнаамон, ки мероси падарамон ба мо чор духтараш буд, пурра ба гарданам бошад ҳам, боз кӯшиш мекардам барои модарам хӯрокҳои лазизи ҳархела пазам. Бо шӯхию зарофатам дилашро мебардоштам…
(Давом дорад)
Бо эҳтиром, Х.
Таснифи Рухсора САИД