arzon replenishment
Аҳдия аз яхмос мурд!
5444


Имрӯз дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе як духтари 22-сола пас аз хӯрдани яхмос ҷон додааст. Дар ин бора Адолат ном сокини маҳаллаи Саховат ба мухбири сомонаи Оила-ТЧ хабар дод.
Тобистони имсол бениҳоят гарм омад. Мардум намедонанд чи гуна худро аз шиддати гармо муҳофизат намоянд. Яке худро ба оғӯши табиат зада, рӯзи дароз дар дарё оббозӣ мекунад, дигарӣ бакал-бакал пиво ва обҳои газноки хунук менӯшад, саввумӣ тасфи дилашро бо яхмос мебарорад. Аҳдияи ноком низ ба хотири камтар эҳсос намудани таъсири гармо яхмоси яхак харида, ҳеҷ ба гӯшаи хаёлаш намеовард, ки ин охирин ширинии хӯрдаи ӯ дар зиндагӣ хоҳад гашт. Пас аз хӯрдани яхмос, ба қавли Адолат, аҳволи Аҳдия якбора бад шуда, ӯро ба беморхона бурдаанд. Табибон барои наҷот додани ҷони ин ҷавондухтари 22-сола талошҳои зиёде карда бошанд ҳам, ягон натиҷа надода, Аҳдия дар бемористон ҷон додааст. Табибон муаян кардаанд, ки духтарак ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Абдуло 2019-07-30, 23:45
Ине Лилехи ва Ине илайхи рочиъун Худованд рамат кунаша вакту соаташ бут шуда будай якчи сабаб меша халос.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Абдуло 2019-07-30, 23:45
Ине Лилехи ва Ине илайхи рочиъун Худованд рамат кунаша вакту соаташ бут шуда будай якчи сабаб меша халос.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД