Ҳомиладорӣ ва тавлиди фарзанд дар ҳаёти ҳар як зан беҳтарин рӯйдод мебошад. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввалини дар қадаш пайдо шудани кӯдак модар ба тифли батнаш меҳру муҳаббати беандоза пайдо карда, сиҳату саломат ба дунё омадани меваи умрашро орзу мекунад, вале...
Муттассифона на ҳамеша ҳомиладорӣ бомуваффақият анҷом меёбад. Баъзан чунин мешавад, ки дар моҳҳои аввали ҳомиладорӣ худ ба худ исқоти ҳамл ба вуҷуд меояд. Аксари занҳое, ки тифли орзуҳояшонро аз даст додаанд, ба ҳолати яъсу навмедӣ гирифтор шуда, пайваста аз худашон мепурсанд: Чаро чунин шуд?!
Ба хотири пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳои ғамангез имрӯз мо дар бораи 7 сабаби бачапартоии зан маълумот медиҳем, то ки занон ба саломатии диққати ҷиддӣ диҳанд ва пеш аз оне, ки тавлиди тифлро ба нақша мегиранд, аввал табобат гирифта, ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан ба ҳомиладорӣ тайёр шаванд.
Чаро ҷанин мемирад?
Аз рӯйи маълумотҳои оморӣ дар 15%-и занони ҳомила дар ҳафтаҳои 4-12-и ҳомиладорӣ исқоти ҳамл ба вуҷуд меояд. Сабабҳои асосии бачапартоии занон инҳоянд:
Мушкилоти генетикӣ
Вайроншавии хромасомаҳо аз 100 дар 73 ҳолатҳо боиси марги ҷанин дар батни модар ва бачапартоии зан мегардад. Факторҳои зерин сабаби пайдоиши ин иллат дар волидони оянда гашта метавонанд: вирусҳо, заҳролудшавӣ аз радиатсия, муҳити бади экологӣ...
Носозгории генетикӣ мушкилоти ҷиддӣ буда, ташхису табобати дақиқро металабад, чунки он натанҳо ба ҷанин, балки ба саломатии худи зан низ таъсири манфӣ расонида метавонад.
Бемориҳои инфексионӣ
Аксаран марги ҷанин дар батни модар ба бемориҳои сироятии ҷинсӣ алоқамандӣ дорад. Хламидаҳо, уреаплазма, микоплазма, гонококкҳо гунаҳкорони асосии бачапартоии зан ба шумор мераванд. Ногуфта намонад, ки вируси герпес ва стрептококкҳо низ метавонанд боиси қатъ гаштани ҳомиладорӣ гарданд.
Гирифтор шудани зани ҳомила ба зӯком, пневмония, пиелонефрит, ангина, касалии сурхакон ва гепатитҳои вирусӣ низ боиси марги ҷанин дар батни модар ва бачапартоӣ гашта метавонад. Аз ҳамин хотир, заноне, ки модар шуданиянд, (махсусан занҳое, ки аллакай ин ҳодисаро аз сар гузаронидаанд) пеш аз оне, ки ҳомиладориро ба нақша мегиранд, бояд аз ташхиси пурраи тиббӣ гузашта, бемориҳои вирусӣ ва сироятии худро табобат намоянд.
Баланданду пастшавии ҳормонҳо
Пасту баландшавии ҳормонҳо дар ҷисми модар аксаран боиси марги ҷанин дар моҳҳои аввали ҳомиладорӣ мегардад. Бояд гуфт, ки аксаран дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ ин ҳодиса рӯй медиҳад. Сабабаш дар бештари ҳолатҳо ҳормони прогестерон аст, ки барои часпидани ҷанин ва инкишофи он масъул мебошад. Дар сурати кам будани ин ҳормон дар ҷисман ба зан онро дар шакли ҳаб-таблекта тавсия менамоянд.
Мушкилоти эндокринӣ ба ҳормонҳои мардона-андрогенҳо низ алоқамандӣ дошта метавонад. Аз меъёр зиёд шудани андрогенҳо боиси вайрон шудани ҷараёни ҳосилшавии ҳормонҳои занонаи прогестерон ва эстроген гашта, дар натиҷа бачапартоӣ ба вуҷуд меояд. Бадии кор дар он аст, ки ин мушкил метавонад боиси бачапартоии такрорӣ шавад, агар зан нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир карда, сари вақт табобат нагирад.
Омили иммунологӣ
Мушкилоти гуногуни иммунологӣ низ метавонанд боиси афтидани тифл гарданд. Яке аз чунин омилҳо мухолифати хуни модар бо хуни тифли дар батнаш буда, яъне резус-конфликт мебошад. Ин ҳодиса бештар дар ҳолатҳое рӯй медиҳад, ки зан хуни резусаш манфӣ дорад, вале кӯдак аз падараш хуни резусаш мусбатро ба мерос мегирад.
Мухолифати хунӣ боиси марги ҷанин дар батни модар ва ё бемор ба дунё омадани тифл гашта метавонад, бинобар ин, ба ин масъала бояд хеле ҷиддӣ муносибат намуд.
Пеш аз мӯҳлат кушода шудани гарданаи бачадон
Бо забони тиббӣ ин мушкилро “Истмико-цервикальная недостаточность” меноманд. Истилоҳи мазкур аслан лотинӣ буда, маънояш он аст, ки бачадон ба бардоштани бори ҳамл тоб наоварда, гарданаи бачадон пеш аз мӯҳлат кушода мешавад ва ин боиси афтидани тифл мегардад. Барои ҳалли ин мушкил табибони занона ба бачадони зани ҳомила ҳалқаи махсус мегузоранд ё сари бачадонашро медӯзанд.
Исқоти ҳамл
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳатто дар сурати зери назари табибони баландихтисос гузаштани амалиёти исқоти ҳамл, зан зарбаи сахти ҷисмонию рӯҳиро аз сар мегузаронад ва аксаран ин амал боиси ба илтиҳоб гирифтор шудани узвҳои ҷинсӣ, вайрон шудани низоми кори ғадудҳои болои гурдаю тухмдонҳо гашта, ҳамаи ин ба бачапартоиҳои такрор ба такрор, депрессия ва ҳатто бенаслӣ бурда мерасонад. Аз ҳамин хотир занон бояд аз тез-тез исқоти ҳамл намудан худдорӣ кунанд.
Лахташавии бади хун
Ин омил метавонад боиси канда шудани ҷараёни шаклгирии ҳамроҳак, ки таъминкунандаи асосии системаи-модар-кӯдак бо хун мебошад, гардад. Дар натиҷа ҷанин дигар ғизо гирифта наметавонад ва ба марг мубтало мегардад.
Хонумҳои азиз! Инак, дар бораи 7 сабаби марги ҷанин дар батни модар ба шумо маълумот додем. Умедворем, ки минбаъд ба масъалаи тавлиди фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода, пеш аз ба нақша гирифтани ҳомиладорӣ аз ташхис мегузаред ва мушкилоти мавҷударо бартараф намуда, ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан ба модар шудан омода гашта, баъдан орзхуи худро амалӣ мегардонед. Ба шумо ва тифлакони ояндаатон тансиҳатию хушбахтӣ хоҳонем!