Наврӯз аз қадимтарин идҳои мардуми ориёитабор буда, халқи тоҷик онро борасму анъанаҳои хосаи худ истиқбол мегиранд. Имрӯз бо ба шумо дар бораи баъзе анъанаҳои наврӯзӣ, ки ҳазорсола боз побарҷо ҳастанд, маълумот медиҳем.
Гулгардонӣ
Анъанаи аз ҳама маъмули наврӯзӣ ин гулгардонӣ мебошад, ки қариб дар тамоми минтақаҳои кишварамон вуҷуд дорад. Бачаҳо гурӯҳ-гурӯҳ ба дашту даман рафта, гулҳои баҳорӣ-асосан гули сияҳгӯш ва гули зардак месинанд ва хона ба хона гашта, сурудхонон ба мардум аз омадани фасли баҳору наврӯз мужда медиҳанд:
Гул овардем ба мехмонй,
Ту кадри гул намедонй?
Агар донй, мусулмонй.
Баҳори нав муборак бод!
Гул овардем аз он поён,
Хаварат мекунем, деҳқон,
Буте ғалла ба гулгардон,
Баҳори нав муборак бод!
Гули зардак сано мега,
Саной кибриё мега,
Ба ҳар паӯлӯ дуо мега,
Баҳори нав муборак бод!
Гули сияҳгӯш ҳафтрангай,
Хӯроки кабки дилтангай.
Ҳамеша бар саруш ҷангай.
Баҳори нав муборак бод!
Соҳибхона гулро зиёрат карда ба дидагонаш мемолад ва ба бачаҳо қанду мавиз медиҳад.
Ҷуфтбаророн
Ҷуфтбаророн анъанаи дигари наврӯзӣ буда, то солҳои 1950-ум дар ноҳияҳои минтақаи Суғд, Хатлон, водии Ҳисор ва баъзе вилоятҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон деҳқонон то фарорасии чашни Наврӯз сарҷамъона оши палав пухта мехӯрданд, баъдан аз китоби муқаддаси Қуръон сураҳо тиловат намуда, ба рӯҳи арвоҳи Бобои Деҳқон фотиҳа мехонданд. Пас аз ин ба сари замин рафта ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир молида, ба сару танашон орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии хосилро ифода мекард, сипас ба кишту кор сар мекарданд. Рӯзи аввал танҳо каме шудгор мекарданду яке аз мӯйсафедони калонсоли деҳа ба тариқи рамзӣ ба замин чанд мушт гандум мепошид. Бо ҳамин ҳама ба хонаҳои худ бармегаштанд ва рӯзи дигар киштукори асосӣ сар мешуд.
Фоли наврӯзӣ
Анъанаи дигарро метавон фоли наврӯзӣ номид. Бо мақсади пешбинӣ кардан, ки имсол чи гуна сол хоҳад шуд, мардум 12 навъи ғалладона-гандум, ҷав, нахуд, боҷило, зағир, наск, мош ва ғайраро дар зарфҳои гуногун дар шароити хона месабзониданд ва фол мегирифтанд, ки кадом навъи ғалладона имсол ҳосили фаровон медиҳад. Дар замони Сосониён 25 рӯз қабл аз ҷашни Наврӯз аз хишт 12 сутун сохта, даруни ин сутунҳоро бо хок пур мекарданд. Ин 12 сутун рамзи 12 моҳи сол ҳисоб мешуд. Дар дохили ин сутунҳо анвои ғалладонаро кошта аз равиши сабзидани онҳо муваффақиятҳои кишоварзии соли ояндаро пешгӯӣ мекарданд.
Хонабаророн
Мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯз курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, манзилашонро тозаву тамиз мекарданд. Гилему пардаҳоро шуста, дару деворҳоро ранг мекарданд, сатил, дег ва дигар зарфҳои сиёҳшударо сафед мекарданд. Ақидае роиҷ буд, ки қувваҳои сиёҳ аз тозагӣ мегурезанд, ба ҳамин хотир мардум манзилашонро тоза мекарданд, то ки ҷину шаётин гурезон шаванд ва фариштаҳоро аз ин тозагӣ хуш омада, мададгорашон гарданд.
Аловпараки наврӯзӣ
Дар водии Ҳисор ва баъзе навоҳии дигар боз як наъанаи дигари наврӯзӣ вуҷуд дошт, ки аловпарак номида мешуд. Рӯзи чоршанбеи охирони моҳи сафар занҳо ҷамъ шуда дар кӯча ё боғ се гулхани начадон калон меафрухтанд ва бо навбат аз болои онҳо ҷаҳида-ҷаҳида мегузаштанд. Баъди аз болои гулхани сеюмпаридан дигар ба пушташон нигоҳ накарда, рост ба хонаи худ мерафтанд ва зарфи кӯҳнаи лабшикаста ё сирпаридаеро ба санге зада мешикастанд. Ҷаҳидан аз болои оташ маънои сӯхтани тамоми беморӣ ва дарду ғамҳои соли кӯҳнаро дошт, шикасти зарф бошад ба хотири шикаст додани қувваҳои сиёҳ буд. Ин маросим дар Истаравшану Хӯҷанд ва Самарқанду Бухоро низ дар давраҳои қадим вуҷуд доштааст, вале солҳои охир кам андар кам мушоҳида мешавад.