Тобистон имсола хеле гарму тафсон ба сарзамини мо омад. Аз хурд то калон дар ин мавсими гарму офтобӣ ба лаби ҷӯю дарёву рӯдҳо рафта, барои аз гармӣ раҳо гаштан, худро ба дарё мезананду ба оббозӣ машғул мешаванд.
Бисёриҳо намефаҳманд, ки оббозӣ ба худ қоидаҳои хоси худро дорад. Барои нафароне, ки аслан ҳунари шиновари надоранд, худро ба оғӯши амвоҷи дарё афкандан хатарнок аст, чунки гирдоби мавҷҳои пурталотум метавонанд инсонро дар як лаҳа ба худ фурӯ бурда, аз ҳаёт маҳрум гардонад.
Мақсад аз ин гуфтаҳо ҳодисаҳои ғамангези ғарқшавии 4 навраси мактабхон аст, ки дирӯз ба дарёи сирдаврё оббозӣ рафта, дигар ба хонаҳои худ барнагаштаанд.
Ба гуфтаи як манбаъ ин Чаҳор хонандаи мактаб зодаи шаҳри Истаравшан буда, баъд аз зуҳр, ҳангоми оббозӣ дар рӯди Сир ғарқ шудаанд.
"Ба ҷойи ҳодиса кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд ба ҳисоби ғаввосон (водалазник) сафарбар шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Бар пояи иттилои КҲФ Суғд, ҳодиса дар соҳили рости Сирдарё дар наздики боғи фарҳанги фароғатии “Наврӯзгоҳ” рух додааст.
Рухдоди ин ҳодисаи мудҳишро дар Идораи маорифи шаҳри Истаравшан низ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуданд.
Бино ба иттилои ин Идора ғарқшудаҳо ҳама хонандаҳои синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 60 и ҷамоати Ниҷонии Истаравшан будаанд.
“Хонандаҳо барои чӣ ба Хуҷанд сафар кардаанд ва чи гуна барои оббозӣ ба Сирдарё рафтаанд, барои мо норӯшан аст”, - гуфт манбаъ аз маорифи Истаравшан.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳои гарме, ки ҳама худро ба соҳили обҳо мезанад, кӯшиш кунанд танҳо дар ҷойҳое оббозӣ ва шиноварӣ намоянд, ки иҷозат дода шудаанд. Ин дар ҳолест, ки аксари ҷавонон дар бораи камбуди обоззиҷойҳо дар руду обанборҳои кишвар таъкид мекунанд. Оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ хатари зиёд дорад.