Sebiston new 2024 october
14-феврал аз нигоҳи ошиқон
11094

 

Ишқ дар дил шӯълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.
Дар ҷавони ишқ буду давлати дунё набуд,
Ин ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

14 -феврал дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун иди ошиқон машҳур аст. Одатан дар ин рӯз дилдодагон ба ҳамдигар туҳфа мебахшанду туҳфа мегиранд.

Ҷавонони тоҷик дар бораи ин ид чӣ медонад ва дар “Рӯзи Валентини муқаддас” ба ҳамдигар чӣ тӯҳфа мекунанд?

Оё ҷавонони имрӯза ба ишқу муҳаббат бовар доранд?

Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мухбири сомонаи Oila.tj Рустам Азимӣ ба кӯчаҳои шаҳри Душанбе баромада бо роҳгузарон ҳамсӯҳбат гашт.

Зайнаб Ҳусейнова:
Эҳтиёт бошед, духтарҳо!

Шунавам, ки касе ошиқ шудааст, ғамгин мешавам, чунки дарди ишқ ва интизорӣ инсонро бе болу пар мегардонад. Дар замонҳои пеш шояд ишқу муҳаббати асил вуҷуд дошта бошад, аммо дар замонаи мо сари ҳар қадам бо номардон рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, бинобар ин, духтарҳо бояд эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар касу нокас бовар накунанд. Ман инро аз таҷрибаи талхи зиндагии худам мегӯям. Замоне ман низ фикр мекардам, ки ишқ инсонро хушбахти олам месозад, аммо муҳаббат ба ҷойи хушбахтӣ ба ман бадбахтӣ овард. Дигар он рӯзҳоро ба ёд овардан немехоҳам, фақат ба ошиқон тавсия медиҳам, ки дар интихоби ёр эҳтиёткор бошанд. Фаромӯш накунед, ки ишқ оташ аст, агар набошад, хона сарду торик хоҳад буд, аммо ноҷо афтад, хонаву хонумон ҳамаро дар якҷоягӣ месӯзад.


Ситораи Кароматулло:
Иди ошиқон ба ман хушбахтӣ овард

Ин рӯз барои ман рӯзи махсус аст, чунки бо ҳамсарам маҳз дар иди “Рӯзи Валентини муқаддас” шинос шуда будам. Шоҳзодаи орзуҳои худро ман дар симои ин ҷавон дарёфта, муҳаббаташро қабул кардам. Пас аз чанде волидонаш ба хонаамон хостгорӣ омаданд ва мо бо тӯю тамошо риштаи тақдирамонро бо ҳамдигар пайваста, ҳамхона гаштем. Шукри худо, имрӯз зиндагии ширину духтарчаи гул барин зебое дорем. Ман бо шавҳари ғамхору меҳрубонам фарх мекунам ва ҳамеша ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорам. Ба ҳама ошиқон аз даргоҳи Худованд бахти сафед металабам.


Муҳаммадбедил:
Дӯстдоштаамро аз фотиҳа гардондам!

Ман ҳангоми дар синфи 11-хонданам ба духтаре ошиқ шуда, мудом номаҳои ошиқона менавиштам, аммо баъд ба хориҷи кишвар рафтаму муносибатамон канда шуд. Дар ин миён ба хонаи онҳо хостгорон омадаанд ва падараш ба нею нестони маҳбубаам нигоҳ накарда, ӯро ба як ҷавони ношинос фотиҳа кардаанд. Вақте фаҳмидам, ки маҳбубаи маро ба каси дигар медиҳанд, дар дилам оташ афтид ва чиптаи ҳавопаймо харида, ба Ватан баргаштам. Рост ба хонаи дӯстдоштаам рафтам ва ошкоро ба падару модараш гуфтам, ки ман духтари онҳоро дӯст медорам, агар фотиҳаро нагардонанд, ӯро дуздида мебарам. Эҳтимол каси дигар мебуд, маро зада-зада пеш мекард, вале хушбахтона волидони дӯстдоштаи ман одамони бофаҳм будаанд. Ба ҳамдигар дил додани моро шунида, онҳо фотиҳаро гардонданд ва хостгории падару модари маро қабул намуданд. Ҳамин тавр мо ба муроду мақсади худ расида, хушбахт шудем. Ба тамоми ошиқон гуфтаниям, ки барои ишқи худ то нафаси охирин мубориза баранд, худо хоҳад, хушбахт мешаванд.


донишҷӯ:
Ошиқ шуда, пушаймон гаштам!

Ман ошиқ шудаам, вале аз он ишқ дар дилам танҳо захми хунине боқӣ мондаасту халос. Дӯстдоштаам ба ман хиёнат карда, домони каси дигарро гирифт. Ҳарчанд бо ин аламаш ба дилам ханҷар зада бошад ҳам, барояш бахт мехоҳам. Мани фиребхӯрда имсол низ “Рӯзи Валентини муқаддас”-ро тани танҳо мегузаронам. Албатта аламовар аст танҳо будан дар чунин рӯзи зебое, ки ҳама дилдодагон даст ба дасти ҳамдигар дода, дар кӯчаву хиёбонҳо сайругашт мекунанд, вале чӣ илоҷ, тақдир ҳамин будааст...


Бону, роҳгузар:
Ишқ бозӣ нест
Инрӯзро дар тамоми дунё рӯзи Валентини муқаддасро ҷашн мегиранд. Мо низ замоне ҷавон будем, ошиқ будем, лекин мисли ҷавонони имрӯза ҷавон ё духтари аз маҳбубамон зеботар ё бойтарро дида, қавлу қасами худро фаромӯш намекардем. Муҳаббат дар замони мо қадру қимаати баланд дошт. Ошиқон ҳаргиз ба ҳамдигар хиёнат намекарданд. Ҳайрони ҷавонони ин замонаам, як дил дорем гуфта сад бор ошиқ мешаванд. Имрӯз бачаҳо сари ҳар қадам духтарҳоро фиреб мекунанд, духтарҳо низ чандон моҳи бе айб нестанд, баъзеашон бачаҳоро мисли дастпӯшак тез-тез иваз мекунанд. Ба инсон, хосса ҷинси мард номардӣ намезебад, бинобар ин, ба тамоми ошиқон маслиҳат медиҳам, ки бо ишқ бозӣ накунанд.



Мадина, модел:

Муин бо як нигоҳ ошиқи шайдоям гашт

Ҳамагӣ як моҳ мешавад, ки ману Муин бо ҳамдигар шиносем, вале аллакай ба ҳамдигар сад дар сар боварӣ дорем ва аҳду паймон бастаем, ки ҳаргиз ҷудо намешавем. Барои ошиқам як тӯҳфаи олиҷаноб тайёр кардам. Диламро дар қуттича ба ӯ ҳадя мекунам. Муин бисёр бачаи ҳасос ва романтик аст. Боварӣ дорам, ки тӯҳфаам ба ӯ писанд меояд. Дар мулоқоти пештараамон Муин гуфт, ки ба ман сюрприз тайёр карда истодааст. Умедворам, ки волидонашро ба хостгорӣ мефиристад, чунки суроғаи хонаамонро пурсон шуда хеле кунҷковӣ кард, ки ба оиладорӣ тайёрам ё не. Баҳор наздик аст. Боварӣ дорам, ки ниҳоли ишқи мо дар ин баҳор гул мекунад.


Ворисҷон, банкир:
Занам бозор тӯҳфахарӣ рафт!
Дигаронро намедонам, вале ман ба ишқу муҳаббат боварии комил дорам. Дар рӯзи ошиқон ба зане, ки маънии зиндагиям гаштааст гулдастаи зебо ва як торти арзишаш 300-сомониро тӯҳфа карданиям, то ки ҳаётамон гулфишону зиндагиамон ҳамеша ширин бошад. Боварӣ дорам, ки ӯ низ тӯҳфаи арзишнокеро барои ман омода намудааст, чунки субҳ ҳангоми маро ба кор гусел намудан “мардакҷон, иҷозат диҳед, як ба бозор рафта биёям” гуфта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД