Formula novemver 2024
10 фоидаи қулфинай
1450


Мавсими қулфинай расидаасту бозорҳои мо аз он сероб. Хурду калон ин буттамеваи лазизро хеле дӯст медоранд. Кадобонуҳо аз қулфинай мураббо мепазанд ва онро дар ҳар гуна шириниҳо истифода мебаранд. Дар бораи фоидаҳои қулфинай сомонаи Marie Claire чунин менависад.

Хотираро беҳтар месозад

Тибқи тадқиқоти охирин, истеъмоли қулфинай раванди пиршавии майнаро суст ва умри функсионалии онро дароз мекунад. Ин имкон медиҳад, ки зеҳн ва хотираи қавӣ барои муддати тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Тадқиқоти дигаре собит намудааст, ки ҳар рӯз қулфинай хӯрдан хотираи заиф шударо аз нав барқарор месозад. Фаромӯш насозед, ки зуд фаромӯш кардани воқеаҳо нишонаи саршавии бемории алсгеймер мебошад.

Биниши чашмро зиёд мекунад

Қулфинай дар баробари қавӣ сохтани хотира барои биноии чашм низ муфид аст. Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки истеъмоли ҳамарӯзаи қулфинай бемориҳои ретиналӣ, катаракта, чашмҳои хушк, нобиноӣ ва дигар мушкилоти узви босираро пешгирӣ мекунад. Қулфинай на танҳо пайдоиши бемориҳои чашмро пешгирӣ мекунад, балки барои табобати прогрессивии бемориҳои мавҷуда низ мусоидат менамояд.

Пиршавиро пешгирӣ менамояд

Антиоксидантҳое, ки дар таркиби қулфинай мавҷуданд, раванди пиршавии бармаҳали организми инсонро пешгирӣ ва касро аз бемориҳои вазнин муҳофизат мекунанд. Олимон мегӯянд, қулфинай миқдори зиёди пайвастагиҳои фенолӣ - биофлавоноидҳои дорои хосиятҳои антиоксидантӣ дорад. Собит шудааст, ки истеъмоли он қобилияти баданро барои муқовимат ба таъсири гуногуни зараровари беруна меафзояд. Гуфта мешавад, ки ранги мева ҳар қадаре, ки сурхтар бошад, аз антиоксидантҳо бойтар аст.

Иммунитетро мустаҳкам мекунад

Кислотаи эллагӣ як танзимгари ҳуҷайра мебошад, ки бештар дар таркиби дар меваҳо, чормағз ва буттамеваҳо мавҷуд аст. Ин модда бо қобилияти боздоштани мутатсияи ҳуҷайраҳои саратон хеле машҳур гаштааст. Қулфинай аз рӯи миқдори кислотаи эллагӣ дар байни маҳсулот ҷои сеюмро ишғол карда, иммунитетро пурқувват месозад. Ин модда ҳамчунин таъсири зидди илтиҳобӣ дорад.

Аз витамини С бой аст

Манбаи асосии витамини С ё кислотаи аскорбин лимон ва афлесун мебошанд, вале қулфинай низ аз ин модда бой аст. Як каф қулфинай нисбат ба афлесун витамини С зиёдтар дорад. Бояд дар назар дошт, ки қулфинайи дар зери нурҳои офтоб парвариш карда мешавад ин хусусиятро дорад, на дар гармхона пухта расида. Қулфинайи дар яхдон ё сардхонабуда ин хусусияташро нигоҳ медорад, аммо мураббо ва консерва аз сабаби ҳарорати баланд витамини худро гум мекунанд.

Саратонро пешгирӣ мекунад

Ҳамасола садҳо тадқиқот барои омӯзиши бемории саратон ва роҳҳои пешгирии он гузаронида мешаванд. Баъзе тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки истеъмоли мунтазами хӯрокҳои муайян метавонад ба коҳиш додани эҳтимолияти рушди саратон мусоидат намоянд. Қулфинай низ ба ин рӯйхат дохил шудааст. Аз сабаби зиёд будани консентратсияи витамини С, кислотаи эллагӣ, антосианин, кемпферол ва дигар моддаҳои муфиди дар таркибаш мавҷуд буда қулфинай метавонад рушди баъзе шаклҳои саратонро пешгирӣ намояд.
Одамро хуш қаду қомат месозад
Аввалан дар қулфинайи ширин калория кам аст. Дар 100 грамм қулфинай танҳо 33 килокалория мавҷуд асту халос. Дуюм, он дорои индекси пасти гликемикӣ аст. Ин маънои онро дорад, ки қулфиай ҷамъшавии равғанҳоро дар бадан пешгирӣ менамояд.
Сеюм, қулфинай дорои моддаҳои парокандакунандаи чарб мебошад. Тибқи баъзе маълумотҳо, самаранокии парҳез дар онҳое, ки ҳамарӯза қулфинай мехӯранд, 24% меафзояд. Антосианин, ки дар таркиби ин буттамева фаровон мебошад, ин корро иҷро мекунад.

Қанди хунро ба эътидол меорад

Қулфинай яке аз меваҳои ширинест, ки беморони диабети қанд дошта метавонанд онро бе хавотирӣ истеъмол намоянд. Бо сабаби таркиби беназири ҳамаҷонибаи он, инчунин сатҳи баланди фитонутриентҳо, қулфинай ба якбора баланд шудани қанди хун мусоидат намекунад, аз ин рӯ, ба одамоне ҳам тавсия дода мешавад, ки хавфи баланди инкишофи диабет доранд.

Барои дил муфид аст

Исбот шудааст, ки қулфинай хатари пайдоиш ва инкишофи бисёр бемориҳои дилу рагҳоро коҳиш медиҳад. Тавре ки дар боло зикр гардид, қулфинай аз витаминҳо ва антиоксидантҳои гуногун бой аст ва он барои ба эътидол овардани фишори хун кӯмак мекунад.

Аллергияро пешгирӣ менамояд

Бо шарофати таркиби беназири биохимиявии худ, қулфинай илтиҳоб ва аксуламалҳои муайяни биохимиявиро, ки бо аллергия алоқаманданд, пахш мекунад, илова бар ин, қулфинай ба занони ҳомила низ тавсия дода мешавад.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД