arzon replenishment
Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Бобоҷон Ҳасанов аз дунё гузашт
23.04.2025
Фирӯза
2204

 

Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Бобоҷон Ҳасанов аз дунё даргузашт. Аз марги ин марди ҳунар пайвандонаш дар Фейсбук хабар додаанд

Бобоҷон Ҳасанов 10-марти соли 1947 дар деҳаи Саризиндони ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, умри бобаракаташро ба рушду нумӯъи санъати тоҷик бахшидааст. Мавсуф овозхон ва ҳунарпешаи маъруф буда, соли 1987 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1987) ва соли 2011 бо унвони олии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон сазовор гашта буд.

Бобоҷон Ҳасанов дастпарвари омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе буда, соли 1972 факултаи санъати Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо хатм намудааст.

Солҳои 1972—2001 актёр, коргардон ва сарояндаи Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб буд, аз соли 2001 дар Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ кор карда, дар беш аз 100 намоишнома аз ҷумла “Ҳуррият», «Робияи Балхӣ», «Табиби зӯракӣ», «Айбномаи хотимавӣ», «Карим-Девона», «Восеъ», «Дар чорсӯ», «Мири Кабир», «Заволи Чамбули Мастон», «Офарин Шерак», «Шамшер ва рангинкамон», «Раиси 13-ум», «Зани оҳанин», «Сафар Амиршоев», «Фишор» нақшҳои ҷаззобу хотирмон офаридааст.

Зиндаёд Бобоҷон Ҳасанов ҳамчун овозхон низ маъруф буд ва «Бишкан», «Бӯса ба дарё задам», «Суруди сулҳ», «Ҳадиси лаб», «Тоҷикистон», «Падар», «Чароғи назар», «Кӣ хоҳад шуд», «Шохи гул», «Ватан» аз зумраи таронаҳои дилошуби ин марди ҳунар мебошанд, ки номашро зинда хоҳанд дошт.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД