Arzon march 2024
Ҳаётамро сўхтӣ, падар! (ҚИСМИ 1)
1796

Солҳо чун турнаҳо аз самои умрам парвоз карда рафта истодаанд, ҷавонӣ ҳам ба зебоиву тароваташ сипарӣ гашта истодааст, вале зиндагӣ бароям ранге надорад…

Шояд хонандаи ин сатрҳо ба сўям санги маломат афканад, ки ман - бонуи тоҷик зиндагии шахсиямро расонаӣ мекунаму шиква дорам. Худам низ шиква карданро дўст намедорам, вале беҳуда нагуфтаанд, ки заҳри одамро одам мегирад. Имрўз қарор додам сарнавишти хешро пешкаши хонандаи закӣ намоям…

Бойдухтар

Ман дар оилаи сарватманд ба дунё омадаам, падарам бисёр инсони наҷибу босаводу хушхулқ аст. Маҳз ҳамин хислатҳояш ўро соҳиби обуруву эътибору давлату сарват гардонидааст. Дар оила мо ду нафарем ману додарам. Падарам дар тарбияи мо тамоми ҳастияшро дод, хононд соҳиби маълумоти олӣ кард. Ҳарчанд талабгоронам зиёд буданд, вале ман як ҷавонеро дўст медоштам, ки аз яке аз деҳотҳои Кўлоб ба пойтахт, барои кор омада буду иҷора менишаст. Аҳмад дар як тарабхона ба ҳайси ронандаву таъминкунандаи маҳсулоти хўрокворӣ кор мекард, мо тасодуфан шинос шудем. Як бегоҳ аз дарс баромада мунтазири нақлиёт будам, ки як ҷавони шилқин сари роҳамро гирифта, гап партофтан гирифт, дид, ки ман аҳмият намедиҳам, дастамро кашид ман ўро ҳақорат додаму лекин тарсидам, одамон бепарво гузашта мерафтанд. Ҳамин вақт, як ҷавони болобаланди зебо наздамон пайдо шуда, ҷавонро аз дасташ гирифта, он тараф бурду баъди чанде ба наздам омада гуфт:

- Кадом тараф меравед?

Чун суроғаро гуфтам, як дам истед гуфта, баъди чанде бо мошин омада, наздам истоду маро ба нишастан таклиф кард. Ростӣ, аз тарси баргашта наомадани ҳамон ҷавони шилқин ба мошинаш нишастам, ва ҳмин тавр мо ба ҳам шинос шудам…

Аввалҳо муносибати мо дўстона буд, танҳо баъди як сол Аҳмад ба ман изҳори ишқ намуду ман қабул кардам.

Анҷоми ишқ

Ман донишгоҳро хатм кардаму дар як бонк ба кор шурўъ кардам, хостгоронам зиёд буданд, аммо падарам, ки бисёртар гапи аммаҳоямро гўш мекард домоди ёфтаи ўро маҳқул донист. Бояд бигўям, ки падарам нисфи дороияшро ба аммаву амакҳоям медод. Аммаи калониям худашро дилсўз нишон додаву писари дугонаашро таърифу тавсиф карда, падарамро розӣ кунонд. Гиряву зориҳои ман ба гўши волидонам намедаромаданд, Аҳмад инро дида худаш ба назди падарам барои гуфтугў омад. Вале падарам маро ба ҷавони ба қавли худаш бегона «ҳайф» накарда, ба домоди ёфтаи хоҳараш дод. Тўйи бошукўҳе барпо карда, бо ҷиҳози зиёде маро ба хонаи бахтам гусел карданд. Дар як хонаи сеҳуҷрагӣ ману шавҳарам, ҳеварам бо оилааш ва боз хусуру хушдоманам зиндагӣ мекардем. Хонаводаи шавҳарам зиндагии камбағалона доштанд, ҷиҳози додаи падарам ба се ҳуҷра расиду хонаву дари онҳо ранги дигар гирифт. Бовар кунед, ин ҳама маро ғамгин намекард, зеро ҳеҷ гоҳ байни дорову нодорҳо фарқ намегузоштам. Ман ба хотири падарам ба ҳама чиз тоқат мекардам, вале шавҳарамро дўст намедоштам…

Зиндагӣ бидуни ишқ

Шавҳарам ҷавони безеб набуд, вале дили яктопарасти ман танҳо Аҳмадро дўст медошт. Ман пеши худ мақсад гузоштам, ки акнун зани шавҳардораму ҳатто ба хотир овардани Аҳмад мумкин нест. Зиндагии бидуни ишқи ман идома меёфт…

Шавҳарам барои ба даст овардани дили ман коре намекард, бар замми ин бекорхуҷаи гузаро буд. Ман кор мекардам, ҳам сару либоси худамро таъмин мекардам, ҳам боз ба дасти хушдоманам ҳар моҳ як миқдор пул медодам. Шавҳарам рўзи дароз дар таги телевизор «деҳ, ки хўрам, зан ки мурам» гуфтагӣ барин менишаст, чизе ёбад мехўрд, наёбад мемурд…

(Давом дорад)

АНЗУРАТ

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД