Sebiston new 2024 october
Тавбаи марди арӯсбоз Қисми 2
1531

                       Тавбаи марди арӯсбоз

Аҳволи Мардон тамоман бад шуд. Маълум буд, ки аз умраш рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Бародаронаш забонхат навишта, ӯро ба хона оварданд. Як ҳафта пас Мардон бо дили пурормон аз олам гузашт, вале аҷоибии кор дар он буд, ки як рӯз пеш аз маргаш гӯё шифо ёфта, ҳолаш якбора хуб шуд. Чашмонаш оҷиз бошанд ҳам, забонаш гӯё шуда монд ва як коса ширро нӯшида, баъд хоҳиш кард, ки ӯро бо занаш танҳо гузоранд. Вақте ки ҳама аз хона баромаданд, Мардон бо садои ҳазин ба сухан даромада, қиссаи чӣ тавр ба ин дарди бедаво гирифтор шуданашро ба ҳамсараш нақл карда гуфт:

-Беҳуда дар урфият “Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ” нагуфта будаанд. Ман ҳам бо ҷӯраҳои бад ҳамнишин гашта, гӯрамро бо дастони худам кандам, занак. Дар Россия тоҷикбачаҳои муҳоҷирро ҷамъ карда, бригада ташкил мекардам. Аксари муҳоҷирон бачаҳои деҳотӣ буданд ва забони русиро хуб намедонистад. Аз фурсати қулай истифода бурда, ман худам бо корфармоҳо маслиҳат мекардам ва “заказ”-ро мегирифтам. Як қисми пулро ба бачаҳо дода, зиёдтарашро худам мегирифтам. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста аз ҳисоби меҳнати дигарон кордам болои равған шуда, бою бадавлат шудан гирифтам. Пул одамро вайрон мекардааст. Пули зиёдро дида, ман ҳам ба қавле маст шудам ва туву фарзандонамро қариб, ки аз ёд баровардам, занак. Қарзи ҷавонмардиамро ман танҳо дар пул фиристодан медидам. Хонаи зебои дуошёна, мошин ва тамоми дороиямон, ки бо пули Россия бунёд шудааст, аз ҳисоби меҳнати бачаҳои меҳнаткаши тоҷик аст, ки мани сарсахт нисфи пули меҳнаташонро ба ҷайби худ мезадам. Вақте ки бою бадавлат шудам, ёру ҷӯраҳои бисёре пайдо кардам ва бо васвасаи онҳо ба дискоклубу тарабхона ва дигар ҷойҳои дилхушӣ мерафтагӣ шудам. Ҳамин тавр занбозию духтарбозиро сар кардам. Пул маро чунон аз кӯчаи одамгарӣ бароварда буд, ки дигар бо як ду маъшуқа қаноат накарда, якбора бо чанд зан муносибатҳои ошиқона барқарор менамудам. Арӯсҳои зиёде доштам ва худро дар байни ҷӯраҳоям “хурӯс” эҳсос мекардам, вале оқибат арӯсбозӣ ба сарам бало овард. Шумораи маъшуқаҳоям хеле зиёд буд ва ман намедонам, ки ин дард аз кадомашон ба ман гузашта бошад. Медонам, ки ҳаргиз маро намебахшӣ занак, вале дар дами маргам аз ту як хоҳиш дорам. Қасоси маро аз пайвандонам нагир. Модарамро нигоҳубину дилбардорӣ кун ва нагузор, ки фарзандонам бепадариашонро ҳис кунанд. Ман ҷазои мардумфиребӣ ва бадгаштиамро гирифтам...

Мардон инро гуфта, чанд маротиба калимаи шаҳодатро ба забон оварду абадан аз олам чашм пӯшид. Фиғони талхи Сокина ва падару модару хоҳару бародарони Мардон ба фалак печида, ҳамсояҳоро аз ба поён расидани умри марзи хабардор кард. Ҳавлии дакаданги Мардон дар як дам ба мотамсоро табдил ёфт. Ҳамин аст фарҷоми талхи зиндагии марди арӯсбоз ва хиёнаткор.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД