Arzon march 2024
Зулфия: Авсунам кӯдакамро кушт
2408

Вақте келин шуда ба хонаи шавҳарам омадам, хушдоманам ба ғайр аз ман боз се келини дигар дошт. Аз рӯзҳои аввал дарк намудам, ки муносибати авсунҳоям бо ҳамдигар хуб нест, чунки онҳо якдигарро ғайбат мекарданд, паст мезаданд.

Авсуни дуюмам аз ҳама шаттоҳтар будааст, вай чунон маккорона дигар келинҳоро дар чашми хушдоман сиёҳ мекард, ки кампир сарҳисоби корашро гум карда, чӣ гуфтану чӣ кор карданашро намедонист. Авсуни лӯлиам ҳамеша аз пашша фил сохта, мо, келинҳоро бо ҳамдигар ҷанг меандозад. Шаттоҳ аст, бо ягон кас соз намегирад. Ҳафтаи гузашта бо хушдоманам ҷанг шуда, қариб табақи ошро ба сари кампир зада буд. Дилам ба хушдоманам сӯхту баъди ситезакунон аз хона баромадани авсунам ба кампир гуфтам, ки минбаъд хушомад назанад, вагарна келинаш болои сараш мебарояд. Авсунам дар пушти дар истода гапи моро гӯш мекардааст, баробари аз дар баромадан аз мӯйи сарам кашида маро тела дод. Мувозинатро гум карда аз зинапоя сарозер афтидам. Ман дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ қарор доштам, хун фаввора зада шрид. Шавҳару хушдоманам маро бо мошини ҳамсоя ба таваллудхона бурданд, амо наҷот додани тифлаки батнам ба табибон муяссар нагашт. Кӯдак дар батнам аллакай бурда буд.

 


 

МАЙСАРА: АЗ ШАВҲАРКОБӢ КАФШҲОЯМ ҒАЛБЕР ГАШТАНД

 


 

 

Шавҳарам дар сари қаҳр ааст. Авсуни шаттоҳам ба ҷойи бахшиш пурсидан маро дашномҳои қабеҳ дда, ҳавлиро ба сараш бардоштааст. Бо шунидани ин хабар дилам чунон аз он беҳаё хунук шуд, ки дигар рӯяшро дидан намехоҳам. Айни замон дар хонаи падару модарам ҳастам. Хушдоману шавҳарамтез-тез ба хабаргириам омада, хоҳиш мекунанд, ки ба хона баргардам, вале то вақте ки он кобраи заҳрдор дар ҳавлии хушдоманам ҳукмфармоӣ мекунад, ман поямро дубора ба остонаи дари онҳо гузоштан намехоҳам. Шавҳарам имконияти хонаи алоҳида харидан надорад. Модарам ҳар рӯз маро насиҳат мекунад, ки аз рӯйи авсунам шуда, зиндагиамро вайрн накунам, ки оқибат пушаймон мешавам. Дар миёни дуроҳаи зиндагӣ зору ҳайрон мондаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Зулфия, н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД