Муҳаммадрасул ҳамагӣ 23-сол дорад, вале аз замоне, ки роҳгардон гашт, ҳамеша худро дар ҷойгаҳи беморӣ медид. Духтурон дар органазми ӯ норасоии калсийро муоина карда, борҳо ҷарроҳӣ намуданд, вале саломатии Муҳаммадрасул барқарор нагашт.
Ӯ зиёд мехоҳад мисли ҳамсолонаш дар ҷое кор кунаду модари муштипарашро аз азоби бехонагиву дарбадарӣ наҷот диҳад, аммо имконият надорад, зеро маюби рӯйи ҷойгаҳ шуда мондааст. Барои табобати ин ҷавон маблағи калон лозим аст, чунки ҷароҳии дигаре ӯро дар пеш аст. Муҳаммадрасул танҳо ба умеди барномаи “Умеди охирин” аст.
Нафароне, ки ба ин оилаи муҳтоҷ дасти хайр дароз кардан мехоҳанд, метавонанд ба рақами телефони 909-94-64-18 занг зананд ва ё ба рақами корти 5058270430016963 (корти мили эсхата) хайрияи худро ирсол намоянд!