Arzon march 2024
Зиндагӣ баъд аз марг (ҚИСМИ 2)
1991

Қушатобут

Ҳамон шаб дар шаҳр селбороне шуд. Садои сахти резиши борон ва шамолу тундар дар дили холаи Сафия ваҳмро бедор карданду то дер хобаш набурд. Ў ба рўйи Азизаи зебояк, ки ба хоби ноз рафта буд, нигариста, дилаш ким-чӣ хел сиёҳӣ мевард. Танҳо қарибии субҳ ғанабаш бурду хоби ҳавлноке дида, аз ҷояш парида хест. Дар хобаш раҳматии шавҳараш ду дарахти зебои боғашонро бурида, бо худ бурд. Дили зан хусусан ба гелоси пургул сӯхту бо шавҳараш хархаша кард, вале бедор шуд…

Холаи Сафия ба рўи ҳавлӣ баромад, субҳ дамида буду борон аз боридану бод аз ғурридан монда буд. Аввалин коре, ки кард, ба боғ рафт, чун дид, ки аз гулҳои шукуфони гелос асаре намондааст, худро тасалло дод, ки хобаш ба ҳамин баромад. Сипас, ба офтобаки дурахшон нигариста, ба ошхона даромад ва дар лаълие каме мошу биринҷ гирифта, ба назди селаи гунҷишкакони зери айвонаш партофт…

Чун рўзи якшанбе буд, хост ба хоби келину писараш халал нарасонида, худаш субҳона тайёр намояд, вале Азизаи меҳнатӣ “салом” гўён, аз ташноб баромаду аз пайи тайёр намудани наҳорӣ гашт.

Он нисфирўзӣ Сафдару Азиза Шамсияро ҳамроҳ гирифта, ба хабаргирии волидони келин рафтанд. Холаи Сафия, ки сараш аз бехобӣ гаранг буд, хост каме ғанаб кунад, вале келину писараш осемасар ба хона баргаштанд. Ин ҳолати фарзандон холаи Сафияро нороҳат сохт ва аз онҳо сабаб пурсид. Сафдар бо ранги канда ва забони гирифта гуфт, ки апаву язнааш ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шудаанду онҳоро ба беморхонаи пойтахт меоранд.

- Ман хоби онҳоро дидам, апаю язнаат ба кумаки табибон ниёз надоранд,- гуфт беҳолона холаи Сафия ва беҳуш шуд.

Он шаб ҷисми хуншори ду навҷавони аз зиндагӣ чизе надидаро ба хонаи холаи Сафия оварданд, аз нолаҳои модари зор дару девор мегиристанд, кўчаю маҳалла ва шаҳр мотам дошт. Вақте қушатобути ду дилдодаи номуродро ба ҳаво бардоштанд, мардум ғиреве бардоштанд. Ягона шахсе, ки ҳайрон-ҳайрон ба ин манзараи ғамангез нигоҳ мекарду чизеро намефаҳмид, Шамсия буд. Ў бехабар аз қисмати талхи худ гоҳ бибияшро зорӣ мекард, ки нагиряду гоҳи дигар янгаашро…

Азизи хонадон

Вақт ҳама дардҳоро даво мебахшад, ҳарчанд доғи он ашхосе, ки моро тарк гуфтаанд, ҳеҷ гоҳ аз дили мо зудуда намегардад, вале ба қавли Бедили бузург «Шод бояд зистан, ношод бояд зистан». Қомати холаи Сафия низ аз марги духтари соҳибҷамолу роздонаш шикаста бошад ҳам, ба хотири Шамсия зӯр зада, аз ҷой хест. Сафдару Азиза Шамсияро ба духтархондӣ пазируфтанду мисли гавҳараки чашмашон нигоҳубин мекарданд. Аммо ятимаки берўзӣ то дер аз бибияш мепурсид:

- Бибӣ, кай омаданамонро даҳ рўз мешавад, ки дадаам омада, маро барад?

Вале оҳиста-оҳиста ба тақдир тан доду тағояшро дада ва янгаашро оча мегуфтагӣ шуд…

Пас аз марги ҷигарсўзи волидони Шамсия дар оилаи Сафдар чор писар ба дунё омада бошад ҳам, Шамсия барои волидон мақоми дигар дошт. Холаи Сафия то дами вопасин писару келинашро дуои нек мекард, ки ятимаки духтарашро зери қанот гирифтанд. Шамсия низ як духтари донову зебо ба камол мерасид. Ӯ медонист, ки волидонаш барои ў тағою янгаанд, вале онҳоро падару модар ном мебурд. Духтар шонздаҳ сол дошт, ки бибии ғамгусораш дунёро падруд гуфт, вале баъди марги бибияш волидонаш барояш меҳрубонтар гаштанд.

Шамсия тамоми ҳунари кадбонугиро аз янгааш омўхта, дастёри беминнати волидон ва меҳрубони додаракони азизаш буд, дониши хуб дошту бо забонҳои русию англисӣ бисёр олӣ ҳарф мезад. Ҳамин дониши баланд ва интизоми намунавияш буд, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, бо дониши худ донишҷўи яке аз донишгоҳҳои тиббии Маскав гашт. Ягона орзуи Шамсияи нозанин табиби хуб шудану ба халқу ватан содиқона хизмат кардан буд. Духтарак ҳамеша худро дар либоси сафеди табибон дида, дилаш аз орзуҳо лабрез мегашт.

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД