Arzon march 2024
Зери пои навраси 14-сола китоби муқаддасро гузошта куштанд
6352

 

Ҷавони 14-сола китоби муқаддас дар даст, қасам ёд мекард, ки ба ин амали мудҳиш даст надорад.

Аммо судяхо ба шиддат аз ҷой бархестанд ва ҳукм бароварданд: Ба воситаи курсии барқӣ ба марг маҳкум карда шавад!

Ӯ дар куштори Бетии 11-сола ва Марями 7-сола айбдор шуда буд.

Ин ҳодиса дар Штати Каролинаи Ҷанубии ШМА рӯй дода буд. Ин штат ба ду қисм ҷудо мешуд: Дар як қисмати он сафедпӯстон ва дар қисмати дигари он сиёпӯстон зиндагӣ мекарданд. Бетти ва Марями кӯчак дар дашт гулчинӣ мекарданд ва бехабар монданд, ки ба қисмате гузаштанд, ки дар он сиёҳпӯстон зиндагӣ мекарданд.

Ҷасадҳои ин духтараконро дар канали обгузари назди хонаи истиқоматии ҷавони маҳкумшуда, ки бо падару модараш зиндагӣ мекард, пайдо намуданд.

Пас аз дастгир кардани ҷавон ба падару модараш таҳдид карданд, ки ба ӯ ҳатто дар зиндон ва дар толорҳои судӣ   хӯрокаю пӯшока наоранд. Ин ҷавони бегуноҳ Ҷорҷ ном дошт ва 81 рӯзро дар зиндон гузаронид. Зиндон 80 км дуртар аз деҳае буд, ки волидонаш зиндагӣ мекарданд. Баъди гузашти як муддат падару модари ҷавонро аз шаҳр бадарға карданд. Ҳамаи шаҳодатҳои ӯро муфаттишон бе адвокат ва падару модараш гӯш карданд.

Мурофиаи судии Ҷорҷ ду соат давом кард.Ҳамаи судяҳо сафедпӯст буданд ва бидуни он ки гуноҳи Ҷорҷи сиёҳпӯстро бо далелҳо собит созанд, ин навраси 14-соларо ба марги даҳшатангез маҳкум намуданд. Субҳи рӯзи 16-уми июни соли 1944 дар маҳбаси Колумбия, Ҷорҷ Стинниро дар курсии барқдор бастанд. Азбаски Ҷорҷ хурдакак буд ва қадаш кӯтоҳ , зери пояш китоби муқаддаси Библияро гузошта, баъдан ӯро қатл расониданд.


Ман пеш аз гурехтан хатча навишта будам, ки ба назди дӯстдоштаам меравам, маро дигар ҷустуҷӯ накунанд. Падарам ҳамон мактуби сархӯрро ёфта, аз дарду алам ба сактаи дил гирифтор шудааст.

 


Ниҳоят пас аз 70-сол бегуноҳии Ҷорҷро адвокати оилаашон исбот кард. Ӯ гуфт хиште, ки бо он духтаракон Бетти ва Марямро зада кушта буданд, зиёда аз 19 килограм вазн дошт.Ҷорҷ наметавонист бо он хишти вазнин духтараконро бикушад.

Кӯдак бегуноҳ буд. Ӯро танҳо бо сабаби сиёҳпӯст буданаш маҳкум карда ба қатл расониданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД