Arzon accountant
Зеботарин фурудгоҳи ҷаҳон
22.05.2024
Оила.ТҶ
546

«Чанги» зеботарин фурудгоҳ дар ҷаҳон мебошад. Он дар Сингапур ҷойгир буда, барои сохтмонаш ҳудуди 2 миллиард доллар сарф шудааст.

Масоҳати он 1300 гектарро дар бар мегирад. Бино аз 10 ошёна иборат буда, 5 ошёнаи он дар зери замин ҷойгир аст.

Дар дохили яке аз терминалҳо метавон ба ҷангали тропикӣ бо баландтарин шаршараи сунъӣ рӯ ба рӯ шуд. Шаршараро айвонҳо бо пайроҳаҳо иҳота мекунанд, ки дар онҳо 200 намуди рустанӣ шинонда шудааст. Байни терминалҳо дар баландии ошёнаи сеюм қатораи баландсуръат ҳаракат мекунад.

Дар дохили фурудгоҳ, ҳатто боғҳое, чун гули ханҷарӣ, сеҳрангез ва боғи офтобпараст мавҷуданд, ки диққати бинандагонро ба худ мекашанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД