formula
Зеботарин актёри турк зан гирифт
3355

   Даричаи ошноӣ

Ному насаб: Толгахан Сайишман.
Санаи таваллуд: 17 декабри 1981.
Макони таваллуд: Истамбул, Туркия.
Мучал: Ҷавзо.
Қад: 187.
Касб: Ҳунарпеша, модел, барандаи телевизион.
Вазъи оилавӣ: Оиладор.

Бачаи  меҳнатӣ

Толгахон Сайишман–ҳунарпеша ва фотомодели турк пас аз ғолиб омаданаш дар озмуни “Мистер Туркия” дар сар то сари кишвараш шинохта шуд, вале шуҳрати ҷаҳониро ин ҷавони зебою ҳунарманд бо шарофати сериалҳои “Между небом и землёй” ва “Пара тюлпанов” ба даст овардааст. Толгахон дар Туркия дар оилаи муҳоҷирон ба дунё омадааст. Падараш аслан аз Гретсия буда, модараш турк мебошад.  Толгахон аз кӯдакӣ бисёр бачаи масъулиятшинос ва меҳнаткаш буд. Ҳанӯз аз синни 10- солагӣ ӯ роҳи пулкоркуниро ёфта, ҳаргиз барои хароҷотҳои мактабиаш аз падару модараш маблағ талаб намекард. Волидонаш ӯро ба ягон кор маҷбур намекарданд, вале ин бачаи баномус бо хоҳиши худаш оинаи тирезаҳоро дар кошонаи ҳусн шуста, аз ин ҳисоб, ҳар рӯз кам-кам маблағ ба даст меовард. Бо ин ҳам қонеъ нагашта, баъдтар дар лаҳзаҳои бекорӣ дар бозор об мефурӯхтагӣ шуд. Ҳаққу ҳамсояҳо гумон доштанд, ки ин бача умрашро бо чунин корҳои сиёҳ мегузаронад, аммо…

                    
Иқтисодчӣ дар озмуни зебоӣ ғолиб омаду…

Пас аз хатми мактаби миёна вай ба донишгоҳи Догуши Истамбул дохил шуда, дар факултаи тиҷоратӣ таҳсил менамояд. Ин  ҷавони фаъол танҳо бо сабақомӯзӣ дар донишгоҳ қаноат карда наметавонист. Худованд ба ин ҷавони зирак қаду қомати дилкаш ва чашмони ҷаззоб ҳадя намуда буд ва намояндагони олами мӯд ин ҷавони қавипайкари зеборо ба зудӣ таги чашм карда, ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Сайишман бо яке аз агентиҳои машҳури моделии Туркия шартнома баст ва дар синни 19-солагиаш дар яке аз озмунҳои муд соҳиби ҷоизаи махсуси “Модел будушего” гашт.  Соле пас ӯ дубора дар ҳамин озмун ширкат варзида, мақоми аввалро ба даст овард ва “Мистер Туркия” эълон карда шуд.

     Бон жур Париж!

Толгахон Сайишманро ҳамчун зеботарин ҷавонмарди турк ба пойтахти муд-шаҳри ошиқон Париж даъват карданд. Вай аввалин модели мард буд, ки Туркияро дар саҳнаи муди ҷаҳонӣ муаррифӣ менамуд. Толгахон дар озмуни зебоӣ ғолиб омада, на танҳо дар Туркия, балки дар ҷаҳон машҳур гашта, дари бахту саодат ва комёбиҳои бузург ба рӯяш кушода шуд…

     Роҳ ба олами синамо

Пас аз ғолибият дар озмуни зебоӣ дар шаҳри Париж харидорони ин ҷавонмарди машҳур зиёд шуданд. Коргардонҳои зираки турк пай бурданд, ки чашмони барроқ ва пайкари базеби ин ҷавони қадбаланду уқобчашм дили миллионҳо мухлисони киноро обу адо хоҳад кард, агар ин чеҳраи базебу шинохта дар экран ҳамчун ошиқ пайдо шавад. Онҳо хуб медонистанд, ки аз пушти ин ҷавони қоматбаланду зебо пули калон кор карда метавонанд, аз ҳамин хотир, модели машҳурро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Толгахон бо ҷону дил ин пешниҳодро пазируфт, зеро ҳанӯз аз овони мактабхонӣ орзуи актёр шуданро дар ниҳонхонаи дилаш мепарварид.

Филми аввалини Толгахон Сайишман «Пленники сердца» ном дошт. Таҷрибаи актёрӣ надошта бошад ҳам, вай нақшашро басо самимӣ ва таъсирбахш бозӣ карда, ба дили тамошобинон роҳ ёфт. Ҳамин боис гашт, ки коргардонҳо дилгарм шуда, ӯро ба филмҳои нав ба нави худ даъват намоянд. Ҳамин тариқ бе маълумоти актёрӣ дар як муддати кӯтоҳ ин ҷавони зотан ҳунарманд дар чанд филм, аз ҷумла «Прощай, Румелия», «Начинающие ведьмы» ва «Форма для мачо» нақш бозида, ба қатори ҳунармандони шинохтаи турк дохил шуд. Дар филми мазҳакавӣ-романтикии «Гол моей жизни» Толгахон ҳамроҳи яке аз зеботарин ва машҳуртарин бонувони синамои турк Фахрия Эвҷен нақш бозид. Филми мазкур на танҳо дар Туркия, балки дар Германия ва Голландия низ ба маърази тамошо гузошта шуд ва ин ду ҳунарманди ҷавон берун аз марзи ватанашон низ шинохта шуданд, вале…

  Парвози мурғи шуҳрат

Шуҳрати ҳақиқиро Толгахон ҳамчун актёр пас аз силсилафилмҳои «Между небом и землей» ва «Пора тюлпанов» ба даст овард. Туфайли ин ду филм дӯстдорони сериалҳои туркӣ ин ҷавони зеборо дар сар то сари ҷаҳон мешинохтагӣ шуданд. Қимати эҷодии ҳунарпеша баъди ин ду филми серхаридор хеле баланд рафта, коргардонҳои машҳур тайёр буданд, ки ба пеши пойи Толгахон зар резанд, то барои дар филмҳояшон нақш бозидан розигӣ диҳад. Аз ҳамон вақт инҷониб Толгахон дар филмҳо танҳо нақшҳои асосиро бозӣ мекунад. Акнун ин ҳунарпешаи муваффақ бо ҳар коргардон ҳамкорӣ намекунад ва аз байни садҳо сенарияе, ки ҳамарӯза ба ӯ пешниҳод менамоянд, танҳо ҳамонҳоеро мепазирад, ки мавзӯи он ба дили худаш наздик бошад. “Византийские игры», «Старая любовь», «Мазлум Кузей», «Изгнание», «Никогда не откажусь», «Черная жемчужина» ва филми таърихии «Тигр» беҳтарин шоҳкориҳои ин ҳунарманди ҷавон дар синамои турк ба ҳисоб мераванд.

   Шоҳзодаи ҳарами ишқ

Ҳаёти шахсии ин ҷавонмарди зебо, ки бо чашмони мафтункунандааш хонумони зиёдеро волаю шайдо гардонидааст, пур аз шару шӯр аст. Гирди номи Толгахон тез-тез овозаю ҳангома ва қиссаҳои зиёди ошиқона пайдо мешаванд, ки аксарияташон ҳақиқат доранд. Толга бо бисёре аз ҳамкоронаш ишқу ошиқӣ дошт, бархе аз ин муносибатҳо дарозмуддат буданд, иддаи дигар чандон умри тӯлонӣ надоштанд.  Ҳангоми банаворгирии филми  «Пора тюлпанов» Толгахан ба ҳамбозиаш Серена Сарикай, ки дар баробари яке аз ҳунарпешаҳои шинохтаи турк будан, ҳамчунин зебосанам ва дорандаи тоҷи заррини “Мис-Турсия ” мебошад, ошиқ шуд, вале оташи ин муҳаббат ба зудӣ  хомӯш гашт. Вақте наворбардории филми «Между небом и землей» сар шуд, дили дайдуи Толгахон асири доми зулфони хушбӯйи Селен Сойдер гашта, ба Серена хиёнат намуд. Селен  духтари ниҳоят зебо буда, ҳанӯз соли 2007 «Мисс Туркия» эълон шуда буд. Муносибатҳои ошиқонаи онҳо тӯлонӣ буданд, вале ин париваш ҳам натавонист шоҳзодаи бевафои синаморо то охири умр дар каманди ишқи хеш нигаҳ дорад. Ҷавони булҳавас бо зебосанами ношиносе ишқварзӣ карда, ба даст афтид. Селен хиёнати Толгахонро бахшида натавониста, аз баҳри ишқи ин ҷавони зебою машҳури духтарбоз гузашт. Барқасди Селен Толгахон соли 2015 бо ҳунарпешаи ҷавон Амина Гулшан, ки дар филми «Никогда не откажусь» ҳамроҳаш нақш бозида буд, муносибатҳои ошиқона оғоз намуд, вале ин афсона дер давом накард.

“Рӯзи ошиқон” ба Толгахон бахт овард

Билохира, дили дайдуи ин ҷавони машҳури булҳавас ба доми ишқи Алмеда Абази, ҳунарпеша нозанини турк, ки як решааш албанӣ буда, солҳои 2007-2008 ду бор пай дар пайи ғолиб озмуни “Мис-Туркия” гашта буд, гирифтор шуд. (Алмеда дар силсилафилми таърихии «Великолепный век» нақши Нозанин-хотун, канизаки дӯстдоштаи султон Сулаймони I  ва модари духтараш Розияро бозидааст. Дар охир вай аз ҷониби Нурбону ба қатл расонида мешавад) Рози ошиқии ин ҷуфт аввали соли 2016 кушода шуда, тӯйи арӯсиву домодии ин ду ситораи синамои турк як сол пас дар “Рӯзи ошиқон”-14-уми феврали соли 2017 дар Лос-Вегас барпо гашт. Маросими ақди никоҳи Толгахон ва Алмеда дар боми меҳмонхонаи зебои Беверли-Хиллз бо иштироки дӯстони наздикашон, ки ҳама шахсиятҳои шинохта буданд, бисёр ҷолиб, зебо ва афсонавӣ гузашт. Куртаи арӯсии Алмедаи хушбахт мисли барф сафед ва бо ҷавоҳироти қиматбаҳо ороиш дода шуда буд. Аксҳои худро навхонадорон дар саҳифаи инстаграмашон гузоштанд, то ки ҳаводорони ҳунарашон дар сар то сари ҷаҳон ба шодии онҳо шарик шаванд…

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД