Аз ту як соат ҷудоӣ, хуш намеояд маро,
Бо дигар кас ошноӣ, хуш намеояд маро.
Таронаи мазкур солҳои 2000-ум ба рӯихати таронаҳои беҳтарин ворид гардида, хурду калон онро зам-зама мекарданд. Муаллифи ин хит бонуи хушовоз Зебо Нурова мебошад, ки бо сурудҳои дигараш аз қабили “Азизи дил”, “Интизорам, биё”, “Шабнами тар” дар дилу дидаи мардум ҷои худро ёфтааст.
Зебо Нурова аз зумраи ҳунармандонест, ки бо сабку услуби хеш мавқеи худро миёни ҳаводорони ҳунар устувор намудааст. Ин бонуи ҳунар баъди чандин солҳои дур будан аз саҳнаи тоҷик меҳмони барномаи “Аз ёдҳо”-и телевизиони Душанбе шуд. Фишурдаи суҳбати мазкурро аз рӯзгор ва фаъолияти эҷодии бонуи хушсадо пешкаши хонандагон мегардонем.
-Солҳое, ки шумо дар ансамбли “Дарё” фаъолият мекардед, ҳар як сароянда орзу мекард, аъзои ин ансамбл бошад. Шумо чӣ гуна ба он шомил шудед?
-Он солҳо дар ансамбл кор кардан, мояи ифтихор буд, ҳамчунин барои ман ҳам. Вақте ба Донишкадаи санъат ҳуҷҷат супоридам, бисёр устодон маро дастгирӣ карданд, аз ҷумла, Саидқул Билол.
Дар имтиҳони қабул гуфтанд, ки бояд аз ин довталаб имтиҳон гирифта нашавад, танҳо як бор сурудашро гӯш кунед. Вақте суруд хондам, ҳайати ҳакамон гуфтанд, ки то охир сурудатро бихон. Ба ҳаяҷон омада, фикр кардам, ки шояд ба ягон хатогӣ роҳ дода бошам. Хушбахтона, чунин набудааст ва маро бо як суруд ба донишкада қабул карданд.
-Гуфтед, ки маро устод Саидқул Билол дастгирӣ карданд. Оё қаблан сурудхонии шуморо шунида буданд?
-Бале, вақте дар мактаб таҳсил мекардам, он замон байни мактабҳо озмуни “Бӯстон” баргузор мешуд. Ҳангоми дар озмун суруд хонданам, устод аз байни духтарон маро интихоб карда гуфтанд, ки “ҳатман дар донишкада таҳсил кун ва ба ансамбл биё, ба кор қабул мекунем!”
-Чанд сол дар ансамбл фаъолият кардед?
-Даҳ сол дар ансамбл кор кардам. Он солҳо шодравон Қурбоналӣ Абдуллоев дар ансамбл буданд, он кас ба ман зиёд кумак мекарданд. Навозандаҳо низ саҳми худро дар сабти сурудҳоям гузоштаанд.
-Сурудҳое, ки тақрибан 20 сол пеш шумо сароидаед, аз ҷониби сарояндаҳои шинохта бозхонӣ карда шудаанд. Оё шумо сурудҳои бозхонишударо гӯш мекунед?
-Бале, гӯш мекунам. Вақте суруд маҳбуби дили мардум ва сароянда мешавад, зуд ба дилҳо менишинад ва ҳар як сароянда кӯшиш мекунад, мисли сарояндаи мақбул сарояд.
-Ҳар як сароянда ба ҳунарманде тақлид мекунад ва баъдан сабки худро пайдо мекунад. Ин ҳолат дар шумо чӣ гуна рух дод?
-Ман бо сабку услуби худ, бо мактаби худ ба ҷодаи санъату овозхонӣ ворид шудам ва мавҷи овозам худододист.
-То ҷое огоҳӣ дорем, 13 сол дар рӯйи саҳна набудед, чӣ иттифоқ афтод, ки якбора аз саҳна дур шудед?
-Аз ҷодаи ҳунар дур, аммо ба дилҳо наздик будам. Бисёриҳо савол медоданд, ки чаро шумо тарки саҳна кардед. Ба ҳамаи саволҳо ҷавоб дода наметавонистам. Муддате хомӯш будам, аммо сабабашро намедонам.
-Давоми 13 сол намегуфтанд, ки ақаллан сурудҳои наватонро пешниҳод кунед?
-Мегуфтанд, бисёр буд, чунин дархостҳо. Акнун баъди хомӯшӣ баргаштам ва сурудҳои наву тозаро пешниҳоди ҳаводорони санъатам гардонида истодаам.
-Аз миёни сурудҳоятон ба назари худатон кадомаш машҳур аст?
-“Аз ту як соат ҷудоӣ, хуш намеояд маро” ва “Гулрези баҳор аст”.
-Таърихи суруди “Ҷудоӣ” чӣ гуна аст?
-Ин сурудро бори аввал Маҳмадсаиди Ҳисорӣ сароидаанд. Маро ба як маърака, ки дар шаҳри Ҳисор гузашт, даъват карданд. Вақте сурудро бо дутор зам-зама карданд, ҳамон лаҳза онро такрор кардам. Баъдан Маҳмадсаид аз ман пурсид, ки ин суруд ба шумо писанд омад, бале гуфтам ва онро ба ман туҳфа кард.
Сурудро бо каме тағйирот ба оҳанг даровардам. Баъд аз чанд муддат дубора дар як маърака бо ҳамин ҳунарманд вохӯрдем, он кас ба сурудам баҳои баланд дода, гуфтанд, ки ҳатто аз ман ҳам хубтар сароидед.
-Аз миёни сарояндаҳои даврони хеш эҷодиёти киҳоро бештар гӯш мекардед?
-Ман аз хурдӣ сурудҳои шодравон Нигина Раупова ва Муқаддас Набиеваро дӯст медоштам. Ҳар вақте тариқи оинаи нилгун ин чеҳраҳои нотакрорро медидам, орзу мекардам, ки онҳоро аз наздик бубинам ва мисли онҳо сароянда шавам.
Модарам мехостанд, ки ман касби он касро гирам, аммо падарам мегуфт, ки духтарам бояд сароянда шавад. Худам бошам, орзу мекардам, ки хилъати сафед ба бар намуда, духтур шавам. Аз он ки падарам ҳамчун муаллими мусиқӣ дар мактаб фаъолият мекард, барои иштирок дар “Бӯстон» маро ҳам омода намуданд. Падарам ҳамеша мегуфт, ки ман дар хона падарат ҳастам, дар инҷо бошад, муаллимат!
Хулоса, дар озмун суруд хондам ва роҳи ман ба санъат кушода шуд.
-Мухлисони Зебо Нурова аз ӯ чиро интизор шаванд?
-Баъд аз 13 сол бо 14 суруди нав, моҳи оянда, яъне моҳи август консерт дорам, ҳамаи мухлисонамро даъват мекунам.
Омодасоз Маҳина Давлатова