Анӯшервон дар дил орзуҳои зиёд мепарварад. Мехоҳад табобат шаваду модари муштипару ғамғорашро ёвару мададгор гардад. Ӯ боварӣ дорад, ки сиҳат мешаваду сангинии рӯзгорро ба ӯҳда мегирад.
Ҳамчунин мехоҳад мисли ҳамсолонаш кор карда, мӯҳтоҷи дигарон набошад, аммо тақдир дар воқеъ Анӯшервонро аз хурдсолӣ пойбанди ранҷ, ғаму андӯҳ гардонда аз дастону пойҳои равон маҳрум гардонидаст. Анӯшервон афсӯс аз он мехӯрад, ки боре мили дигар кӯдакон ба мактаб нарафтаасту ҳамроҳи дӯстонаш футболу волейболбозӣ накардааст, танҳо дар телевизион ин гуна бозиҳоро тамошо кардаасту халос.
Холаи Заррина Анӯшервонро то ҳанӯз мисли кӯдаки дар гаҳворабуда нигоҳубин мекунад, мехӯронад, сарӯ рӯяшро мешӯяд, мехобонад. Ин модари ранҷкашида бо ҷисми оҷизонаи худнигоҳ накарда, писари 23-солаи худро бо як азоб аз замин бардошта ба берун мебарораду, дар ҳавои тоза ӯро бо аробачаи шикаставу вайронааш ба сайри гашт мебарорад.
Ин модари дар баҳри ғаму андӯҳ ғарқшуда ҳеҷ гоҳ аз фарзандаш даст намекашад. Вақте шавҳараш аз дунё гузашт, холаи Заррина аз баҳри дубора шавҳар кардан гузашту тамоми ҳастияшро ба писари ягонааш, Анӯшервони маъюб бахшид.
Заррина 22 сол боз дар ба дар, овора ва саргардон аст. Касе кӯмаку дастгирӣ намекунад, бо сад азоб як луқма нони ночиз меёбаду бо писараш нимта карда мехӯрад. Ягона орзӯяш соҳиби хонаи шахсӣ шудан асту, писари маъбашро бе миннати дигарон зери қаноти худ гирад.
Умедворем, ки нисбати тақдири холаи Заррина ва писари маъюбаш бетарафӣ зоҳир накарда, дасти хайру сахоро сӯяшон дароз менамоеду орзуи Анӯшервони як умр дар гирдоби ҳавасҳо ғӯтида амалӣ мегардад!
Нафароне, ки мехоҳанд ба ин модари танҳо ва ҷавони маъюб кӯмаки худро расонанд, метавонанд ба рақамҳои модари Анӯшервон Заррин Қурбонова: (+992)93-900-00-98 занг зананд. Инчунин, метавонед ба корти Заррина Қурбонова пул гузаронанд: 6374600000007608158 (Бонки Эсхата) Корт ба раками мобилии 988-066-988 (Зарина Қурбонова) пайваст шудааст