Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон чанд вақт боз хуб набошад, каме танҳо монда, дар бораи эҳсосоти худ андеша кунед. Барои оиладорҳо рӯзи орому гуворо дар муҳити хона фаро мерасад. Бо ҳамсаратон ба корҳои муштарак машғул шавед, ин муносибататонро мустаҳкам мекунад. Дар кор эҳтиёткор бошед, эҳтимоли муносибати дағалонаи одамони ношинос вуҷуд дорад. Имрӯз натиҷаҳои хубу нокомиҳои худро ҷамъбаст карда, барои беҳтар кардани корҳои молиявӣ хулосаҳои зарурӣ бароред.
Савр (21 апрел-21 май)
Ба зудӣ эҳтимол аст пешниҳоди издивоҷ бигиред, аммо ҳанӯз маълум нест, ки барои қабули он омода ҳастед ё не. Дар хона шуморо муҳити ором, боварӣ ва хушҳолӣ интизор аст, бинобар ин беҳтараш имрӯз аз сафар худдорӣ кунед. Қувваи нав пайдо карда, ҳатто барои мушкили ба назар ҳалнашаванда роҳи ҳалли мувофиқ меёбед. Масъалаҳои рушди касбӣ дар ҷойи аввал қарор мегиранд. Агар саломатӣ заиф бошад, худро аз корҳои вазнин эҳтиёт кунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Муносибататон бо шахси дӯстдошта метавонад ояндаи хуб дошта бошад. Барои идомаи он қарорҳои муҳим гирифтан лозим меояд. Кӯшиш кунед бештар суҳбат кунед ва эҳсосоти худро ошкоро баён намоед. Имрӯз корҳои оилавӣ вақти зиёдро мегиранд, вале ба онҳо диққат додан зарур аст, то миёни аҳли хона нофаҳмӣ ба вуҷуд наояд. Барои бастани шартномаҳо ва ҳамкориҳои корӣ рӯзи чандон мувофиқ нест. Аз харидҳои гарон худдорӣ карда, нисбат ба фарзандон меҳрубонтар бошед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар ба мақсади дилхоҳ расида натавонед, тарзи муносибатро бо одамон дигар кунед. Имрӯз эҳтимоли омадани дӯстон ё хешовандон зиёд аст, бинобар ин барои қабули меҳмонон омода бошед. Шиносоӣ бо шахси бонуфуз метавонад ба пешрафти касбиатон мусоидат кунад, гарчанде эҳтимоли пайдо шудани ҳасад аз ҷониби дигарон низ ҳаст. Корҳои таъҷилӣ, хариди калон ва масъалаҳои молиявиро ба рӯзи дигар гузоред.
Асад (23 июл-23 август)
Эҳтимол ҳис кунед, ки зиндагии шахсиатон якранг шудааст ва ба тағйирот ниёз доред. Дар ин ҳолат аз нишон додани эҳсосот ва амалӣ кардани хоҳишҳои худ натарсед. Шомро ба корҳои хона ва суҳбат бо шахси бароятон азиз бахшед. Мушкилоти мавҷударо якҷоя муҳокима карда, барои истироҳати оянда нақша тартиб диҳед. Имрӯз мехоҳед қобилиятҳои ғайриодии худро нишон диҳед, аммо аз ҳад нагузаронед. Пули зиёдатиро барои хурсандӣ ва тӯҳфаҳо ба наздикон сарф кардан муносибатҳоро беҳтар мекунад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар муносибат бо шахси дӯстдошта эҳсосот ва суханони худро назорат кунед, эҳтимоли муноқишаи ҷиддӣ зиёд аст. Имрӯз беҳтараш ба корҳои хона ва вазифаҳои корӣ машғул шуда, истироҳатро ба рӯзи дигар гузоред. Нимаи аввали рӯз бо ҳамкорон ё роҳбарият баҳс ба миён омада метавонад, вале шумо имкони исботи ҳақ будани худро доред. Аз ҷиҳати молиявӣ мушкили ҷиддӣ пеш намеояд. Барои беҳтар кардани ҳолати ҷисмонӣ ба варзиш, сайругашт ва хоби кофӣ диққат диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Бо шахси дӯстдошта баҳс ё ҷанҷол накунед, зеро баъдтар аз рафтори худ пушаймон мешавед. Рӯзи ором аст ва барои ҳал кардани корҳои рӯзгор мувофиқ мебошад. Аз наздикон метавонед кумаку дастгирӣ бигиред. Шароити мусоид барои пешрафти корӣ фароҳам меояд, аммо барои расидан ба мақсад кӯшиши зиёд лозим аст. Харидани техникаи маишӣ ва либоси навро беҳтараш ба таъхир гузоред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар сари вақт роҳи оштӣ карданро наёбед, муносибат бо шахси дӯстдошта метавонад бадтар шавад ва ҳатто ба ҷудоӣ расонад. Бо ҳамсояҳо низ эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ кӯшиш кунед вазъро тезутунд накунед. Дар кор ҳар қадар бештар кӯшиш кунед, ҳамон қадар имкони гирифтани вазифаи баландтар зиёд мешавад, аммо саломатии худро фаромӯш накунед. Имкониятҳои молиявӣ шояд ба хоҳишҳоятон мувофиқат накунанд. Аз фикрҳои манфӣ ва тарсу изтироби зиёд худро дур нигоҳ доред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Эҳтимол муддате аз шахси дӯстдоштаатон дур бошед, вале муҳаббати ҳақиқӣ ба масофа вобаста нест. Имрӯз диққати худро ба корҳои хона ва вазифаҳои рӯзмарра равона кунед ва то қадри имкон онҳоро анҷом диҳед. Дар корҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ муваффақ шуданатон мумкин аст. Корҳои нав зиёд мешаванд ва аз ӯҳдаи онҳо маҳз шумо баромада метавонед. Чусту чолокӣ ва ташаббускории шумо аз ҷониби роҳбарият ё ҳамкорон қадр хоҳад шуд. Хариди калон ва муомилаҳои гаронро ба рӯзи дигар гузоред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона суханҳои зиёд не, балки амалҳои мушаххас муҳиманд. Агар барои иҷрои ваъдаҳо омода набошед, онҳоро надиҳед. Бо дӯстони дерина вохӯред ё меҳмононро ба хона қабул кунед, зеро ин ба муҳити хона таъсири хуб мерасонад. Дар кор вазъият мусоид хоҳад буд, вале ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед. Агар қарз ё дигар уҳдадориҳои молиявӣ дошта бошед, аввал онҳоро пардохт кунед ва маблағи зиёдатиро беҳуда сарф накунед. Саломатӣ хуб хоҳад буд.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз дар муносибатҳои шахсӣ бисёр чиз равшан мешавад ва шумо метавонед ба эҳсосоти воқеии ҳамсаратон ё шахси дӯстдоштаатон сарфаҳм равед. Ба ҳиссиёти худ бовар кунед. Аз шахси дӯстдошта талаботи аз ҳад зиёд накунед, ин метавонад муносибатро душвор созад. Барои кор рӯзи хуб аст, метавонед корҳои дермондаро ба анҷом расонед. Барои татбиқи нақшаҳои ҷиддӣ ва харидҳои калон низ шароит мусоид аст. Аммо аз кори зиёд ва камхобӣ худро эҳтиёт кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Агар танҳо бошед, ҳангоми интихоби шахси нав барои муносибат эҳтиёткор бошед. Хостгорон зиёд шуда метавонанд, аммо пайдо кардани шахси воқеан содиқ осон нест. Имрӯз ҳолати рӯҳии ҳамсаратон метавонад ба муносибат таъсир расонад ва ӯ нисбат ба шумо эродҳои зиёд гирад. Ором бошед, эҳтимол баъдтар аз рафтораш пушаймон шуда, узр мепурсад. Дар корҳои дигар шумо метавонед мушкилотро зуд дарк карда, роҳи ҳалли онҳоро пайдо кунед. Кӯшиш кунед фикрҳои мусбат намуда, ба эҳсосоти манфӣ дода нашавед.